ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳҲодиса

КӮДАКИ ЯКСОЛАИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК АЗ ҚАБАТИ ҲАФТУМ БА ЗАМИН АФТОДА, ЗИНДА МОНД

Рӯзи 29 майи соли 2023 дар шаҳри Гатчинаи вилояти Ленингради Русия як кӯдаки яксолаи муҳоҷирони тоҷик аз қабати ҳафтуми бинои истиқоматӣ, аз баландии 20 метр ба замин афтода, ба сурати мӯъҷизавӣ зинда мондааст. Дар ин бора нашрияҳои маҳаллӣ хабар доданд.

Бино ба гузориши хабаргузории “Оперативное прикрытие”,  рӯзи 29 май мошини “Ёрии таъҷилӣ” барои кумак ба як кӯдаки соли таваллудаш 2022 ба назди бинои №26 дар кӯчаи Хохлови шаҳри Гатчина омад. Маълум шуд, ки дар ин ҷо аз тирезаи як манзили иҷора дар қабати ҳафтум ба сабаби писарашро беназорат гузоштани модараш, шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон, кӯдаки яксола аз қабати ҳафтум ба замин афтодааст.

Шабакаи телевизионии “Санкт-Петербург” хабар дод, ки дар бораи ин ҳодиса ба пулис як зан занг зада, хабар додааст. Ӯ ҳам гуфтааст ки аз тирезаи қабати ҳафтуми бинои №26 дар кӯчаи Хохлов кӯдаки яксола ба замин афтодааст.

Ин тифлро бо ҷароҳатҳои зиёд дар ҳолати вазнин ба бемористони клиникии байниноҳиявии Гатчина бурдаанд. Табибон вазъи ӯро вазнин арзёбӣ мекунанд, вале мегӯянд, худи инки баъди афтодан аз чунин баландӣ зинда мондааст, як мӯъҷиза аст.

Бино ба гузоришҳо, хонаводаи ин кӯдак хонаводаи солиму бемушкил будааст, вале бино ба иттилои ТВ ”Санкт-Петербург”, пулис падари ин тифлро боздошт кардааст. Хабаргузории “Оперативное прикрытие” хабар дод, ки волидони кӯдак ба Русия барои кор омада, сабти ном муваққат доштанд, вале замони сабти номашон ба охир расида буд. Ба иттилои ин хабаргузорӣ, падари кӯдакро, ки 22 сол дошта, шаҳрванди Тоҷикистон будааст, барои вайрон кардани қоидаҳои будубош ва напардохтани як ҷаримаи кӯҳна дастгир кардаанд ва ӯ феълан дар тавқифгоҳ (ИВС) қарор доштааст.

Тафсилоти дигари ин ҳодиса дар даст нест. Падару модари ин кӯдаки ба таври мӯъҷизавӣ зиндамонда барои шарҳи ҳодиса дастрас нестанд.

Шаҳри  Гатчина  тақрибан 95 ҳазор аҳолӣ дошта,  дар 45-километрии ҷануби шаҳри Санкт-Петербург ҷойгир шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button