ИқтисодКоррупсия

ТЕША БА РЕШАИ КОРРУПСИЯ? ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ПУЛИ НАҚД СУПУРДАНИ ҶАРИМАВУ БОҶУ ХИРОҶ ВА ДИГАР ПАРДОХТҲОИ ДАВЛАТИРО МАНЪ КАРД

 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22 июни соли 2023 ба фармоне имзо гузошт, ки бо мақсади ташвиқи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, бархе пардохтҳоро бо пули нақд манъ мекунад. Дар фармон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” дастур дода шудааст, ки аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба будҷа, пардохти ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ, яъне хидматрасониҳои пулакӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда шуда, ба вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ ба таври нақдӣ қабул намудани пули пардохти хизматрасониҳои пулакӣ ё музднок манъ карда шавад.

Эмомалӣ Раҳмон дастгоҳи иҷроияи президент, вазоратҳои адлия ва молия, Бонки миллӣ ва Хадамоти алоқа вазифадор карда шудаанд, ки то поёни соли равон портали ягонаи пардохти хизматрасониҳои давлатиро ташкил ва фаълол созанд.

Ҳамчунин ба Бонки миллӣ, вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ, яъне бонкҳо дастур дода шудааст, то зербинои заруриро барои қабули пардохтҳои ғайринақдии худ то 1 августи соли 2023 таҳия, ташкил ва таъмин намуда, зербиноҳои қабули пардохтҳои ғайринақдиашонро то 1 август бо ҳам мувофиқ бисозанд ва “бо мақсади ҳавасмандгардонии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои анҷом додани хизматрасониҳои ғайринақдӣ, оид ба ҷорӣ намудани меъёри ягонаи пардохти ҳаққи хизматрасониҳои ғайринақдӣ ва тартиби пардохти он чораҷӯӣ намоянд”.

Хадамоти алоқаи Бег Сабурро ҳам муваззаф кардаанл, ки якҷо бо ширкатҳои интернетрасон “пайвастшавии бефосила ба шабакаи интернет ва суръати зарурии он, инчунин фаъолияти муназзам (доимӣ)-и воситаҳои электронии пардохтиро таъмин намоянд” ва ҳамчунин ҷиҳати “таъмини амнияти иттилоотии пардохтҳои ғайринақдӣ чораҷӯйӣ намоянд”.

То кунун аксари пардохтҳои давлатӣ дар Тоҷикистон бо пули нақд сурат мегирад. Бовар меравад, ки пардохтҳо бо пули нақд барои коррупсия ва тасарруфи маблағҳои давлатӣ роҳ кушода, ҳар сол боиси то ба буҷа нарасидани садҳо миллион сомонӣ мегардад. Агар як умеди мақомот аз роҳандозӣ ва ташвиқи пардохтҳои ғайринақдӣ сабуктар кардани бори гарони пули нақд дар бозори ҳисоббаробаркуниҳо дар Тоҷикистон бошад, умеди дигар теша задан ба решаи коррупсия ва пешгирӣ аз тасарруфи маблағҳои байтулмол, яъне буҷаи давлатист.

Тоҷикистон, қарори маълум, дар радифи 30 давлати аз ҳама фасодзадаи дунё ном бурда мешавад. Ба бовари коршиносон, коррупсия ва порахӯрӣ асосан дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон реша давонда, то раддаҳои болоии ҳукуматро фаро гирифтааст.

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Аз 1 августи соли 2023:

— пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ (минбаъд — хизматрасониҳои музднок) тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда шавад;

— аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ ба таври нақдӣ қабул намудани пардохти хизматрасониҳои музднок манъ карда шавад.

2. Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ:

— инфрасохтори заруриро барои қабули пардохтҳои ғайринақдии худ то 1 августи соли 2023 таҳия, ташкил ва таъмин намоянд;

— ҳамгироии инфрасохтори қабули пардохтҳои ғайринақдии худро ҷиҳати қабули хизматрасониҳои музднок то 1 августи соли 2023 таъмин намоянд;

— бо мақсади ҳавасмандгардонии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои анҷом додани хизматрасониҳои ғайринақдӣ, оид ба ҷорӣ намудани меъёри ягонаи пардохти ҳаққи хизматрасониҳои ғайринақдӣ ва тартиби пардохти он чораҷӯйӣ намоянд;

— якҷо бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти иттилоотии пардохтҳои ғайринақдӣ чораҷӯйӣ намоянд.

3. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатие, ки хизматрасониҳои музднокро ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд, бо тартиби муқарраршуда якҷо бо операторони шабакаи алоқаи барқӣ пайвастшавии бефосила ба шабакаи интернет ва суръати зарурии он, инчунин фаъолияти муназзам (доимӣ)-и воситаҳои электронии пардохтиро таъмин намоянд.

4. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатие, ки хизматрасониҳои музднокро ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд, корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳиро бо истифода аз тамоми воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ, мунтазам амалӣ намоянд.

5. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои адлия, молия, Бонки миллии Тоҷикистон ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 31 декабри соли 2023 ҷиҳати фаъол намудани портали ягонаи пардохти хизматрасониҳои давлатӣ чораҷӯйӣ намоянд.

6. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои худро то 1 сентябри соли 2023 ба фармони мазкур мутобиқ намояд.

7. Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ ҳар семоҳа оид ба рафти иҷрои фармони мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
22 июни соли 2023
№586

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button