ВидеоМуҳоҷирон

ИХРОҶИ БОЗ 30 МУҲОҶИР, АЗ ҶУМЛА 16 ТОҶИК, АЗ ВИЛОЯТИ КАЛУГА

Раёсати приставҳои додгоҳии вилояти Калугаи Русия рӯзи 20 майи соли 2024 хабар дод, ки аз ин вилоят боз 30 муҳоҷирро ихроҷ кардаанд. 16 нафари онҳо аз Тоҷикистон, 10 нафараш аз Ӯзбекистон, 2 нафар аз Қирғизистон ва 2 нафари дигар аз кишвари африқоии Нигерия будаанд.

Гуфта мешавад,  танҳо дар нимаи аввали моҳи май ба дасти приставҳои Калуга 30 қарори додгоҳ дар бораи аз ин вилоят ва аз Русия берун кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ  расид.

“Ин афрод дар ҳудуди шаҳрҳои Калуга ва Обнинск, ҳамчунин дар ноҳияҳои Боровский, Жуковский, Мединский ва Жиздринский ғайриқонунӣ кору зиндагӣ доштанд. Онҳоро то замони  таҳияи санадҳои ихроҷашон дар боздоштгоҳи махсус нигоҳ дошта буданд. Баъди таҳияи ҳамаи санадҳои лоим приставҳо ин 30 муҳоҷири ғайриқонуниро то хатти марз дар фурудгоҳҳои шаҳри Маскав, пойтахти Русия бурда, расонданд. Аз онҷо онҳо ба Ватани худашон парвоз карданд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи раёсати приставҳои вилояти Калуга.

Ҳамаи 30 муҳоҷири ихроҷшуда то 5 соли оянда аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум гардидаанд.

Дар Русия губернаторҳоро президент таъйин мекунад. Мутаассифона, солҳои охир президенти Русия Владимир Путин дар чандин вилоят, аз ҷумла дар Калуга, Тула ва Калининград, ва ҳамин тавр, дар мансабҳои баланди ҳукуматӣ, аз ҷумла дар роҳбарии Кумитаи тафтишоти Русия шахсони мавқеашон ошкоро зидди муҳоҷиронро губернатор ё вазир ваё раҳбари идора таъйин кардааст.

Соли 2020 Путин Владислав Шапшаро, ки бо мавқеъ ва сиёсати ошкоро зидди муҳоҷиронаш ном баровардааст, волии Калуга таъйин кард. Дар давраи раҳбарии Шапша Калуга қариб ҳар ҳафта бо хабарҳои марбут ба мавҷҳои навбанави таъқибу ихроҷи муҳоҷирон дар сархатти хабарҳо қарор мегирад. Инак чанд сол боз дар вилояти Калуга муҳоҷиронро ҳатто барои қонуншиканиҳои хурду реза дастгир ва ихроҷ мекунанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, додгоҳҳои Русия маъмулан муҳоҷирон “говсуд” карда, парвандаҳои онҳоро рӯякӣ ва бидуни баргузории ягон навъ муҳокимаи додгоҳӣ баррасӣ мекунанд ва як додрас метавонад дар байни ҳамагӣ чанд дақиқа ҳукми ихроҷи даҳҳо муҳоҷирро имзо кунад. Дар ин вақте, ки тақдири онҳо ҳал мешавад, худи муҳоҷирон маҷбуранд дар роҳрави додгоҳ ба тақдир сар супурда, мунтазир бишинанд, чунки онҳоро ба ҳузури додрасе, ки сарнавишташонро ҳал мекунад, ҳатто роҳ намедиҳанд.

Солҳои пеш ихроҷи муҳоҷирон ҳатто барои қонуншиканиҳои хурду резае, чун вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ё насупурдани пули барқу телефон хеле зиёд шуда, шумори танҳо шаҳрвандони тоҷике, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шуда буданд, аз 300 ҳазор нафар гузашта буд. Солҳои охир ин тамоюл рӯ ба коҳиш овард, вале боз ҳам ҳар сол даҳҳо ҳазор муҳоҷирро аз Русия берун мекунанд.

Барои кишварҳое, чун Тоҷикистон, ки манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳояшон пули аз Русия фиристодаи азизони муҳоҷири онҳост, аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудани ҳар муҳоҷир ба маънои аз як манбаи асосии даромадаш маҳрум шудани дастикам як хонавода аст.

Ҳар сол аз Русия ба Тоҷикистон ва асосан бо шарофати муҳоҷирон чанд миллиард доллар пул мефиристанд.

Дар умум фишорҳо ба муҳоҷирон – рейду боздоштҳо ва ҳолатҳои ихроҷи онҳо аз Русия дар пайи ҳамлаи хунини рӯзи 22 марти соли 2024 дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав, ки дастикам 145 кушта ба ҷо гузошт, боло рафтааст. Масъулияти он ҳамларо гуруҳи террористии ДОИШ ба дӯш гирифт. Аксари дастгиршудагон бо гумони даст доштан дар ин ҳамла зодагони Тоҷикистонанд. Ҳамаи 4 муттаҳами асосӣ, ки мақомоти Русия онҳоро омилони ҳамлаи хунини рӯзи 22 март мешуморанд, низ аз Тоҷикистонанд.

Дар пайи ҳамлаи хунини рӯзи 22 марти соли 2024, дар байни ҳамагӣ 4 рӯз танҳо аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия 466 муҳоҷирро ихроҷ карданд. Ҳамин тавр, дар як ҳафтаи аввали баъди ҳамлаи “Крокус” 184 муҳоҷирро аз вилояти Свердловск ва беш аз 400 муҳоҷирро аз Маскав ихроҷ карданд. Аз дигар минтақаҳои Русия низ дар ин авохир дар бораи ихроҷи садҳо муҳоҷир ба даст мерасанд. Ба болои ин, ҳоло тафтиши муҳоҷирони тоҷик дар марзҳо ва фурудгоҳҳои Русия ъхеле сахт шуда, онҳоеро, ки машкук менамоянд, рост аз фурудгоҳ ва марз ақиб мегардонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button