ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

АЗ МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ 5 ҲАЗОР РУБЛИ ҚАЛБАКӢ ЁФТААНД

Дар шаҳри Саранск, пойтахти ҷумҳурии Мордовияи Русия аз як зодаи Тоҷикистон 5 ҳазор рубли қалбакӣ пайдо кардаанд. Дар ин бора рӯзи 30 майи соли 2023 нашрияи маҳаллии “МордовМедиа” хабар дод. Бино ба иттилои нашрия, ба пулис хабар додаанд, ки як марди 32-солаи зодаи Тоҷикистон 5 ҳазор рубли қалбакиро барои иваз кардан ба бонк овардааст. Ӯ гуфтааст, ки ин пул дар ҷайбаш буд а онро нофаҳмида ба мошини либосшӯӣ андохтааст. Дар натиҷа, пул обшуста ва хеле фарсуда ба назар мерасид ва муҳоҷири тоҷикро онро ба бонк бурдааст, то иваз кунад.

Ин марди тоҷик ба пулис гуфтааст, ки пулро ба ӯ падараш, ки аз Тоҷикистон ба меҳмонӣ омада буд,  додааст. Падари ӯ ба навбати худ гуфтааст, ки ин пулро ба вай яке аз хешовандонаш, ки дар Русия дар сохтмон кор мекунад, ҳамчун ҳадя додааст. Ба эҳтимоли ғолиб бо ин коргари сохтмончӣ барои иҷрои ягон кор бо чунин пули қалбакӣ ҳисобу китоб кардаанд.

Муҳоҷирон мегӯянд, чунин ҳолатҳои бо пули қалбакӣ ҳисобу китоб кардани корфармоҳо дар Русия зиёд рух медиҳанд.

Шаҳрвандони Тоҷикистонро барои ин ҳолати ахир шояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ накашанд, чунки сухан дар бораи дидаю дониста ба муомилот баровардани пулҳои қалбакӣ намеравад, балки ин тоҷикҳо худашон ҳам ҷабрдида буда, қурбони фиреби дигарон шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button