Нуқтаи назарЧеҳраҳо

РАҶАБИ МИРЗО: МАРО ФУРӮХТАН МУМКИН АСТ, АММО ХАРИДАН ИМКОН НАДОРАД!

Раҷаб Мирзо: “Журналистикаро шикастанд, вале аз ин ҳама зарар мебинанд”

Ҳалво.Тҷ

Раҷаб Мирзо, журналисти шинохтаи тоҷик рӯзи 10 августи соли 2023 ба синни 50 расид. Ӯ мутаваллиди 10-уми августи соли 1973 ва фориғуттаҳсили факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Мавсуф ва ҳамовардонаш худро “насли беустод” ва “гулҳои худрӯ” меноманд ва журналистикаи замони истиқлоли Тоҷикистон ба номи онҳо пайванд мехӯрад.

Раҷаб Мирзо муассиси ҳафтаномаи “Рӯзи нав” аст ва солҳо сардабирии нашрияву рӯзномаҳои гуногунро ба дӯш доштааст. Миёни ҷомеа чун журналисти ҳақиқатҷӯ ва ошкорбаён шинохта шудааст ва назару афкорашро ҳамвора менависаду баён медорад.

Муаллифи Halva.tj ба муносибати 50-солагии таваллудаш мусоҳибаи ихтисосӣ ороста, дар хусуси як соли талх сипаришудаи журналистика пурсон шуд. Дар аввал дар мавриди ҳиссу ҳоли Раҷаб Мирзо дар ним асри гузашта ва бардоштҳо аз фаъолияти анҷомдодааш пурсид.

АЗ НЕКУ БАДИ УМР ФИКР МЕКУНАМ

– 50-солагиро хеле аз одамон нимаи умр медонанд. Албатта, ғайр аз Худо, касе намедонад аввалу миёнаву охири умраш куҷост. Барои ҳамин ҳар одами бофаросат ҳамеша дар бораи умри рафта ва неку бадаш фикр мекунад.

Бо вуҷуди ин 50-солагиро ҳамин гуна пазируфтаем, ки бештар вақти фикр кардан аст. Ман ҳамеша мегуфтам, ки зиндагии ман аз ду қисмат иборат аст: то “Рӯзи нав” (чанд рӯз пеш 20-солагии тавлидашро танҳо ман хотиррасон шудам) ва баъди “Рӯзи нав”. Ин ҳақиқат аст, ки ин нашрияи пурхонандаи солҳои 2003-2004 на танҳо ман, балки тақрибан ҳама кормандони онро ба ҷомеа муаррифӣ кард. Танҳо Хуршед Атовулло буд, ки ҷомеа аз ӯ шинохти нисбатан бештар дошт.

Аммо Хуршед Атовулло ҳамеша маро “таъна” мекард, ки озодиамонро “Рӯзи нав” маҳдуд кард. Зеро ин нашрияро, ки ба ифтихори 30-солагии зодрӯзамон ташкил кардем, шӯру шарри ин давраро аз мо гирифт. Масъулиятамонро афзуд. Ин 20 сол воқеан ҳам, хоса барои ман осон паси сар нашуд. Ҳарчанд акнун як одами шинохташуда ба ҳисоб мерафтам.

Ба синни 50-солагӣ бошад, ман ҳамеша нигоҳи мазҳабӣ доштам. Мегуфтам, ки агар ба ин син бирасам, ба зиёрати хонаи Худо меравам. Шукри Худо дар баробари хеле аз орзуҳои дигарам, ба ин ҳам расидам.

– Як соли сипаришуда ба фикри Шумо чӣ гуна гузашт?

– Дар зиндагии хусусиам сафари Ҳаҷ дигаргунии комил ворид кард. Аммо дар ҷодаи касбӣ, мутаассифона, мушкилоти ҷиддитар пеш омаданд. Шабу рӯзе, ки омодагӣ ба Ҳаҷ доштам, қазияи Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ пеш омад. Ҳарчанд барои худ қарор қабул карда будам, ки то як муддат ҳатто дар Фейсбук фаъол нахоҳам буд, наметавонистам дар айни ин моҷаро бетараф бошам. Зеро ин ду нафар бароям на танҳо як ҳамкасб, бештар аз он, мисли додар ҳастанд.

МАРҲИЛАҲОИ САХТ, САХТАР ВА САХТТАРИНИ ЖУРНАЛИСТИКА

– Ба фикри Шумо, қазияҳои боздошт ва ҳукмҳои сангини рӯзноманигорон чӣ паём дошт?

– Журналистикаи тоҷик се марҳалаи бархӯрдро дар замони истиқлол гувоҳ шудааст:

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ журналистонро мекуштанд – аз рӯйи ҳисобҳо 72 ҳамкасби моро қатл кардаанд.

Дар марҳалаи дигар – латукӯби журналистонро гувоҳ шудем, ки аз ҷумла инҷониб дар ним соли 2004 ду бор суиқасд шудам. Дар солҳои баъдӣ чанд ҳодисаи пурсарусадои дигар ҳам доштем, ки то ҳол ҷинояткорон пайдо нашудаанд.

Марҳалаи сеюм солҳои 2010 то 2013 буд, ки мурофиаҳои додгоҳӣ ва даъвоҳои чандмилёнӣ зидди журналистон пеш омаданд, аммо, шукри Худо, он давра касе паси панҷара нарафт.

Ва инак дар як соли ахир ҳодисаҳои боздошту дар паси дарҳои пӯшида гузаронидани мурофиаҳои додгоҳӣ ва ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кардани журналистон пеш омад.

Ҳар марҳалаи номгирифта ба худ паёмҳои ба худ хос дошт. Аммо паёми муҳим ҳамин аст, ки марҳала ба марҳала журналистикаи заифи мо заифтар шуд.

– Аммо суоле пайдо мешавад, ки чунин журналистика ба кӣ даркор аст?

– Акнун ҳамкасбони мо ва шояд дар марказҳои қабули қарори ҳукумат ҳам, фурсати зиёдро дунболи посух ёфтан ба ин савол сарф кунанд…

null
Раҷаб Мирзо дар ҳалқаи ҳамкасбон

ШАРТ НЕСТ, КИ ҲАМА ДАР ЯК “ЛАГЕР” БОШАНД

– Ба назар мерасид, ки дар ин қазияҳо журналистони тоҷик назарҳои гуногун доштанд. Ин магар шикасти ҳамраъйии касбӣ набуд?

– Бале, яке аз мушкилоти асосии журналистикаи тоҷик ҳамин набудани ҳамраъйии касбист. Ҳамкасбони мо ҳамраъйии касбиро гуногун шарҳ доданӣ мешаванд. Аммо, ба фикри ман, ҳамраъйӣ танҳо байни онҳое иттифоқ афтоданаш мумкин аст, ки арзиш ва усул (принсипҳо)-и якхела доранд.

Барои баробарии арзишу принсипҳои касбӣ шарт нест, ки ҳама дар як “лагер” бошанд. Шарти асосӣ ҳамин аст, ки донанд: онҳо чӣ таъйинот доранд?

Мутаассифона, онҳоеро ҳам дар масъулиятҳои касбӣ мебинем, ки ҳатто дарки таъйиноти корӣ ва рисолати касбӣ надоранд. Фикрашон ҳамеша ба ин аст, ки ҳузури дигарон ба онҳо халал мерасонад. Аз ин гунаҳо на танҳо ҷомеаи журналистӣ ё муасссисашон, балки дар маҷмӯъ ҷомеа ҳеч манфиат намебинад. Баръакс, зарари холианд. Ҳам моливу моддӣ ва ҳам маънавӣ.

БАҲСИ МУРОҶИАТНОМА ВА РАДДИЯИ ЖУРНАЛИСТОН

– Журналистон ва созмонҳои журналистӣ дар ин миён аввал изҳорот доданду пасон раддия ҳам нашр карданд. Ва маҳз Шумо будед, ки раддияро ба шабакаҳои иҷтимоӣ кашидед ва он “доғ” шуд. Ин кори шумо ба чӣ хотир буд ва ба андешаи шахсиятатон чӣ водор кард, ки он раддия навишта шавад?

– Соли 2022 як гуна талош аз ҷониби ҳукумат сурат гирифт, ки тафриқаи журналистикаи ҳукуматӣ ва мустақилро аз байн бибарад. Дар ҷашни матбуоти тоҷик ҳамон сол, аз ҷумла чанд журналисти мустақил қадрдонӣ шуд. Солҳои пеш ҳам нашрияҳои мустақил ба гунае қадрдонӣ мешуд, аммо он сол маҳз журналистони мустақилро, ки дар ҳеч идораи расонае кор намекарданд, бо туҳфаҳое табрик карданд. Дар байнашон инҷониб ва яке аз онҳое ҳам буд, ки мутаассифона ҳоло дар зиндон аст.

Чанд рӯз пас дар маҷлиси ҳафтаинаи яке аз нашрияҳои ҳукуматӣ ин иқдоми ҳукуматро сармуҳаррири “чанд варақ коғаз” ба чунин шакл баррасӣ кардааст: “кори ҳукуматро мо таблиғ мекунему инҳо “оппозитсия”-ро мукофот медиҳанд”.

Ин сарусадо ба мо расид, вале гуфтем, ки иқдомоти ҳукуматро дар мавриди аз байн бурдани тафриқа бояд истиқбол кунем. Барои ҳамин маҳз мо ибтикор нишон додем, то чанд нишасти “бидуни галстук” байни сармуҳаррирони нашрияҳо, журналистони ба қавле таъсиргузор ташкил шавад. Се ё чор нишасте ҳам доштем. Як гурӯҳ дар “Вотсап” ҳам ташкил шуд.

null
Раҷаб Мирзо бо овозхони саршиноси форсизабон Фарҳоди Дарё

Дар ин миён якбора қазияи Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ пеш омад. Бо ташаббуси Шӯрои ВАО роҳбарони созмонҳои журналистӣ, сармуҳаррирон, журналистони ба истилоҳ таъсиргузор дар як гурӯҳи корӣ ҷамъ омаданд, муроҷиатномаро таҳия карданд ва имзои худро гузоштанд. Дертарак якчанд кас, ки гӯё бехабар буданд, ба воситаи “вакилҳо”-и худ гуфтанд, ки номи онҳоро ҳам илова кунем.

Аммо ду рӯз пас раддия бо имзои чанд касе пайдо шуд, ки дар муроҷиатнома ҳам ҳузур доштанд. Онро ман дар нашрияи “Садои мардум” дидам ва дар ҳамон гурӯҳи “Вотсап”, ки гуфтам ва ҳамаи онҳо ҳузур доштанд, матни ин изҳоротро гузоштам. Ба ин маъно, ки ин чӣ маъно дорад? Аз ҷониби онҳо вокунише нашуд. Ман танҳо рӯзи дигар ин муроҷиатномаро дар гурӯҳи “Ахбор барои афкор” нашр кардам. Баъд баҳсҳое пеш омад, ки кӣ будани бархеро бештар маълум кард.

Хулоса, ин қазия бори дигар маълум кард, ки ҳамраъйӣ танҳо байни онҳое буда метавонад, ки арзишу муқаддасоти якхелаи касбӣ доранд. Дигарҳо танҳо метавонанд, ки дар ин бора гап зананд. Гап задани хушку холӣ.

– Дар таҷрибаи баҳсҳои додгоҳӣ пештар рӯзноманигорон аз кадом роҳҳо истифода мекарданд ва дар қазияҳои як соли охир ҷомеаи рӯзноманигорӣ кадом имконоташро истифода кард ва кадом имконоташро – на?

– Мо чунин таҷрибаи ҷуръатманди мақомотро ҳеч вақт надоштем. Солҳои пеш, чанд намуна дар мисоли мурофиаҳои додгоҳии Ҷумъаи Толиб, Маҳмадюсуф Исмоилуф ва Урунбой Усмонуф буданд, аммо онҳо фарқ мекарданд.

Ин бор тавре мушоҳида мешавад, мақомот сахт баҷуръат шудаанд. Ин сабабҳои хос дорад ва бармехӯрад ба авзоъи кунунии дунё, ки ҳар ҳукумат аз он ба гунаи худ суистифода мекунад.

Масалан, 10 сол пеш то ин ҳад ҷуръатмандии ҳукуматҳоро эҳсос кардан имкон надошт. Ҳоло бо баҳонаи “мубориза бо терроризм ва экстремизм” ҳар ҳукумат хостаҳои худро амалӣ дорад ва барои кӯтоҳмуддат худро роҳат ҳис мекунад.

АГАР ТАРС ДОДАН МЕХОСТАНД…

– То охирин лаҳза Шумо бовар доштед, ки “журналистони боздоштшуда озод мешаванд”. Ин ақидаву бовари Шумо бар пояи чӣ буд?

– Фикр мекардам, ки ҳадаф аз ин маъракаҳо як навъ нишон додани қудрат ва то ҷое тарс додани журналистони “типи нав” аст. Ҷараёни ҳодисаҳо дар ибтидо ҳаминро нишон медод. Аммо баъд, ба фикрам, марказҳои қабули қарор хулосаи дигар ҳосил карданд.

Баъд гуфтам, шояд бо гузашти ду моҳ ва санксияи аввал онҳо раҳо мешаванд, чун барои бачаҳои ҷавон ин кифоят буд, агар тарс додан мехостанд…

Ҳоло ҳам тахминҳое дорем, ки пас аз маъракаҳои муҳими дигари сиёсӣ имкони дигарбора баргаштан ба ин қазияҳо ҳаст. Аммо аз гуфтани пешбиниҳо дигар худдорӣ мекунам, чун воқеан дар шароити кишварҳое чун мо суистифода аз вазъи умумии дунё хеле осон менамояд ва пешгӯинашаванда ба назар мерасад.

– Дар гузашта ҳар сухани қаламкаш вазн дошт. Чаро ҳоло чунин нест?

– Дар гузашта ҳам ҳарфи на ҳама қаламкаш “мавриди таваҷҷуҳ” қарор мегирифт. Онҳое, ки фазо месохтанд, дар гузашта ҳам камшумор буданду ҳоло ҳам камшумор ҳастанд. Ҳоло ҳам мо касоне дорем, ки ҳатто як ибораи одиву безарарашонро хеле ҷиддӣ баррасӣ мекунанд.

“Бингар, ки кӣ мегӯяд” дар шароити кишварҳое чун мо ҳоло ҳам шарти муҳим аст. Зимнан, аз рӯйи хулосаҳое, ки дар заминаи ҳолату ҳодисаҳои мушаххас пеш омад, гуфта метавонам, ба ин қишри қаламбадастон на онҳое дохиланд, ки аз худ “чизе тарошиданӣ” мешаванд. Баръакс, ин гуна “воҳимаҳо” аслан ба қишри қаламбадастони камтаъсир дохил шуда, ҳарфи онҳоро умуман ҷиддӣ намегиранд. Рост аст, ки “навиштаҳои таҳлилӣ”-и ин қишрро хеле примитиву дар баъзе ҳолатҳо хандадор ҳам унвон мекунанд. Ҳатто онҳое, ки эшонро ҳоло “бологузар” медонанд. Онҳо фақат ба хотири дар куҷоҳое нишон додани “журналистикаи мустақил” даркоранд, на ба хотири фазосозӣ, эътироф ё ҳатто тарс аз онҳо.

“ҚАВӢ БУДАН” САРКӮБӢ НЕСТ

– Шумо мегӯед, “то ҳукумат қавӣ набошад, матбуот наметавонад худро озод ҳис кунад”. Яъне?

– Як вақт Эмомалӣ Раҳмон ҷумлаи аҷибе мегуфт: “Ҳатто маро танқид кунед, аммо ба давлат хиёнат накунед”. Ин бояд формулаи як ҳукумати қавӣ бошад. Мутаассифона, инро мо эҳсос накардем. “Қавӣ” буданро, агар дар мо ба маънои саркӯбгарӣ мефаҳманд, албатта, иштибоҳ аст.

– Аммо дар мо имрӯз як суол ҷавоби худро пайдо накардааст: озодии матбуот бештар ба кӣ лозим аст? Ба ҳукумат, ба рӯзноманигорон ё ба ҷомеа?

– “Мустақил будан” ба маънои фақат танқид кардани як бригадир, як раиси ширкат (хоҷагӣ), як раиси ноҳияву вилоят, ҳатто вазиру сарвазир нест. Мустақил будан – ба маънои побанд будан ба сиёсати идорӣ (редаксионӣ)-ст, ки мутаассифона, аксари расонаҳои мо онро надоранд ва бо як ишора аз ҷониби касе мавқеъи худро дигар мекунанд. Аз ин гуна матбуот касе манфиат намебинад. Мустақил фаъолият кардан танҳо дар доираи қонун ва меъёрҳои ахлоқи касбист.

Солҳои 2010 муассисони яке аз нашрияҳо гуфтани ин таъбирро дӯст медошт, ки “матбуоти мо мустақилтар аз матбуоти Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравист”. Зеро, ба андешаи ӯ, гурӯҳҳои моливу сиёсӣ муассиси онҳо нестанд ва аз ин хотир матбуот мавқеъи онҳоро лоббигарӣ намекунад. Мутаассифона, ин таъбири зебо буду халос. Баъдан маълум шуд, ки дар баъзе маврид гурӯҳҳои моливу сиёсии ба ақидаҳо наздик муассис бошанд, матбуот бештар ҳифз мешавад.

null
Раҷаб Мирзо, Мухтор Боқизода, Хуршед Атовуллоҳ ва Бобоҷон Икромов

– Баргардем ба саволе, ки озодии матбуот бештар ба кӣ лозим аст?

– Ин саволро ман дар ҳолати мушаххас барои маълум кардани мавқеъ гуфта будам. Ҷавоби худи ман: ба ҳукумати оянданигар, на манфиатбин!

Яъне ҳукумате, ки аз рӯйи асосгузорони давлати Исроил фаъолият мекунанд. Ривоят мекунанд, вақти таъсиси ин давлат нухбагонаш мепурсанд, ки барои қавӣ шудани давлат боз чӣ намерасад? Касе аз таҳлилгарон посух медиҳад: Фоҳишаҳо! Амр медиҳанд: агар фоҳишаҳо барои як давлати қавӣ заруранд, онҳоро созед!

Бояд воқеан ҳам чунин дидгоҳ ҳукмрон бошад, то матбуот ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки асоси як давлати қавианд, пайдо шаванд.

МАТБУОТИ МУСТАҚИЛРО ШИКАСТАНД

– Сабаби ба ин вазъ гирифтор шудани журналистикаи тоҷик чӣ ё кӣ буд?

– Мутаассифона, маълум шуд, ки дар мо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аслан вуҷуд надоштаанд ва рукни нисбатан қавӣ ҳамин матбуот будааст. Чун матбуотро шикастанд, дигар чизе намонд. Аммо аз ин ҳолат ҳама зарар мебинад. Имрӯз ва махсусан оянда.

– Расонаҳои мустақили Тоҷикистон имрӯз аз таҳдиди басташавӣ метарсанд. Ба бархе мавзӯъҳо “табу” гузошта шудааст. Фардо чӣ гуна аст?

– Дар ҳамин шакле, ки аксари нашрияву расонаҳои тоҷик ҳастанд, набошанд беҳтар аст. Инро хеле аз сардабирону муассисонашон медонанд.

Аммо ноумед будан ҳам наметавонем. Агар боз имкон пайдо шавад, ки матбуоти мустақил ба пой хезад, ба оянда назари нек бастан мумкин аст.

– Ин ҷо саволе пайдо мешавад, ки агар имдон даст диҳаду дигарбора ба дунё оед, боз роҳи журналистикаро интихоб мекунед?

– Ҳарчӣ ёфтам аз ин пеша ёфтам. Тақрибан шахсияти таъсиргузоре дар ҷомеаи мо нест, ки вонахӯрдаам. Дар ҳама бахшҳо. Дар натиҷа шинохти ҷомеа бароям осон шуд. Пас чаро ба ин касб дубора барнагардам?

– Пас агар варақи сафеде диҳанд, ягона ҷумлаи Шумо дар он чӣ хоҳад буд?

– Маро фурӯхтан мумкин аст, аммо харидан имкон надорад!

Раҷаб Мирзо: “Бо Эмомалӣ Раҳмон чандин бор мусоҳиба оростаам”

Муаллиф: Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ, махсус барои Asia-Plus

Мусоҳиба бо яке аз журналистони шинохта ва принсипноки тоҷик.

Сурат: Аксҳо аз саҳифаи фейсбуки қаҳрамон

Имрӯз, 10-уми август, яке аз журналистони шинохтаи Тоҷикистон Раҷаби Мирзо зодрӯз дорад ва 50-сола мешавад. Ҳамчунин, се рӯз пеш, 7-уми август аз таъсиси ҳафтаномаи “Рӯзи нав”, ки муассис ва сармуҳаррираш маҳсуб меёбад, 20 сол пур шуд.

Муаллифи “Азия-Плюс” бо Раҷаби Мирзо доир ба пайраҳаи ноҳамвори рӯзгор, журналистикаи имрӯз, майдонҳои нав, журналистони ҷавон, мушкилоти соҳа, тавлиду хомӯшии ҳафтаномаи “Рӯзи нав” ва умеду нақшаҳои оянда суҳбат кард.

Гуфтори аввал:

Саргаҳ

– 50-солагӣ барои шумо чӣ маъно дорад?

– Дар тифлӣ марди 50-сола бароям пир менамуд. Шояд ҷавонону наврасон ҳоло моро пир меҳисобанд, аммо ба назари ман, пир одамест, ки зарфияту ҳавас ва ҳавсалааш кам мешавад. Худро ҳоло чунин намебинам. Аммо дар мавриди 50-солагӣ ман аз тифлӣ назари дигар доштам. Ҳамеша орзу доштам, ки агар Худо маро ба он син расонад, ба Ҳаҷ меравам. Шукри Худо ин яке аз орзуҳои дигари ман буд, ки амалӣ шуд. 15 рӯз то қадам мондан ба 50 – солагиам буд, ки соли гузашта Замини Муқаддасро зиёрат кардам, Худо қабулаш фармояд. Чаро дар панҷоҳсолагӣ? Дар тасаввури ман ҳамин буд, ки зиндагии одам аз ду қисмат иборат аст: то ва пас аз 50 -солагӣ.

– Дар 50-солагӣ як нафар бояд чӣ дошта бошад, ки шумо ҳоло надоред?

– Як кори мӯътадилу устуворе, ки зиндагии ӯро ба таври шоиста таъмин намояд. Бо сабаби надоштани ҳамчунин коре, баъзан корҳоеро мекунам, ки худам намехоҳам. Албатта, корҳоеро дар назар надорам, ки боиси сархамӣ гашта бошад, ё ба принсипҳои ман мухолифанд. Ин гуна корҳо, ҳатто вақте пешниҳод шаванд ё гоҳе агар ҳатто дар фикр пайдо шаванд, ҳамон замон қотеона посухи “не!” мегиранд. Бовуҷуд, фикр дорам баъзе корҳоро аз маҷбурӣ мекунам, то нони ҳалоли худу оиларо таъмин намоям.


– Имрӯз қарз, тарс, нофаҳмӣ, беҷуръатӣ… доред?

– Аз ҳамааш кам-кам дорам. Як рӯз дӯсте занг заду пурсид, ки куҷоам. Гуфтам пушти дари бонк, то қарзи худро супорам. Гуфт, бовар надорад, ки ман ҳам қарздор бошам. Ба шӯхӣ посух додам, ки “чӣ, мо одам нестем?”

Аз худам калонсолтарҳоеро мебинам, ки чӣ шармандагиҳое тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ё расонаҳое, ки доранд, мекунанд. Баъзан фикр мекунам, онҳо пир шудаанд ва ин ҳолат маро аз пирӣ метарсонад.

Нофаҳмии ман ҳоло аз “дӯстонест”, ки дар ҳаққи ман  бадӣ кардаанд. Аммо вақти мулоқот чунон вонамуд мекунанд, ки гӯё чизе нашудааст. Шояд худам гунаҳкорам, ки вақти бадиҳошон дар рӯяшон мегӯям, “бароятон бо бадӣ посух намедиҳам”. Онҳо шояд инро заъфи мо ё дурустии кори худ мепиндоранд, ки чанд бор такрор мекунанд…

Беҷуръат, ба фикрам нестам. Вале гап сари ҷуръат ҳам нест. Масалан, мо бисёр чизҳоро мегӯем, ҳатто ҳама чизро. Оё чизе тағйир ёфт? Тарс аз он дорам, ки сухан ҳам акнун беқадртар шавад. Вагарна ҳоло ҳам мутмаинам: ҳама чиро гуфтан мумкин, фақат услуби хос.

– Дар ин шабу рӯз зиндагӣ кардан душвор аст?

– Не, одам мондан душвортар аст.

– Аз умри рафта изҳори пушаймонӣ доред?

Намедонам ин байт аз кист, ки Саидқул Билолов месарояд. Ба ҷои посух ҳаминро беҳтар медонам:

Пушаймон нестам аз умри полида,

Ба пирӣ мерасам аз хеш болида.Раҷаби Мирзо бо Фарҳоди Дарё, овозхони шинохтаи афғонистонӣ


Гуфтори дуюм:

Қаламу коғазу сигор

– Қаламу коғаз барои аксарият танҳо “аксессуар” аст, барои шумо чӣ?

– Қаламу коғаз барои ман рамзи истеъдод, мизони адолат аст. Борҳо шудааст, хоса вақте ки дар бораи касе менависам, ин чиз ба зеҳнам меояд: Худоё, кӯмакам намо, то тӯҳмат ё дурӯғ нагуфта бошам.

– Аввалин матолибатон дар кадом нашрия чоп шуд ва аз аввалин гонораратон чӣ монда ба хотир?

– “Пионери Тоҷикистон”. Ҳаққи қаламро ҳамроҳи ҳамсинфам Ҷамшед, ки ҳоло табиб аст, сарф кардем. Китоб ҳам харидем. Воқеан, ман ҳанӯз аз синфи 7 буданам китоб ҷамъ меовардам.

– Оё маҳорати навиштанро омӯзонидан мумкин аст?

– Навиштани даврони мо аз имрӯз сахт фарқ дорад. Он замон метавонист. Шояд имрӯз ҳам. Аммо гап сари тағйир ёфтани майлонҳои эҷодист. Ҳоло ҳатто рақамҳо ҳарф мезананад. Масалан, “Дата –  журналистика”. Албатта, ин ҷо мисли ҳамон матн навиштан ҳунари халлоқӣ (креативӣ) даркор, аммо шумо метавонед як ҷумла навишта натавонеду ин корро анҷом диҳед. Дар кишварҳои пешрафта аллакай робот – журналист пайдо шудааст ва матни хушки журналистӣ навишта метавонанд. Намедонам, жанрҳои публисистӣ – бадеӣ дар оянда даркор мешаванд ё не, аммо имрӯз ба назар мерасад, мардум дар ҳар ҷо бештар думболи рақаму маълумотанд, на маъниву зебобаёнӣ.

Навиштани мо, ба назарам, маънои ба мардум фаҳмонидани чизеро дошт. Ҳоло мисле, ки одамон худашон қобилияти фикр кардану хулоса бардоштанро бештар доранд.

– Дафтари тарона ҳам доштед бо номи “Поизи баҳор”. Чаро ҳоло ба назар мерасад, ки зиддӣ таронаву ҳикоянависии журналистони ҷавонед?

– Як шиносам мегуфт, ки дар ҷавонӣ шеър менавишт, аммо онҳоро зуд даронда мепартофт, аз тарси он ки “дар пирӣ девона нашаваму онҳоро чоп кунам”. Дафтари таронаҳои ман ҳам ҳоло куҷое дар анбӯҳи бойгониам ҳаст. Таронаҳои ман ҳам бештар “хушк ва журналистӣ” буданд. Обуранги зиёд надоштанд. Ду ҷумлаи кӯтоҳ аз ҳама зиёд.

Ман фикр мекунам барои журналист суханбозӣ ҳамеша халал мерасонад.


– Бо сигор чӣ гуна “дӯст” ва ҳамакнун, “душман” шудед? Он ба эҷодкор чӣ медиҳад?

– Сӣ сол ман “нозу карашма”- и сигорро бардоштам. Ҳар рӯз ду қуттӣ дуди сигор ва панҷоҳ сомонӣ ба ҳаво мерафт. Шояд ҳамин тасаввури ғалат моро бо ҳам шинос кард, ки гӯё як одами эҷодӣ ҳатман бояд сигор кашад. Комилан ғалат аст. Ҳар касе ба ин “беморӣ” гирифтор шуд, як фикр ҳамеша дар сар дорад: аз ин бало чӣ гуна халос шавам? Пас беҳтар аст аз ибтидо бо ӯ “дӯст” нашуд. Чӣ хел бас кардам? 26 июни соли 2022, агар хато накунам, нависандаи хубамон Абдуқодири Рустам қиссаи сигоркашии худ ва чӣ гуна аз он раҳо шуданашро навишт. Ман ҳам дар шарҳи он навиштам, ки 27 июн дар Рӯзи ваҳдат ман бо сигор “ҷанг” эълон мекунам. 28 июн сафари Ҳаҷ доштам.  Бо ҳамин тамом. Албатта, он сафар бароям кӯмак кард. Аммо ирода муҳимтарин ҷузъ аст дар ин гуна ҳолатҳо. Зеро дар он Сарзамини муқаддас ҳам кам набуд одамоне, ки сигор дуд медоданд. 

Гуфтори сеюм:

Пайраҳаи ноҳамвор

– Довталабии шумо аҷиб буд. Соли аввал муваффақ нашудед ва соли дуюм яку як бора дар ду донишгоҳ ҳуҷҷат супоридед ва донишҷӯи ду мактаби олӣ шудед. Ба мо қиссаи дохилшавӣ ва донишҷӯи ду донишгоҳ буданро нақл кунед.

– Соли аввал на танҳо ман, балки се нафар аз Кӯлоб – Адолати Мирзо ва Барот Юсуфӣ ба шӯъбаи журналистикаи ДМТ дохил нашудем. Ҳарчанд ҳар се мактабро бо медал хатм карда будем. Он замон “махсусиятҳо” дошт дохил шудан ба донишгоҳҳо. Соли дуюм, ки дохил шудем, 7-8 нафар онҳое буданд, ки мактабро бо медал, ё омӯзишгоҳро бо дипломи сурх хатм кардаанд. Сифати онвақтаи довталабону донишҷӯёни шӯъбаи журналистикаи ДМТ –ро аз ин ҳолат фаҳмидан мумкин, новобаста ба “махсусиятҳо” –и он давра.

Солҳои 1991-92 довталаб имкон дошт, ки якбора дар ду донишгоҳ ҳуҷҷат супорад. Ман ҳам ба шуъбаи журналистии ДМТ  ва “барои мабодо” ба факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи омӯзгорӣ (бахши англисӣ) ҳуҷҷат супоридам. Хушбахтона, дар як вақт донишҷӯи ду донишгоҳ шудам. Ҳамроҳи ҳамсабақам Моҳира Раҳимова – духтари академики машҳур Раҳимов, соати 12:10 аз ДМТ мебаромадем ва саросемаву аксари вақт бо таксӣ то соати 12:30 худамонро ба ДОТ мерасондем. Ҳамин аҳвол тақрибан як нимсола давом кард. Ахиран ба қароре омадам, ки бароям мушкил мешавад. Аз баҳри факултаи забонҳои хориҷӣ гузаштам.

– Оё бори номи журналистиро бардоштан осон аст?

– Агар принсипу арзишҳои касбиро қоилед, бале. Бубинед, онҳое ин касбро бадном мекунанд, ки ин чизҳоро надоранд. Бе принсипу арзишҳо дар ҳар касби дигар ҳам, ки бошанд, онро беобрӯ мекунанд.

– Рисолати журналист назди ҷомеа чист?

– Журналист ду таъиноти касбӣ дорад: хабар додан ва ташаккули афкори ҷамъиятӣ. Аммо дар ҷомеаҳое мисли мо ҳамкасбонамон бояд такягоҳ, умедбахши мардум ҳам бошанд.

– Ҳоло журналистикаи мо чӣ мушкилии аслӣ дорад?

– Камии журналистони принсипноку ба арзишҳо қоил, набудани менеҷменти касбӣ ва адами фазои мусоид барои онҳое, ки ҳунари касбӣ доранд.Раҷаби Мирзо бо овозхонҳои шинохтаи тоҷик Ҷонибек Муродов ва Садриддини Наҷмиддин


– Мо бисёр мешунавем, ки журналистика соҳаи камбағал аст дар Тоҷикистон. Ба ин фикр розиед?

– Камбағалии молиявӣ? Тавре мебинед, ман онро дар рӯйхати мушкилоти аслӣ зикр накардам. Ҳанӯз замони донишҷӯӣ бо декани факулта, устоди гиромӣ, профессор Иброҳим Усмонов сари саволи “барои журналист мустақилияти иқтисодӣ муҳимтар ё озодии сиёсӣ” баҳс доштем. Ман ҳамеша дуюмиро интихоб кардаам.

Намешавад гуфт, ки бе пул имкон дорад ҳама чиро соҳиб шуд. Аммо, бовар кунед, пул ёфтан мумкин. Имрӯз “журналистикаи ҷамъиятӣ” ҳам дар кишварҳои пешрафта маъмул аст, ки танҳо аз мухотабони (аудитория) худ вобастаанд. Онҳо ҳатто реклама надоранд. На сиёсӣ, на тиҷоратӣ. Тақрибан монанд ба шабакаҳои телевизионии кабелие, ки ҳоло мо дорем. Аммо розиам, ки журналистикаи мо аз лиҳози тахаюл, халлоқият (креатива) камбағалӣ дорад. На ҳамеша бо гуноҳи журналистон ва соҳибони расонаҳо.

– Бархеҳо ба он назаранд, ки маҳз насли шумо (шояд на худи шумо) журналистикаро дар Тоҷикистон ба ин ҳад хор кард. Яъне: зиёд созишкорӣ карданд ва манфиати шахсӣ ҷустанду журналистикаро қурбон карданд. Розиед бо ин фикр?

– Шояд сару садои зиёд ва дағалтар аз ин ҳам ҷо дорад, ки мо нашунида бошем. Аммо гап аслан сари насл намеравад. Фазо ва муҳит, интизориҳо, ҷузъи муҳим барои корҳои ҷиддӣ мебошанд. Одамон, албатта метавонанд интизориҳои бештар дошта бошанд.

Мо онҳоеро, ки ба принсип ва арзишҳо арҷ мегузоранд, мешиносем. Бигзор кам ҳам бошанд. Созишкорӣ ва “бале”- гӯиҳо ҳамеша буданд. Аммо онҳо мисли рӯзҳои мо сахт шунаво набуданд. Ин сабабҳои хос дорад. Агар таваҷҷӯҳ кардаед, баъзан дар тавсифи бархе ҳамкасбон менависам: “бо сабабҳои хос зарфиятҳояшро ошкор карда наметавонад”. Манзур фазо ва муҳити умумист. Мутаассифона, қурбониҳои зиёд доштем. Аз ҷумла ҳамин солҳои охир.

– Шумо дар факултети журналистика 2 сол дарс гуфтаед. Чаро аз донишгоҳ баромадед?

– Ман замоне курси махсус барои курсҳои чор доштам, ки сахт банд будам. Аввал дар нашрияҳои дигар, баъд “Рӯзи нав”. Аммо баъд аз ҷониби роҳбарияти факулта чунин пешниҳод нашуд. Ҳарчанд акнун фурсати бештар доштам. Манзурам пас аз соли 2005.

– Доир ба вазъи имрӯзаи факултаву бахшҳои рӯзноманигорӣ огаҳӣ доред, баҳои шумо чӣ гуна аст?

– Ман аз рӯи коромӯзоне метавонам баҳо бидиҳам, ки аз ин факултаву бахшҳои журналистӣ пеши мо меоянд. Тавре худи муаллимони факулта ҳам мегӯянд, ба баъзе донишҷӯён навиштани журналистӣ не, бехато навиштани ному насабашонро бояд ёд дод. Инро мо дар симои баъзе коромӯзҳо низ эҳсос мекунем.

– Агар дар низоми таълими риштаи рӯзноманигорӣ коре аз дастатон ояд, чиро иваз мекунед?

– Борҳо гуфтаем, факултаву бахшҳои зиёди журналистиро бояд барҳам дод. Замони шӯравӣ ҳамагӣ 25 нафар шӯъбаи журналистикаро хатм мекард, аммо босифат. Ҳоло ҳама донишгоҳҳо тақрибан журналист тайёр карданӣ мешаванд. Ҳол он ки ҳеҷ гуна имконият надоранд. Бигзор ҳама имконот дар факултаи журналистикаи ДМТ ҷамъ шавад. Дуруст, ман мебинам дар донишгоҳҳои Бохтару Хуҷанд ва Донишгоҳи славянӣ баъзе зарфиятҳо ҳосил шудаанд. Аммо бояд ин ҳамаро дар як марказ ҷамъ овард. Ҳоло шояд ба марказҳои қабули қарор чунин расонидаанд, ки журналист бояд таблиғгар (пропагандист) бошад. Мутмаинам ин иштибоҳи худро баъдтар мефаҳманд. Тафаккури интиқодиро тамоми кишварҳои пешрафта рушд медиҳанд, дар мо баръакс.

Дуюм, қабул ба факултаи журналистика бояд аз Маркази миллии тестӣ бароварда шавад, озмунҳои эҷодии пеш аз имтиҳон эҳё гарданд. Дар он сурат пули буҷет беҳуда сарф намешавад ва мо ҳам соҳиби журналисти воқеӣ мешавем.

Сеюм, кафедраҳои факулта набояд мисли замони шӯравӣ “матбуот”, “ТВ ва радио” ва мисли ин бошанд. Ҳоло дар тамоми кишварҳои пешрафта факултаҳои журналистӣ кафедраҳои “журналистикаи сиёсӣ”, “журналистикаи иқтисодӣ”, “журналистикаи варзишӣ” ва мисли ин доранд. Агар дар мо ҳам чунин шавад, зарурат ба бахшу факултаҳои журналистӣ дар донишгоҳҳои дигар намемонад. 

– Оё ба журналистони оянда бовар кардан мумкин аст?

– Дар яке аз факултаҳои журналистии яке аз донишгоҳҳои Амрико аз донишҷӯён пурсидам, ки чанд нафар пас аз хатми донишгоҳ журналист шуданист? Аз байни 20-25 нафар ҳамагӣ 4- 5 кас посухи мусбат дод. Дигарон гуфтанд, ки дар бахшҳое аз журналистика, аз ҷумла маркетинг ва мисли ин кор карданианд, ё умуман аз интихобашон пушаймон шудаанд. Тасаввур намоед, ки ин саволро аз донишҷӯёни мо пурсед. Бовар дорам 25 дастро боло мебинед, ки мегӯянд журналист шуданианд, ҳарчанд дилашон чизи дигар мегӯяд. Хелеҳо тасодуфан аз рӯи тақсимоти Маркази миллии тестӣ ба ин факулта афтодаанд. Ба инҳо шумо бовар мекунед? Ман ба ояндаи журналистии онҳое бовар дорам, ки дар Амрико гуфтанд журналист шуданӣ нестанд.

Гуфтори чорум:

 “Рӯзи нав”

– Шумо дар суҳбате гуфта будед, ки “Рӯзи нав” ба журналистикаи тоҷик самти нав дод. Яъне чӣ?

– Агар ин ҷумларо гуфтаам, пас бояд иқтибос аз касе бошад. Дар ҳақиқат чунин суҳбатҳое буд. Тасаввур намоед, ки он замон матбуоти серхаридор нашрияҳои саргармкунандаву хиёбонӣ буданд, ки онҳоро “зард” меноманд. Аммо  “Рӯзи нав” дар шумораи сеюми худ нашрияи аз ҳама серхаридорро аз лиҳози теъдод гузашт. Муҳтавои нашрияҳо ҳам тағййр ёфт, ҳарчанд қаблан фикр мекарданд, мавзӯъҳои сиёсиву иҷтимоӣ хонандаи зиёд надорад.


– Номи “Рӯзи нав”-ро худатон гузоштед?

– Сабаб озмуне шуд, ки ҳамасола 3 май вобаста ба Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот сурат мегирад. Соли 2002 аксарияти ҷоизаҳоро матбуоти русзабон гирифт. Мо пеши худ мақсад гузоштем, ки бояд як нашрияи тоҷикзабони муваффақ ташкил кард. Он замон таъсиси нашрия кори душворе набуд аз нигоҳи расмиёт ва сабти ном. Ниҳоят соли 2003 ман 30 – солагиамро бояд таҷлил мекардам ва ташкили ин нашрия армуғон ба ин сана буд. Воқеан, ҳайати асосии мо, яъне роҳбарикунанда ҳамагӣ ҳамсабақони 30 – сола будем. Зимнан, соли 2003 аксари ҷоизаҳои асосии 3 майро бачаҳои “Рӯзи нав” гирифтанд.

Варақе, ки дар он 20 – 30 ном барои интихоб доштем, то ҳанӯз дар бойгониам ҳаст. Бо Фахриддини Холбек баҳсҳои зиёд доштем. “Рӯзи нав” он замон номи барномаи субҳгоҳии радиои “Ватан” буд, ки ҳоло бо номи “Субҳи Ватан” мешиносанд. Ахиран интихоб сари он шуд.

– Дар шумораи аввали “Рӯзи нав” колонкае навиштаед бо номи “Ғарази мо беғаразист”. Дар он ин суханҳо ҳастанд: “Имрӯз ҳар нафаре, ки ду ҷумларо бо ҳам пайваст карда метавонад, худро журналист ва агар он ҷумлаҳо дар вазн каме мувофиқ оянд шоир метарошад” ва боз бисёр ҷумлаҳое, ки имрӯз ҳам дарду проблемаи мо ҳастанд. Чаро дар 20 сол мо проблемаҳое, ки шумо гуфтед ҳоло ҳам ҳал карда натавонистем?

– Зеро журналисти соҳибарзиш ва принсипнок “не” гуфта метавонад. Ба ҳамаи онҳое, ки зидди арзиш ва принсипҳояш мебароянд. Мутаассифона дар мо ҳоло эҳсос мешавад, ки аз ҳама ҳарфи зиёд дар муқобили мушкилоти касбӣ “бале” аст.  

– Агар ҳоло “Рӯзи нав” мебуд, чӣ дигаргунӣ мебуд?  

– Борҳо ба баъзе ҳамкасбонам, ки ҳоло нашрия доранд, мегӯям, агар “Рӯзи нав” ҳам мисли нашрияҳои шумо мебуд, ҳамон беҳтар аст, ки аз чоп монд. Ман ҳоло ҳам чанд лоиҳаи нашрия дорам, ки мутмаинам муваффақ хоҳанд буд, агар фаъол шаванд. Аммо пас аз он ки аз “Имрӯз нюс” рафтам, ман қавл додаам, ки агар ба журналистикаи матбуотӣ бармегардам, ҳатман он нашрияи ҳаррӯза хоҳад буд.

– Чаро кӯшиш накардед, ки дигарбора расонаи худро созед? Кӣ ё чӣ иҷоза надод?

– Барои ифтитоҳи кори нав муҳим кафолат аст. Мутаассифона, қонун ҳам баъзан наметавонад кафолатро таъмин намояд. Барои ҳамин, вақте аз ман дар бораи сатҳи озодии сухану матбуот ва қонунмандиҳо мепурсанд, ин мисолро меорам: “Тасаввур намоед, ки саҳари барвақт радио хабар медиҳад: ҳаво офтобист, аммо аз тиреза мебинед барфу борону жола меборад”. Шумо ба кӣ бовар мекунед? Бо худ чатр мегиред, ё радио гуфт, ки офтобист гуфта, бо либоси тунук ба кӯча мебароед? Вақте иқдоме карданӣ мешавед, бояд ин ҳамаро ба назар гирифт. Ба қатори ҷузъиёти менеҷмент ин ҳам дохил мешавад. Агар инҳоро сарфи назар мекунед, дар нимароҳ мемонед, иддаоҳои бепоя низ нисбати Шумо зиёд мешаванд.

Гуфтори панҷум:

Чанд назар

– Тоҷик будан барои шумо чӣ маъно дорад?

– Бо гузаштаи худ ифтихор кардан ва барои ояндагон ифтихор сохтан.

– Чаро мо ҳоло ҳам ба ҷангҳои лафзии маҳаллӣ рӯ ба рӯ мешавем?

– Муҳит ва фазои танги иҷтимоӣ имкони фаротар фикр карданро намедиҳад.

– Дар интернет ба таҳқир дучор омадед ё касеро таҳқир кардед?

– Ман то он ҳад нотавон нестам, ки касеро таҳқир кунам. Барои ҳамин, вақте бандҳои марбут ба таҳқиру тӯҳматро аз Кодекси ҷиноӣ ғайриҷиноӣ карданд, гуфта будам барои ман ин муҳим нест. Зеро ҳич вақт касеро таҳқиру тӯҳмат накардаам ва намекунам. Маро бошад, оре, чанд махлуқи Худо таҳқиру тӯҳмат кардаанд, зеро чизи дигаре надоранд ҷуз ин.


Гуфтори шашум:

Тароша

– Мегӯянд, ки машҳуру шинохта, ки шудӣ, ҳама мушкилиҳои зиндагӣ бартараф мешаванд. Ба ин гуфта розиед?

– Баръакс. Дар мисоли худам мегӯям, ҳамарӯза он қадар мардум бо мушкилоти худашон муроҷиат мекунанд, ки мушкилоти худамро баъзан фаромӯш месозам. Аммо нерӯи нав мегирам. Зеро мебинам, чӣ қадар одам аз ман умед дорад. Баъзан худамро ба қавле мехӯрам, хоса вақте ба касе аз онҳо кӯмак карда наметавонам. Махсусан кӯмаки молиявӣ, ё вобаста ба масоиле, ки дар ҳаллаш дастам кӯтоҳ аст.

– Ҳар нафар як заифие дорад, ки он сабаби бисёр монеаҳо мешавад, заифии шумо чист?

– Хелеҳоро мисли худам тасаввур карда, иштибоҳ мекунам. Дар мактаби миёна устодамон Шариф Зайдулло, вақте бачаҳо бе тайёрӣ меомаданд ё беадабӣ мекарданд, мегуфт ин ҳамаро метавонад нодида бигирад. Даст болои синааш задаву мегуфт, “аммо ин ҷо дард мекунад!”. Ман ҳам баъзе чизҳоро дида, наметавонам бетараф бошам…

– Шабҳо дар бораи чӣ фикр мекунед?

– Ба назарам, агар одам фақат дар бораи як чиз фикр кунад, иқтидори зеҳниашро маҳдуд мекунад ва шояд касалии равонӣ ҳам шавад. Чунинҳоро баъзан мебинем. Пас доираи фикрҳоро ҳам бояд васеъ намуд. Бигзор дар бораи чизҳое фикр кард, ки фантастика намояд.

Ман дар тахаюлотам чандин бор бо Эмомалӣ Раҳмон мусоҳиба кардаам ва ӯ тасаввуроташро дар ин бора, ки журналистони тоҷик фақат дар бораи “саҳар чӣ мехӯред”, “гули дӯстдоштаатон кадом аст”, “овозхони маҳбубатон кист” ва мисли ин аз ӯ савол мекунанд, дигар кард. Воқеан, соли 2005 ё 2006 вақте аз президент пурсида буданд, ки чаро ба журналистони тоҷик мусоҳиба намекунад, тақрибан ҳамин посухро дода буд.

Ман борҳо дар тасаввуротам худро дар масъулияти судя, прокурор, вазир ва ҳатто президент дидаам. Танҳо ба он хотир, ки агар ман дар фалон ҳолате бошам, ки онҳо ҳастанд, чӣ кор мекардам. Ҷавобҳои ҷолибе пайдо шудаанд.

– Чӣ кор мекунед, вақте коре надошта бошед?

– Худам танҳо қадам мезанам, ки беҳтарин фикрҳо он гоҳ пайдо мешаванд. Бозиҳои компютерӣ мекунам ва худро дар ҳолатҳои мухталифи дар назар бе роҳи ҳал гузошта, аз онҳо мебароям. Воқеан, дар ҳаёти воқеӣ ҳам чандин бор ҳолати бӯҳрониро то авҷаш бурдаам, то ин ки нерӯи худро санҷам: оё аз ин ҳолат баромада метавонам? Ё филмҳои романтикӣ тамошо мекунам. Баъзан дар як рӯз 7 – 8 филм.

– Боре шудааст, ки хоста бошед зиндагиятонро аз нав оғоз кунед?

– Шудааст, аммо чизҳои зиёде тағйир наёфтаанд дар он тасаввур ҳам.


– Кадом вақт шумо аз худатон розӣ ҳастед?

– Ман ҳам ба ин фикр розиам, ки агар аз худ розӣ бошӣ, пас иқтидор тамом шудааст.

– Аз ҳама чизи бад барои инсон чист?

– Фурӯхтани арзишу муқаддасот. Ба ивази ҳар чизе набошад. Мутаассифона, ҳоло ҳамин хиёнат ба арзишҳоро дар амалкарди онҳое мебинем, ки замоне аз худ пешво метарошиданд.  Оре, андешаи одам вобаста ба фаҳмиш, гардишҳо метавонад дигар шавад. Аммо ин ба арзишҳову принсипҳо дахл надорад. Арзишу принсипҳо ё ҳастанд, ё не. Онҳо дигар намешаванд, фурӯхта мешаванд…

– Агар имрӯз охирин рӯзи ҳаёти Шумо бошад, чӣ кор мекунед?

– Чӣ кор мекардам?  Намедонам. Аммо, ба назари ман, марг бояд як чизи аз тасаввур берун бояд бошад. Онро ба нақша гирифтан, шакл додан мумкин нест. Фақат худкуширо мешавад ба нақша гирифт, ки ин гуноҳи азим аст. Барои ҳамин, доим ишора мекунам, ки марг ва ишқ ба ҳам синониманд, чун якбора меоянд. Инро мегӯянд, марги зебо.

Манбаъ: Аsiaplustj.info

Шинохти Раҷаби Мирзо дар чанд бахш

Pressa.tj

Дар ҳошияи зодрӯзи журналист, таҳлилгар ва шореҳи касбӣ Раҷаби Мирзо

Дар фазои иттилоотӣ бидуни баҳс акои Раҷаб яке аз беҳтарин шореҳони мо ба шумо мераванд, сабки худро доранд, бо рӯйкарди ба худ хос навиштаҳои таҳлилиро таҳия мекунанд. Бо дарназардошти ҳамин нукта чанд масъаларо перомуни хабарнигории таҳлилӣ дар кишвар, ки яке аз намояндагони касбии он соҳибҷашн ба шумор мераванд, рӯйи қоғаз меорам.

Аҳамияти хабарнигории таҳлилӣ дар чист?

Тағйири фавқуллодаи вазъ дар минтақа ва ҷаҳон дар ду соли охир нишон медиҳад, ки ба мо то кадом дараҷа журналистикаи таҳлилӣ лозим аст. Зарурати густариши ин самтро ҳам кормандони соҳа ва ҳам худи ҷомеа эҳсос мекунанд. Ҳарчанд барои собит намудани ин нукта аз ривоятҳои гуногун истифода менамоянд. Аҳамияти таҳлил ва тафсири касбӣ имрӯзҳо ниҳоят муҳим шудааст, чунки барои шаклгирии дидгоҳи шаҳрвандон таъсир расонида, арзишҳои худиро тақвият медиҳанд. Дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ даҳҳо иқдомҳо амалӣ мешаванд, ки яке аз ҳадафҳояшон ба вуҷуд овардани мавқеи рӯй ба ҷониби як кишвар (ё ҷамъи давлатҳо) аст. Дар чунин шароит ҳузури хабарнигорони касбӣ дар фазои иттилоотӣ, ки таҳлилҳо ва тафсирҳои вижаро ба ҷомеа пешкаш месозанд, барои нигоҳ доштани тавозуни фикрӣ муҳим мебошад. Агар ривояти устувору собити ватанӣ нисбат ба рӯйдоди минтавақӣ ва ҷаҳонӣ эҷод нагардад, ҳатман ба гурӯҳҳои ба ҳам муқобили густаришдиҳандаи дидгоҳҳои беруна ҷудо гардидани ҷомеа сабаб мешавад. Ин ҳолатро мо баъди рӯйдоди моҳҳои феврал-апрели соли 2022 дар фазои пасошӯравӣ мушоҳида намудем, ки чӣ гуна як бахше аз шаҳрвандон ривоятҳои ҷонибҳои даргирро бо ҳам баҳс ва ба муқобили ягдигар аз забони нафрат истифода менамуданд.

Ҳамчунин, дар ду ҳодисаи фавқуллодае, ки дар марз бо ҳамсояи шимолӣ моҳи апрели соли 2021 ва сентябри соли 2022 ба вуқуъ пайваст, садоҳои мухталифе дар бораи “мағлуб” шудани кишвар дар ҷанги иттилоотӣ садо дод. Дар нишастҳои вижа, барномаҳои видеоӣ, мақолаҳо ва нигоштаҳо кормандони соҳа зикр намуданд, дар як лаҳза омода намудани шореҳ ва ё хабарнигори таҳлилнавис имкон надорад. Солҳо лозиманд, ки нозукиҳои ин самт аз худ гардида, “даст барои навиштан” рост шавад. Аксари кулли матлабҳои навиштаи соҳибҷашн дар вебблоги “Рӯзи нав” маҳфузанд, онҳо ба масоили мухталиф бахшида шудаанд ва намунаи муосири маводи хабарнигории таҳлилӣ мебошанд. Дар вебблоги мазкур солҳои пеш матлабҳои зиёди таҳлилӣ ба нашр мерасиданд ва дар афкорсозӣ нақши муҳим доштанд. Имрӯз фаъолияти густардаи он ба мушоҳида намерасад. Агар аз сари нав фаъол мегардид, ба фоидаи фазои иттилоотии кишвар мебуд.

Перомуни аҳамияти хабарнигории таҳлилӣ бояд зикр шавад, ки вазъи баъди моҳи феврали соли 2022 ба вуҷуд омада, сабақи ҷиддиро ба вуҷуд овард. Арзёбиҳо нишон доданд, ки шаҳрвандони мо ба масъалаҳои актуалии минтақа ва ҷаҳон аз дидгоҳи кишварҳои бегона назар мекунанд. Зеро матлабҳои касбии таҳлилӣ бо забони давлатӣ кам ба мушоҳида мерасанд ё дар формате пешкаши хонандагон мегарданд, ки мутаассифона бахши умдаи онҳо рақобатпазир ва ҷолибу муосир нестанд.

Шояд бархе нисбат ба хабарнигории таҳлилӣ назарҳои гуногун ва “ҳарос”-ҳои муайян доранд. Вале зарурати аслии ин самт дар шаклдиҳии “болини амниятӣ” аст, ки манбаҳои шаклдиҳандаи афкори ҷамъиятиро дар дохили кишвар нигаҳ медорад. Ҳамин нукта, тамоми “ҳарос” ва “фобия”-ҳоро камарзиш мекунад, зеро дар дурнамои кутоҳмуддат эҳтимоли боз ҳам густариш ёфтани “ҷангҳои ҳибридӣ” дар фазои иттилоотии Тоҷикистон мавҷуд аст. Танҳо чанд мавзуъ ё самтро номбар мекунем, ки дар “ҷангҳои ҳибридӣ” ба эҳтимоли зиёд истифода мегарданд (аллакай мавриди истифода қарор доранд):

Якум, рақобатҳои кишварҳои дорои манфиат дар Осиёи Марказӣ ва инчунин Тоҷикистон дар формати Чин-ИМА, Русия-ИМА ва ғайра, ки ба табақаҳо ҷудо шудани шаҳрвандонро метавонад боз ҳам густариш диҳад. Бо назардошти рақобатҳои мазкур ниҳоят муҳим аст, ки манфиатҳои миллии Тоҷикистон осеб набинанд ва барои чунин нашудан, ҷойгоҳи хабарнигории таҳлилӣ калидӣ аст.

Дуюм, даъватҳо ба бозбинии таърихи гузашта ва ҳаводиси асрҳои ХIX-ХХ дар ҷуғрофиёи Тоҷикистон. Имрӯзҳо кушишҳои зиёде барои бозбинии таърих дар формати “пасоистеъморӣ”, “истеъморзудоӣ” ва ғайра ба мушоҳида мерасад, агар аз берун ангеза дода шавад ва мудирият гардад, ҷаҳонбинии моро “истеъморзада” нигаҳ медорад. Хавфи чунин ҳолат дар он аст, ки мо гузаштаи худро аз диди дигарон мебинем. Мисоли барҷастаи ба кадом ҳолат овардани “аз диди дигарон нигаристан ба гузаштаи худ” дар мисоли таърихнависии замони Шӯравӣ равшан аст (мавзуи мазкур баррасии алоҳидаро талаб мекунад). Дар ин самт, хабарнигории таҳлилӣ метавонад барои дар салоҳияти худи соҳибони таърих боқӣ мондани баҳогузориҳои онро таъмин кунад (мавзуи мазкур бо таъмини амнияти фикрӣ дар кишвар таъсири мустақим дорад).

Сеюм, дар Тоҷикистон таҷрибаи созмондиҳӣ ё мудирияти расонаҳои ба истилоҳ “ватанӣ” аз ҷониби давлатҳои беруна ба мушоҳида мерасад. Ҳадафи асосии фаъолияти онҳо шаклдиҳӣ ва тарвиҷи “дидгоҳ”-и руй ба кишвари маблағгузор мебошад. Дар як соли охир мо чандин шакли нашри ҳамчунин матлабҳоро дар фазои иттилоотӣ мушоҳида намудем ва ба эҳтимоли зиёд дар оянда боз густариш ҳоҳанд ёфт. Аз ин рӯ, зарурати дигари рушди хабарнигории таҳлилӣ эҷод ва устувору собит нигоҳ доштани ривоятҳои ватанӣ мебошад, то “ҷойгузинии мафҳумҳо” сурат нагирад ва хостаҳои кишварҳои манфиатдор ба ҳайси манфиатҳои миллии Тоҷикистон матраҳ нашаванд.

Ниҳоят, саволе ба миён меояд, ки чӣ гуна хабарнигории таҳлилиро метавон рушд дод? Посух ё роҳҳали равшан вуҷуд надорад, чун ҷомеа ҳамеша дар ҳоли рушд аст ва нисбат ба рӯйдодҳои гуногун таъсирпазир мебошад. Ин самтро бар асоси назария ва амалия метавон омӯзонд, вале як мушкили бархе донандагони хуби назария ин аст, ки худашон “навишта” наметавонанд. Онҳое, ки дар “истеҳсолот” ҳастанд, малакаи муассири омӯзондани ин самтро шояд надоранд…

Соҳибҷашн ба 50 расиданд ва таҷрибаи амалиро ҳам дар навиштан ва ҳам тадриси муосири майлонҳои нави хабарнигорӣ доранд, ки дар поён бозкушоӣ мекунем:

Фаъолияти хабарнигории таҳлилии соҳибҷашн

Навиштани мақолаҳои таҳлилӣ. Як паҳлӯи қавии соҳибҷашн ҳирфаият дар навиштани мақолаҳои таҳлилӣ аст, ки ба масъалаҳои мухталифи сиёсати дохилии кишвар ва ба рӯйдодҳои минтақа ва ҷаҳон бахшида шудаанд. Навиштаҳо аз диди сохтор чунинанд: моҳияти масъала (i), раванди ҷорӣ ё муҳтавои имрӯза (ii), омилу шароити таъсиррасон (iii), мулоҳиза, хулоса ва пешбинӣ (iv), инчунин, сенарияҳои эҳтимолии рушди вазъ (v) бозкушоӣ мешаванд. Мақолаҳои таҳлилии соҳибҷашн се вижагӣ доранд: якум, муаллиф ривояти ватаниро дар бораи мавзуи мавриди назари худ эҷод мекунад, ки таъсири ҷиддиро ба шаклгирии дидгоҳи шаҳрвандон мерасонад; дуюм, ангезаи падидор шудан/ба вуҷуд омадани вазъ баррасӣ ва таърихчаи мухтасари он оварда мешавад, ки ба таври ҷиддӣ омода шудани муаллифро барои таҳияи нигошта нишон медиҳад; сеюм, таҳияи сенарияҳои мухталиф, ки дар шакли “плани А” ва “плани Б” дар навишта зикр мегарданд. Муҳтавои аксари мақолаҳо фикрзо буда, дар анҷом дар зеҳни хонанда “плани С”-ро ба вуҷуд меоранд, ки боз будани навиштаҳоро нишон медиҳанд.

Фаъолияти коршиносӣ. Соҳибҷашн дар расонаҳои ватанӣ ба ҳайси коршинос баромад намуда, назари худро дар мавриди масоили мубрам баён мекунанд. Як вижагии эшон шояд дар он бошад, ки ҳам мақола менависанд ва ҳам дар саҳифаи расонаҳо ҳузур доранд. Барои чӣ ин нукта муҳим аст? Чунки вақтҳои охир дар расонаҳо онҳое бештар суҳбат мекунанд, ки ягон мақолаи таҳлилӣ ё илмие дар мавриди мавзуи мавриди назари худ надоранд.

Фаъолияти тренерӣ. Солҳои охир соҳибҷашн ба унвони тренер дар омӯзишҳо барои хабарнигорон ҷалб мешаванд ва мавзуҳои мухталифи амалии соҳаро барои онҳо тадрис мекунанд. Модели фаъолияти тренерии акои Раҷаб низ чанд вижагӣ дорад: якум, аз таҳти дил ба тадрис машғул мешаванд ва дар корашон “беҳуда” гузаронидани вақт мушоҳида намешавад; дуюм, ба ҳар андеша ва дидгоҳи шунавандагон эҳтиром мегузоранд ва барои “пухта расидани он” мадад мекунанд; сеюм, тақрибан рӯйкарди мавриди назари худро таҳмил намекунанд; чорум, баҳсу баррасии ҷолибро ба вуҷуд меоранд, ки ҳар шунаванда кушиш мекунад, дидгоҳи худро баён намояд; панҷум, нармӣ дар рафти омӯзиш ва сахтгирӣ барои босифат анҷом шудани кори эҷодӣ. Бешубҳа, чунин тарзи муносибат ба кор ва эҳтироми шуновандагон амали оддӣ нест, балки касбияти муайянро талаб мекунад, ки соҳибҷашн дорои он мебошанд.

Дар интиҳо ин матни табрикотии ба табрикот монанд набуда, ба соҳибҷашн тамоми хушиҳои зиндагиро таманно мекунам. 101 сола шаванд ва ҳамеша муваффақ бошанд.

Шералӣ Ризоён

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Кӯҳи намаки Хоҷа-Мӯъмини ноҳияи Восеъ-Ҳамадонӣ гуяд:

    Раҷаби Мирзо, ки сатҳи саводаш аз Ҳофиз Бобоёров (Пажуҳишгари собиқи фалсафа ва зардуштии паноҳандаи Олмон) ва Абдуқодир Талбаков (Ориёмеҳр Зартушт-журналисти собиқ) боло мебошад, чаро ҳеч назаре ё матлабе бар радди онҳо наменависад? Радди илмӣ бар касоне, ки мавқеъи сиёсӣ надоранд, вале ҷавонони ҳассоси кишварро (ба гуфтаи талбаков “фанатикҳо”)-ро таҳрик мекунанд, дар сатҳи фейсбук ҳеч “ишколе” надорад!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button