ВидеоҶомеа

“ОБЛАВА” ДАР МАКТАБҲОИ ПАНҶАКЕНТ: ТАЛАБАҲОИ МАКТАБРО ҲАМ БА ХИДМАТ БУРДАНИАНД

Субҳи 30 майи соли 2023, кормандони комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент ҳамроҳ бо намояндагони мақомоти маҳаллӣ ба се мактаби № 60 ва 64 дар деҳаи Рукнобод ва мактаби №21 дар деҳаи Зимтӯди ҷамоати Ворӯ “ташриф” оварда, аз ин се мактаб 9 хонандаи синфи 11, аз ҷумла Алишер Боймуродов ва Сипеҳр Розиқзодаро бо худ ба комиссариат бурдаанд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, бо онки то анҷоми мавсими баҳории даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамагӣ ду рӯзи дигар боқӣ мондааст, Панҷакент то ҳол нақшаи даъватро иҷро накардааст ва барои иҷрои нақша боз ба 25 даъватшавандаи дигар эҳтиёҷ доштааст.

Ба ин далел, кормандони комиссариат дидаи умед ҳатто ба мактабҳои миёна дӯхтаанд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони пойгоҳи хабарии “Бомдод”, дар ҷараёни ин амалиёти “облава” дар мактабҳои миёнаи ҷамоати Ворӯ мақомот рӯи он хонандагоне тамаркуз кардаанд, ки ҳарчанд ҳанӯз дар синфи 11 таҳсил мекунанд, вале синнашон алакай ба 18 расидааст.

Қонунгузории Тоҷикистон ба хидмати ҳарбӣ бурдани хонандагони мактабҳоро то хатми мактаб манъ кардааст. Ҳатто агар синни онҳо ба 18 ҳам расида бошад.

Падари яке аз хонандагони “облава”шуда дар суҳбати телефонӣ бо “Бомдод” гуфт, кормандони комиссариати ҳарбӣ ба онҳо итминони хотир додаанд, ки бо онҳо дар комиссариат танҳо суҳбат хоҳад шуд, ки оё ягон нафараш шавқи бо ихтиёри худ ба хидмат рафтан дорад ё на? Агар на, онҳоро ҷавоб медиҳем баъди суҳбат, гуфтааст корманди комиссариат ба волидони онҳо.

Ҳарчанд қонун ба хидмат бурдани хонандагони мактабҳоро манъ кардааст, дар сурати ихтиёран рафтани шаҳрвандон касе монеи онҳо шуда наметавонад ва бархе волидон тарс доранд, ки дар комиссариат фарзандони онҳоро метавонанд бо ҳар роҳу восита ва фишору тарс додан метавонанд маҷбур кунанд, ки барои ихтиёран ба хидмат рафтан ариза нависанд.

Мактаби №21 Зимтӯд

Дар Тоҷикистон аз 1 апрел мавсими баҳории даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ идома дорад. Ин маърака то 31 май давом мекунад.

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод, ки даор 40 рӯзи  мавсими баҳории даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ нақшаи даъват дар саросари кишвар алакай ба андозаи 76% иҷро шудааст. Бино ба иттилои расмӣ,  нақшаи даъват дар вилояти Бадахшону шаҳри Душанбе 100 дарсад, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то имрӯз ба андозаи 77 фоиз, дар вилояти Хатлон 73 фоиз, вале дар вилояти Суғд 68 фоиз иҷро шудааст. Баъди ин вазорати мудофиа инак се ҳафта боз дар бораи ба куҷо расидани иҷрои нақшаи даъват иттилои навтаре нашр накардааст.

Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба: дар баҳор аз 1 апрел то 31 май ва тирамоҳ аз 1 октябр то 30 ноябр давом мекунад. Ба хидмати ҳарбӣ ба муҳлати ду сол ҷавонони аз 18 то 27-сола даъват карда мешаванд.

Ҳар мавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо шикоятҳо аз “облава” ё “иҳотагирӣ” ҷараён мегирад.  “Облава” як шеваи аслан ғайриқонуниест, ки кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҷавонони синну соли даъватиро дар кӯчаю бозорҳо дастгир карда, ба хидмат мефиристанд. Дар бисёр маврид хешу табори ҷавонони “облава”-шуда танҳо баъди чанд рӯз хабар меёбанд, ки наздикони гумшудаашонро ба артиш бурдаанд.

Ҳамин тавр, мақомот гоҳо волидони ҷавонони даъватшавандаеро, ки дар мардикорӣ дар Русияанд, “гаравгон” мегиранд ва танҳо баъди бозгашти фарзандашон ҷавоб медиҳанд.

Дар ҷомиа чунин шеваҳои маҷбуран ба саффи артиш бурдани ҷавононро маҳкум мекунанд ва мегӯянд, мақомоти ҳарбӣ бояд шароитро дар артиш хубтар кунанд, то ки волидон бо дили пур фарзандонашонро ба хидмат равон кунанд ва ҷавонон низ аз хидмати ҳарбӣ нагурезанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button