ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЛАТТУКӮБИ ҲАМКОР ДАР ИСТАРАВШАН ВА ЗАНОЗАНИИ ДУ АШТӢ ДАР БОЗОРЧАИ ХУҶАНД

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 10.04.2023

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар натиҷаи муноқиша

125

Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 35-солаи сокини шаҳри Истаравшан оғоз карда шудааст.
Номбурда, субҳи 1-уми апрели соли 2023, тахминан соати 07:30, дар ҷойи кораш аз сабаби муноқишаи ба миёномада бо ҳамкораш, марди 38-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро лату кӯб намудааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Инчунин, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 30-солаи сокини ноҳияи Ашт, оғоз карда шудааст.
Номбурда, нимашаби 8-уми апрели соли 2023, тахминан соати 01:50, дар ҳолати мастӣ қарор дошта дар назди бозорчаи маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд аз сабаби муноқишаи ба миёномада бо марди 29-солаи сокини ноҳияи Ашт ҷангу ҷанҷол намуда ӯро лату кӯб намудааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани ду нафар бо ҷурми дуздии чорво

19

Ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон аризаи марди 33-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи апрели соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди оғилхонааш шуда, аз онҷо як сар чорвои калони шохдорро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 31 ва ҷавони 24-солаи сокинони ҳамин ноҳия содир намудаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

23

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи зани 32-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи ноябри соли 2021, марди 33-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 13 ҳазор доллари амрикоиро ба муҳлати як моҳ гирифта то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 44-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки соли 2019, дар ҶДММ бозори “Корвон” марди 39-солаи сокини шаҳри Душанбе ба бовариаш даромада аз ӯ 265 ҳазор сомониашро гирифта ваъда додааст, ки дар муддати як моҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 26-солаи сокини шаҳри Конибодом оғоз карда шуд.
Номбурда, моҳи ноябри соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии зани 50-солаи сокини шаҳри мазкур даромада аз у ҷавоҳироти тиллоиро ба маблағи 42 ҳазору 600 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button