ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ФУТБОЛ БОЗӢ ДОШТАНД… БОЗДОШТИ ДАҲҲО МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ЯК ВАРЗИШГОҲ ДАР МАСКАВ (ВИДЕО)

Ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” сабти видеоии рейди навбатии пулис ба зидди муҳоҷирони тоҷик дар як варзишгоҳ дар канораҳои ғарбии шаҳри Маскавро фиристоданд. Нирӯҳои пулис ба варзишгоҳ замоне фурӯ рехтанд, ки муҳоҷирон футбол бозӣ доштанд.

Дар сабти видеоӣ дида мешавад, ки кормандони пулис ба гунаи таҳқиромез муҳоҷиронро маҷбур мекунанд, ки дар рӯи сабза рӯ ба замин бихобанд ва дастҳояшонро дар пушти сар бигиранд. Пулис онҳоеро ки сари вақт ин амрро иҷро накарданд, бо шатта бераҳмона ба шикаму пушт ва ҳатто ба рӯяшон бо шатта мезад. Сабт бо лаҳзаи низ таҳқиромези тақрибан 40 ило 50 муҳоҷирро пушти ҳам қатор кардану аз варзишгоҳ ба шуъба бурдани пулис ба поён мерасад.

Ба гуфтаи муҳоҷирон, ин рейд рӯзи истироҳати 27 майи соли 2023 дар варзишгоҳи воқеъ дар кӯчаи Беловежская дар наздикии шоҳроҳи Можайское дар ғарби Маскав сурат гирифтааст. Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, як сокини маҳаллӣ ба пулис шикоят кардааст, ки гӯё муҳоҷирон ба варзишгоҳ омада, як гуруҳи наврасони маҳаллиро аз он ҷо пеш карда, варзишгоҳро соҳиб шудаанд ва худашон онҷо футбол бозӣ кардаанд. Ин иддао дар ниҳоят исбот нашуд, вале баҳонае шуд барои ҳаром кардани истироҳати тақрибан 50 муҳоҷире, ки дар варзишгоҳ ҷамъ шуда буд.

Дар рӯзҳои охир аз шаҳрҳои гуногуни Русия дар бораи афзоиши рейдҳо ба зидди муҳоҷирони тоҷик хабарҳо ба даст мерасанд. Аз ҷумла субҳи барвақти 19 майи имсол кормандони Отряди милитсияи таъйиноти махсус (ОМОН) ва Хадамоти федералии амният (ФСБ) ба хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи шаҳри Комсомолски лаби Амур фурӯ рехта, дурбинҳои назоратиро хомӯш кардаанд ва донишҷӯёни тоҷикро, ки ягон амали ғайриқонунӣ содир накарда буданд, бераҳмона лату кӯб намуда, ҳуҷҷатҳову телефонҳои онҳоро мусодира намудаанд. Донишҷӯёни тоҷик шикоят доранд, ки нирӯҳои ОМОН ва ФСБ дар хобгоҳ танҳо донишҷӯёни тоҷикро “шикор” мекарданд ва онҳоро латтукӯб ва дар роҳрав қатор карданд ва танҳо баъди ин аз онҳо ҳуҷҷат пурсиданд.

Маъмурияти Донишгоҳи шаҳри Комсомолски лаби Амур сабаби рейди субҳи 19 майи ОМОН дар хобгоҳи ин донишгоҳро ҷустуҷӯи донишҷӯи тоҷике номид, ки гӯё ба кадом созмони террористӣ пул гузаронда бошад. Вале зоҳиран ин танҳо як баҳонаи бофта барои анҷоми ин рейд буд, зеро маъмурияти донишгоҳ эътироф кард, ки ин фарзияи пулгузаронӣ тасдиқ нашуд.

Ҳамин тавр, муҳоҷирони тоҷик аз шаҳраки Котелники дар канори шаҳри Маскав шикоят доранд, ки рӯзҳои 18 ва 24 май дар ин шаҳрак рейдҳои ОМОН доир шуда, ҳудуди 400 тоҷикро дастгир кардаанд. Гуфта мешавад, ки гӯё як гуруҳи сокинони Котелники ба президенти Русия Владимир Путин дар бораи ҳузури, ба ақидаи онҳо, беш аз ҳадди тоҷикҳо дар ин шаҳрак шикоят кардаанд ва маҳз баъди ҳамин шикоят нирӯҳои пулис ва ОМОН болои сари тоҷикҳо дар Котелники фурӯ рехтаанд. Тоҷикҳои муқими Котелники, ҳатто онҳое ҳам, ки шаҳрвандии Русияро доранд, мегӯянд, аз тарси таъқиб аз хонаҳояшон берун намебароянд ва ҳамаи ошхонаҳои марбут ба тоҷикон, аз ҷусмла “Амина”, “Дидор” ва “Роҳат” дар инҷо баста шудаанд.

Субҳи 30 май бошад даҳҳо муҳоҷири дигари тоҷикро аз хобгоҳашон дар назди истгоҳи метрои “Митино” дастгир карда, ба пулис бурдаанд.

Мавҷи фишору таъқиби шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳрҳои гуногуни Русия мояи нигаронии мақомоти Душанбе шудааст. Рӯзи 24 май вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар як иқдоми дар равобити Душанбеву Маскав камсобиқае сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григоревро дар робита ба муносибати бераҳмона нисбат ба беш аз 100 донишҷӯи тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Комсомолски лаби Амур ва дигар ҳодисаҳои марбут ба таъқиби шаҳрвандони тоҷик дар Русия ба вазорат даъват карда, таъкид кардааст, ки “чунин ҳодисаҳо ба рӯҳи муносибатҳои шарокати стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистону Россия муносиб набуда, метавонанд ба талошҳои ҷонибҳо баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф зиён расонанд”.

Дар урфи дипломатӣ маъмулан сафири як кишварро дар сурати хеле норозӣ будани тарафи мизбон аз амалҳои ин сафорат ё давлате, ки он намояндагӣ мекунад, ба вазорат даъват мекунанд.

Ҳамин тавр, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва омбудсмени тоҷик Умед Бобозода аз ҳамтоёни руси худ хостанд, ки ба ин қазияҳои марбут ба таъқиби муҳоҷирони тоҷик дахолат карда, ба тафтиши мунсифонаи ин ҳодисаҳо мусоидат кунанд.

Бархе нозирони умур тахмин мезананд, ки ин мавҷи нави таъқиботу фишор нисбат ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия метавонад ба натиҷаҳои нишасти якуми сарони Хитой ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Сиан рабт дошта бошад, ки Хитой дар он нишаст ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ваъдаи қариб 50 миллиард доллар сармоягузорӣ дода, амалан худро ба ин давлатҳо ҳатто аз Русия ҳам наздиктар сохт. Зоҳиран Русия, ки ба сабаби дар ботлоқи ҷанги Украина дармонданаш хеле заиф шудааст ва дигар тавони гирифтани пеши роҳи тавсиаталабии Хитойро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ надорад, барои  фишор расондан ба ҳукуматҳои ин минтақа, ки онро “ҳавлии дарунии худ” ва қаламрави нуфузи таърихиаш мешумурд, аз ягона василаи фишори дар дасташ боқимонда, яъне қартаи муҳоҷирони корӣ истифода мебарад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button