Минтақа ва ҷаҳонТаърих

ТО ИМРӮЗ ҚАРИБ 20 ПРЕЗИДЕНТУ САРВАЗИР ВА ЯК ДАБИРИ КУЛЛИ СОЗМОНИ МИЛАЛ ҚУРБОНИ САДАМАҲОИ ҲАВОӢ ШУДААНД

Раисиҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ ҳамроҳи вазири хориҷа ва дигар ҳамроҳонаш рӯзи 19 майи соли 2024 бар асари суқути чархбол дар як минтақаи кӯҳистонӣ дар шимоли Эрон дар наздикии марз бо Озарбойҷон ба ҳалокат расиданд. Раисӣ танҳо раҳбари кишвар нест, ки қурбони садамаҳои ҳавоӣ шуд. ББС дар як мурури таърихӣ исми қариб 20 президенту сарвазир ва як дабир кулли Созмони Милалро, ки  аз соли 1940 ба ин тараф бар асари суқути чархболу ҳавопаймоҳо ҷони худро аз даст доданд, баршумурдааст:

 7 сентябри соли 1940 президенти Парагвай Хосе Феликс Эстигаррибия ҳамроҳи ҳамсараш ва халабон бар асари суқути бюиплани сохти Фаронса ҷон доданд.

4 июли соли 1943 сарвазири ҳукумати таъбидии Полша (Лаҳистон) Владислав Сикорский дар натиҷаи баъди ҳамагӣ чанд лаҳзаи шурӯи парвозаш суқут кардани ҳавопаймои ҷангии Амрико дар наздикии Гибралтар ба ҳалокат расид. Иллати дақиқи садама маълум нест, вале гумонҳое вуҷуд дошт, ки ин кори дасти Иттиҳоди Шӯравист.

17 марти соли 1957 президенти Филиппин Рамон дел Ферро Магсайсай ба иллати суқути ҳавопаймои ҳарбии боркаши амрикоии тамғаи С-47 ҷон дод. Дар он ҳавопаймо 24 нафар савор буданд ва танҳо як журналисти рӯзномаи маҳаллӣ зинда монд. Иллати садама, зоҳиран, нуқси фаннӣ буд.

29 марти соли 1959 сарвазири ҷумҳурии он вақт мухтори Африқои Марказӣ Бартелеми Боганда дар арафаи интихоботи маҳаллӣ дар натиҷаи суқути ҳавопаймои фаронсавии Nord Noratlas ҳалок шуд. Натиҷаҳои тафтишот нашр нашуд, вале расонаҳо хабар дода буданд, ки дар маҳалли суқути ҳавопаймо нишонаҳои маводи таркандаро пайдо кардаанд.

18 сентябри соли 1961 дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Даг Ҳаммаршёлд дар роҳ ба сӯи мулоқот бо шӯришгарони кишвари африқоии Конгро бар асари суқути ҳавопаймояш ҳалок шуд. Ӯро баъди маргаш бо ҷоизаи сулҳи Нобел сарфароз гардониданд. Сабаби садама хатои халабон гуфта мешуд, вале соли 2021 нашрияи британиявии Guardian дар бораи аз сӯи як ҳавопаймои дигар зада шудани ҳавопаймои дабири кулли Созмони Милал гузориш дод.

13 апрели соли 1966 президенти Ироқ Абдулсалом Ориф ба иллати суқути ҳавопаймо дар шимоли он кишвар ҷони худро аз даст дод. Ба ҷои ӯ бародараш Абдулраҳмон Ориф президент шуд.

27 апрели соли 1969 Рене Баррентос, президенти Боливиия, ки бо шӯришгарон, аз ҷумла бо қумандони машҳури асри гузашта аз Куба Че Гевара мубориза мебурд, ҳангоми сафараш ба минтақаҳои кишвар дар натиҷаи суқути ҳавопаймо ҷон бохт. Гуфта мешуд, ки ҳавопаймо ба симҳои телефону телеграф бархӯрда, сипас ба маҷрои хушкидаи дарё афтодааст.

18 январи соли 1977 сарвазири Югославия Ҷамол Биедич дар пайи дар наздикии Сараево ба кӯҳ бархӯрдани ҳавопаймояш ба ҳалокат расид. Тибқи фарзияи расмӣ, сабаби садама хатои халабон шудааст, вале бархе сербҳоро ҳам айбдор мекарданд, чунки Биедич хостори истиқлоли Босния  аз ҳайъати Югославия буд.

4 декабри соли 1980 ҳавопаймои сарвазири Португалия Франсишку Са Карнейру дар роҳи парвоз ба як гирдиҳамоии пешазинтихоботӣ дар Лиссабон ба як бино бархӯрд. Сабаби садама нуқсони техникӣ ва хунукназарии кормандони фаннӣ гуфта шуд. Бар асоси як фарзияи ғайрирасмӣ, суқути ҳавопайморо бо мақсади куштани вазири мудофиаи Аделину Амару да Кошта ташкил карда буданд, чунки Кошта мехост фурӯши ғайриқонунии силоҳро ба Эрон қатъ кунад,

24 майи соли 1981 ҳавопаймои президенти Эквадор Хайме Ролдос Агилера дар наздикии марзи Перу ба кӯҳ бархӯрд. Сабаби садама хатои халабон гуфта мешуд, вале бисёре аз сокинони Эквадор мақомоти ҷосусии Амрикоро гумонбар медонистанд.

2 августи соли 1981, ҳамагӣ се моҳ баъди ҳалокати раҳбари Эквадор, диктатори Панама Омар Торрихос низ дар садамаи ҳамсон кушта шуд. Ҳавопаймои ӯ пеш аз фуруд омадан ба кӯҳ бархӯрд ва 7 нафар кушта шуданд. Сабаби садама хатои халабон гуфта мешуд, вале фарзияи даст доштани мақомоти ҷосусии Амрико низ зиёд садо медод.

19 октябри соли 1986 президенти Мозамбик Самора Машел дар шимолу шарқи Ҷумҳурии Африқои ҷанууӣӣ дар роҳи бозгашт аз сафари Замбия бар асари суқути ҳавопаймояш ба ҳалокат расид. Аз 44 нафаре, ки дар ҳавопаймо буданд, 10 нафар, аз ҷумла бортмеханик Владимир Новосёлов зинда монданд. Сабаби садама хатои халабон гуфта шуд, вале дар Мозамбик фарзияи даст доштани мақомоти вижаи Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ низ доман зада мешуд.

1 июни соли 1987 сарвазири Лубнон Карам Рашид дар натиҷаи таркидани бомба дар чархболи Aérospatiale Puma дар роҳи бозгашт аз Троблус ба Бейрут ҷон бохт. Мусофирони дигари он чархбол танҳо ҷароҳат бардоштанд.

17 августи соли 1988 президенти Покистон Муҳаммад Зиёулҳақ дар роҳи парвоз ба Исломобод дар натиҷаи суқути ҳавопаймо ҳалок шуд. Ҳавопаймои ӯ баъди ба парвоз хестанаш бо суръати хеле баланд ба замин бархӯрд. Дар мавриди сабаби садама фарзияҳое, ба мисли таркиши бомба дар дохили ҳавопаймо ва гази заҳролуд беҳуш кардани халабонҳо садо медод.

6 апрели соли 1994 якбора ду президент дар як садамаи ҳавопаймо ҷон бохтанд. Ҳавопаймои президентҳои Руанда ва Бурунди Жювенал Хабяримана ва Сиприен Нтарямира аз замин бо мушак зада шуд ва ҳамаи 12 нафари дохили он кушта шуданд. Марги ду президент боиси қатлли омми қабилаи тутси дар Руанда шуд, чунки дар ҳамла ба ҳавопаймо онҳоро гунаҳкор карданд. Таҳқиқоти расмии Созмони Милал баъдан ба хулосае омад, ки садама тасодуфӣ буд. Вале баъдан таҳқиқоти Фаронса хулоса дод, ки ба ҳавопаймо нирӯҳои Ҷабҳаи ватандӯстии Руанда ҳамла кардаанд. Ин ҷабҳа ҳам ҳарду қабилаи тутсиҳо ва хутиҳоро дар бар мегирифт.

26 феврали соли 2004 ҳавопаймои президенти Македония Борис Трайковский дар наздикии шаҳри Мостари Босния суқут кард. Ӯ барои иштирок дар як анҷуман сафар дошт. Ҳамаи 9 нафаре, ки дар ҳавопаймо буданд, ҳалок шуданд. Сабаби садама иштибоҳи халабонҳо гуфта мешавад.

10 апрели соли 2010 президенти Полша Лех Качинский ҳамроҳи як ҳайъати бузурги мақомоти расмӣ дар роҳ ба шаҳри Смоленски Русия бар асари суқути ҳавопаймо ба ҳалокат расид. Ин ҳайъат бояд дар маросим 70-солагии қатли омми аскарони артиши Полша дар Катин иштирок мекард. Ҳамаи 88 мусофир ва 8 узви экипаж ҳалок шуданд. Сабаби садама иштибоҳи халабон, ҳавои номусоид ва иштибоҳи нодуруст аз тарафи диспетчерҳои Русия гуфта мешавад. Дар Полша гумонҳое дар бораи даст доштани Русия дар ин ҳодиса низ то ҳол садо медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button