ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ЁФТ ШУДАНИ ҶАСАДҲОИ ДУ МӮСАФЕД АЗ ДАРЁИ ҚАРАТОҒ ВА КАНАЛИ ҲИСОР

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 9 апрели соли 2023 ҷасадҳои ду марди солхӯрдаро, ки якеаш 68 сол ва дуюмӣ 82 сол доштанд, аз дарёи Қаратоғ ва канали калони Ҳисор берун кашидаанд.

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълони ҷустуҷӯи сокини 68-солаи ҷамоати Қаратоғ, воқеъ дар канори шаҳри Турсунзода нашр шуда буд.

Гуфта мешуд, ки ин марди солхӯрда субҳи 25 марти соли 2023, тахминан соатҳои 7, як сар чорвояшро барои чаронидан ба кӯҳ бурдааст. Чорво алакай соати 9 худаш ба хона баргаштааст, вале мӯсафед бедарак шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, “ҷустуҷӯи шахси ғайбзада аз ҷониби шуъбаи КҲФ дар шаҳри Турсунзода бо ҷалби сокинони маҳаллӣ тӯли ин рӯзҳо бенатиҷа идома дошт. Рӯзи 9-уми апрел ҷасади ӯро аз дарёи Қаратоғ пайдо карданд ва ба пайвандонаш супурданд. Сабаби марги ӯ маълум нест, аммо ба эҳтимоли зиёд риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми чорвочаронӣ аст”.

Бино ба хабари дигари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, шаби 9 апрел дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҷасади боз як марди солхӯрдаро пайдо кардаанд. Шаби 9 апрели соли 2023, соати 21:08 ба қисми навбатдории Кумита занг зада, хабар додаанд, ки дар даруни канали калони Ҳисор дар ҳудуди ноҳияи Синои пойтахти Тоҷикистон ҷасадеро ёфтаанд.

 “Ба ҷои ҳодиса гуруҳи наҷотбахшони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе равон карда шуд. Маълум гардид, ки ин ҷасади сокини 82-солаи ноҳияи Синои пойтахт аст. Сабабҳои марги ин марди солхӯрдаро мақомоти дахлдор муайян мекунанд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи Кумита.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар бораи марги ин сокини Сино тафсилоти дигар надодааст, вале дар робита ба марги сокини Қаратоғ, бо изҳори таслият ба пайвандагону бозмондагони марҳум  як бори дигар аз сокинон хостааст, то ҳангоми анҷоми корҳои саҳро, ғунучини ҳезум ё ҷамъоварии рустаниҳои дорувор, шикор ё моҳидорӣ, чорвочаронӣ дар кӯҳу доманакӯҳҳо, соҳили рӯдхонаҳо қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

“Кумита ҳамарӯза аз вазъи ҳаво ва риояи ин гуна қоидаҳо гузоришҳо интишор медиҳад ва сокинонро аз паёмадҳои боронҳои пуршиддат, резиши сангу лағзиши тарма ва ё ярч огоҳ мекунад. Мутаассифона, кам касон ба ин ҳушдорҳо эътибор медиҳанд. Дар ҳоле ки риояи қоидаҳои бехатарӣ ва ё гӯш фаро додан ба маслиҳату  машваратҳо гарави бехатариву амнияти худи шаҳрвандон аст”, гуфта мешавад дар иттилоияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

Канали калони Ҳисор

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button