АфғонистонВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

ДАР ШУҒНОН ДАР МАСОҲАТИ 1075 ГЕКТАР МАШҚГОҲИ ҲАРБӢ (ПОЛИГОН) МЕСОЗАНД

Ҳукумати Тоҷикистон ба вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ барои сохтмони машқгоҳи ҳарбӣ дар сарҳад бо Афғонистон қитъаи замин ҷудо кардааст.

Мувофиқи қарор, қитъаи замин дар ноҳияи Шуғнони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) барои истифодаи бемуҳлат ба вазорати мудофиаи Тоҷикистон барои гузаронидани машқҳои мунтазами тактикӣ, тирпарронӣ ва ронандагӣ дода мешавад.

“Барои сохтмони машқгоҳ аз заминҳои хоҷагии давлатии “Помир” дар ноҳияи Шуғнон” бо майдони умумии 1075,30 гектар, аз он 109,08 гектар чарогоҳ, 0,62 гектар – зери дарёҳо, ҷӯйҳо ва сойҳо, 94,98 гектар – қумзор, 0,03 гектар – зери роҳҳо ва гузаргоҳҳо, 870,59 гектар – фурӯрафта, ярч ва шағалдор гирифта мешаванд”, – омадааст дар қарор.

Ба вазорати мудофиаи Тоҷикистон супориш дода шудааст, ки қитъаҳои замини додашударо бо тартиби муқарраргардида мувофиқи таъинот мақсаднок истифода намояд.

Дигар ҷузъиёти масъала, аз ҷумла муҳлати муқарраршуда барои сохтмони машқгоҳи ҳарбӣ дар ноҳияи Шуғнон дар қарори ҳукумат зикр нашудааст.

Дар вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ низ ба “Азия Плюс” муяссар нашуд, ки дар бораи ҷузъиёти сохтмони машқгоҳи нав маълумот дарёфт кунад.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон дар наздикии марз бо Афғонистон ду машқгоҳи ҳарбӣ амал мекунанд: “Момирак”, ки  каме дуртар аз шаҳри Кӯлоб ҷойгир шудааст, ва “Ҳарбмайдон”, воқеъ дар қаламрави ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон.

Ғайр аз ин, каме дуртар аз Душанбе машқгоҳҳои “Фахробод” ва “Лоҳур” ва дар наздикии шаҳри Бохтар – тамрингоҳи “Самбули” ҷойгиранд, ки дар он ҷо воҳидҳои  пойгоҳи низомии 201-уми Русия мустақар шудаанд.

Манбаъ: “Азия Плюс”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button