ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

САДАМАИ МАРГОВАР ДАР МАВЗЕИ АРХАРИ НОҲИЯИ МУРҒОБ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шоми  9-уми апрели соли 2023, тахминан соати 19:00, дар километри 5-уми шоҳроҳи “Мурғоб-Қизил-Арт” дар мавзеъи Архари ноҳияи Мурғоб, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хонда-Серви”, Атиёров Тоши Дилдорович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, ба тарафи рости роҳ автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Атиёров Т.Д. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири автомашинаи мазкур, Мирзобеков Алишер Пӯлодбекович, соли таваллудаш 2009, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Ноҳияи Мурғоб дар шарқи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар марзи Тоҷикистон бо Хитой ҷойгир шудааст.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button