ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ КӮДАКИ НӮҲСОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИНИ “ЧАНХУ” ДАР КАНОРИ ШАҲРИ ХОРУҒ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 19.04.2023

Ба ҳалокат расидани дучархасавори хурдсол дар ҳодисаи нақлиётӣ

002

18-уми апрели соли 2023, тахминан соати 18.30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Чанху”, Лутфишоев Абдураҳмон Садоншоевич, соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи Шуғнон, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хоруғ ба самти ноҳияи Шуғнон, дар ҳудуди маҳаллаи Тем аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарони ноболиғ Давлатназаров Фрайдун Абдуллович, соли таваллудаш 2014, сокини шаҳри Хоруғро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Давлатназаров Ф.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ҳодисаи мазкур санҷиш идома дорад.

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

23

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 68-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи июли соли 2022, марди 53-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад асбоби барқӣ (трансформатор)-ро ба маблағи 25 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини шаҳри Ҳисор ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда бо роҳи фиреб ба боварии зани 55-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ 3 ҳазору 600 доллари амрикоӣ гирифта, аз заминҳои хоҷагии ёрирасони ҷамоати шаҳраки Шарора 0.06 га заминро ҷудо карда додааст, ки замини ҷудокардаи ӯ ба заминҳои таъминоти кишоварзии корам мансуб будааст ва маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсиаш истифода бурдааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button