ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ЗУЛФИЯ ҲАСАНОВА, ТАРҶУМОНИ “БАҲОРИСТОН”-И ҶОМӢ БА ЗАБОНИ РУСӢ

Зулфия Ҳасанова, адабиётшинос ва тарҷумони тоҷик, рӯзи 9 апрели соли 2023 дар шаҳри Душанбе дар синни 87 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора дар Фейсбук журналист Одил Нозир хабар дод.

Зулфия Ҳасанова 7 декабри соли 1935 дар Бухоро ба дунё омада, риштаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Бино ба иттилои Одил Нозир, билофосила баъди хатми донишгоҳ, Зулфия Ҳасанова ба саффи шогирдони адиб ва адабиётшиноси шинохта Расул Ҳодизода пайваста, дар муҳити илмии Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ба камолоти илмӣ расид ва доир ба жанри эпистолярӣ ё номанигорӣ дар адабиёти классикӣ рисолаи номзадиашро дифоъ кардааст.

Аммо Зулфия Ҳасанова дар муҳити илму адаби тоҷик бештар ҳамчун тарҷумон шуҳрат дорад.

Одил Нозир менависад: Ӯ аз нафарони ангуштшуморе буд, ки осори адибону олимони тоҷикро ба забони русӣ тарҷума мекард. Бештар дар тарҷумаи мутуни классикӣ маҳорат пайдо карда буд. Осори илмиро низ дар сатҳи олӣ тарҷума мекард. Чун забони русиро бо ҳамаи назокатҳояш медонист, ҳангоми тарҷума руҳи матни форсиро ба забони Пушкин возеҳ баён мекард. Аксари онҳое, ки осори форсии тоҷикиро ба забони русӣ тарҷума кардаанд, забони моро намедонистанд ва аз рӯйи тарҷумаи сатр ба сатр (подстрочник) ин корро ба сомон мерасониданд. Бартарии тарҷумаҳои Зулфия Ҳасанова дар он аст, ки вай меросбари забони мадхал ва донандаи хуби забони тарҷумашаванда буд”.

Яке аз тарҷумаҳои шоҳкори ӯ тарҷумаи асари шоҳкори Абдурраҳмони Ҷомӣ “Баҳористон” буд, ки онро Зулфия Ҳасанова ҳанӯз дар замони шӯравӣ ба забони русӣ тарҷума кардааст.

Одил Нозир менависад: “Дар як суҳбат эшон ба банда гуфта буданд, ки ин асари нодири адабиёти классикиро бо хоҳиши профессор Аълохон Афсаҳзод тарҷума кардаанд. Пораҳои назмии “Баҳористон”-ро аз рӯйи “подстрочник”-и З. Ҳасанова тарҷумонҳо А. Адалис, Т. Стершенова, М. Фофанова ба забони Пушкин тарҷума кардаанд. “Весенний сад” – тарҷумаи Зулфия Ҳасанова соли 1978 дар нашриёти “Советский писатель”-и Москва бо сарсухани Аълохон Афсаҳзод нашр шудааст. Баъдан, он ба муносибати 575-солагии Абдурраҳмони Ҷомӣ дар Душанбе низ чоп шуд. Соли 2014 ин тарҷума вориди маҷмӯаи “Ларец мудрости» (мураттиб Мирзо Муллоаҳмад) шуд, ки ба муносибати 600-солагии Абдурраҳмони Ҷомӣ нашриёти “Дониш”-и АМИТ ҶТ бо сарсухани Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нашр кард”.

Мавриди ёдоварист, ки “Баҳористон”-ро ҳанӯз аз солҳои 30-юм хонандаи рус медонист. Ин асари маъруфи Ҷомиро дар якҷоягӣ бо достони “Салмон ва Абсол” шарқшиноси маъруфи рус Константин Чайкин соли 1935 ба пешвози Конгресси 3-юми таъриху фарҳанги иронӣ тарҷума карда бо сарсухани муфассал ва шарҳу тавзеҳоти илмӣ ба нашр расонида буд. Вале тарҷумаи Чайкин бо сабки тарҷумаҳои хоси ҳамон замон – тарҷумаи озод анҷом дода шудааст.

Тарҷумаи Зулфия Ҳасанова бошад, тарҷумаи сирф ҳунарӣ аст. Вақте кас ин тарҷумаро мехонад, дарк мекунад, ки рӯҳи асари Ҷомӣ ҳифз шудааст. Зимни навиштан ин сатрҳо вақте ин тарҷумаро варақ мезадам ба ёдам гуфтаи Темур Зулфиқоров расид: “Тарҷумон айнан ба мисли донор аст, ки хуни худашро ба дигарон мегузаронад” – гуфта буд нависанда зимни яке аз суҳбатҳои хеш. Воқеан, тарҷумаи “Баҳористон”-ро марҳум Зулфия Ҳасанова бо маҳорати баланд анҷом дода аст”, – менависад Одил Нозир.

Олимони тоҷик, ки аз ҳунари баланди тарҷумонии Зулфия Ҳасанова огоҳ буданд, тарҷумаи рисолаҳои худро ба ӯ бовар мекарданд.  

“Ҳамин аст, ки солҳои охир бештари рисолаҳо ва фишурдаҳои номзадиву докторӣ дар бахши филология, фалсафа, таърих ва педогогикаро Зулфия Ҳасанова тарҷума мекарданд. Шунида будам, ки марҳум Худоӣ Шарифзода ба шогирдонашон таъкид мекардаанд, ки рисолаҳояшонро фақат Зулфия Ҳасанова тарҷума кунад, зеро эшон ба хубӣ дарк мекарданд, ки ин бонуи ҳалолкор корро бо сифати баланд ба анҷом мерасонад. Дар дидоре, ки дар ҳамоиши “Мушкилоти тарҷумаи бадеӣ ва робитаҳои адабӣ” (бахшида ба 80-солагии Закия Муллоҷонова, 16 апрели соли 2018) доштем, Зулфия Ҳасанова аз он афсӯс хӯрданд, ки бештари вақташон дар тарҷумаи рисолаҳои номзадиву доктории дигарон гузашт ва худашон натавонистанд осори ба рӯҳашон созгорро тарҷума кунанд”, – навиштааст Одил Нозир.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button