АфғонистонВидеоҲуқуқи инсон

ДАР ЭРОН ВУРУДИ АФҒОНҲОРО БА ЯК БОҒИ ИСТИРОҲАТӢ ДАР РӮЗҲОИ ИДИ НАВРӮЗ МАНЪ КАРДААНД

Нашрияи ”Шарқ”  аз рафторҳои нажодпарастона дар боғи тафрeҳие дар Теҳрон, пойтахти Эрон гузориш дод. Бино ба гузориши ин нашрия, масъулини боғи фароғатии “Бом Ленд” ба нигоҳбонони ин парк дастур додаанд, то дар рӯзҳои иди Наврӯз ба зодагони Афғонистон иҷоза надиҳанд, вориди боғ гарданд.

Нашрия бо такя ба сарчашмаҳои худ менависад, ки “маҷмааи “Бом Ленд ” мамнӯъияти вуруди муҳоҷирони афғонистонӣ аз аввал то чаҳоруми фарвардинмоҳро содир кардааст”. Бино ба навиштаи рӯзнома, масъулон ва посбонҳои ин боғи фароғатӣ, “барои роҳати шаҳрвандони Эрон” вуруди афғонистониҳо дар ин 4 рӯз ба муҷтамаи “Бом Ленд”-ро  мамнӯъ кардаанд.

Пас аз расонаӣ шудани ин хабар, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷи вокунишҳои манфиро дар фазои маҷозӣ ба бор овардаанд. Онҳо ин рафтори мансабдорони ҳукумати Ҷумҳурии исломиро нажодпарастона ва ғайриинсонӣ медонанд. Вале дар байни онҳо нафарони андаке низ пайдо мешавад, ки аз ин иқдом пуштибонӣ мекунанд. Дар умум бошад, ба навиштаи “Эрон Интенешнал”, тааҷҷуб” ва “таассуф” ду вокуниши пуртакрор аз сӯи корбарони фазои маҷозӣ буд.

Масъулони ин боғи фароғатӣ хабарро рад ва ё таъйид накардаанд. Ҳамчунин ба посухҳои рӯзноманигорон низ ҷавоб надодаанд. То ба ҳол ҳукумат ҳам дар ин росто чизе нагуфтааст.

Аммо дар ҳамин ҳол Шӯрои шаҳри Теҳрон ба расонаҳо гуфтааст, ки “дар ҷараёни ин хабар нестем ва аз тариқи шумо аз он муталлеъ шудем ва намедонем чунин хабар сиҳат дорад ё хайр. Вале баъид медонем, ки далеле барои чунин маҳдудияте вуҷуд дошта бошад”.

Дар айни замон, сокинони атрофи ин парк ба расонаҳо гуфтаанд, ки “дар рӯзҳои аввали Наврӯз чунин маҳдудияте барои муҳоҷирони афғонистонӣ вуҷуд дошт. Вақте далели онро мепурсидем, нигоҳбонони муҷтама муддаӣ мешуданд, ки муҳоҷирони афғонистонӣ мушкилоте дар боғ эҷод мекунанд”.

Чунин рафтори табъизомези мақомоти эронӣ нисбат ба афғонҳо пеш аз ин ҳам собиқа доштаст. Чанд соле пеш дар ҷашни Наврӯз дар Исфаҳон низ афғонҳоро ба боғи Сафа иҷозаи вуруд надода буданд. Шаҳрдори Исфаҳон он замон гуфта буд, ки “барои эҷоди амният ва таъмини рафоҳи боздидкунандаҳо иҷозаи вуруд ба боғ ба афғонҳо мамнӯъ аст”.

Дар ростои хабари ахир, бино ба гузориши “Афғонистон Интенешнал”,  ду ҳунарпешаи афғонистонии муқими Эрон, ки як аз онҳо духтар аст, бе рӯйсарӣ дар Теҳрон дар як ҳаракати эътирозӣ дар баробари “сиёсати нажодпарастонаи маркази тафреҳии “Бом Ленд” ” консерти кӯчагӣ баргузор карданд.

Ин духтар гуфтааст, “ҳоло ки инҷо истодаам ва мехоҳам овоз бихонам, ҷурм аст. Ва инки шол (рӯймол) надорам, ҷурм аст”. Ӯ аз мардуми Эрон хостааст аз ҳуқуқи муҳоҷирони афғон ҳимоят кунанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба гузоришҳо, ахиран дар хазинаҳои метрои Теҳрон ба муҳоҷирони афғон ба сабаби аз Афғонистон буданашон бо пули нақд чиптаи метро нафурӯхтаанд.

Рӯзи 9 апрели соли 2023 рӯзномаҳои Эрон хабар доданд, ки Нарҷис Сулаймонӣ, духтари Қосим Сулаймонӣ як генерали пурнуфузи Эрон, ки дар Ироқ ҳадафи нерӯҳои ҳавоии Амрико қарор гирифта, кушта шуда буд, аз афғонҳо узр пурсидааст.

Нарҷис Сулаймонӣ, ки узви Шӯрои шаҳри Теҳрон аст, дар ҷаласаи ин ниҳод гуфтааст, ки “бобати ихтилоли пешомада дар метро аз шаҳрвандони азиз узрхоҳӣ мекунам”.

Бояд ёдовар шуд, ки бино ба оморҳо, наздик ба 4 миллион аз шаҳрвандони Афғонистон дар Эрон зиндагонӣ мекунанд. Аксарияти онҳо гурезаҳои ҷанг ҳастанду дар як шароити вазнини иқтисодӣ қарор доранд. Онҳо мегӯянд, ки бе ин рафторҳои табъизомези ҳукуматдорони Эрон ҳам аз сӯи мардуми бумӣ зиёд таҳқир мешаванд, вале шароити бади Афғонистон ва ҷангу ҷидол онҳоро маҷбур кардааст, бо вуҷуди ин ҳама хориву залилӣ зиндагии худро дар Эрон идома диҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Раиси ҳизби “Тағйири Тоҷикистон” Доктор Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадпури Ҳамадонӣ гуяд:

    Аҳолии 90-миллионии эрон шоистаи як инқилоби нави демократӣ ҳастанд. Диктатураи мазҳабӣ ҷуз фақру бадбахтӣ ба мардум чизе надод, аз ин пеш низоми подшоҳию шоҳаншоҳии ризошоҳ низ ҳеч гуле накошта буд, бигузор миллати сарбаланду бостонии эрони бошукуҳ сарнавишти худро ба дасти худ бигиранд ва аз дасти ин “охундҳо” (муллоҳо)-и ҷоҳил кишвари зебои эронро ба як сарзамини нави демократӣ ва хоки озодӣ табдил бидиҳанд. Чанде аз шиорҳои зебои озодихоҳони эрон:
    “Сурияро раҳо кун, фикре ба ҳоли мо кун!”
    “Хоманаӣ қотилай, ҳукуматаш ботилай!”
    “Мемирем, мемирем-эронро пас мегирем!”

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button