ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

30 ФОИЗ АРЗОНТАР АЗ НАРХИ БОЗОР: ТАШКИЛИ ЯРМАРКАИ НАВРӮЗӢ БАРОИ КОРМАНДОНИ ВКД (2 АКС)

20-уми марти соли 2023, бо ташаббус ва дастгирии роҳбарияти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯз дар шафати бинои дастгоҳи марказии вазорат  дар маркази шаҳри Душанбе ярмарка-фурӯши маҳсулоти ғизоӣ доир гардидааст.
Полковник Маҳбуба Гул, сухангӯи ВКД дар як гузориш аз ҷараёни ярмарка навишт, ки он “бо мақсади таъмини фаровонии маҳсулот ва ҳифзи иҷтимоии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ” ташкил гардида, дар ярмарка маҳсулоти хӯрока, аз қабили гӯшт, картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ, тухм, орд ва дигар маҳсулоти ғизоӣ пешкаши харидорон карда шуд.
Бино ба иттилои сухангӯи вазорат, маҳсулоти кишоварзӣдар ин ярмарка  аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасони мақомоти корҳои дохилӣ пешниҳод гардида, нисбат ба бозору марказҳои савдо нархи онҳо 30 фоиз арзонтар ба фурӯш гузошта шуда буд.
Маҳбуба Гул менависад, “баргузории ярмаркаи маҳсулоти ғизоӣ дар арафаи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз барои ғанӣ гардонидани дастархони идона мусоидат хоҳад кард”.

Роҳбарияти ВКД маъмулан дар арафаи аксари иду ҷашнҳо, аз ҷумла дар арафаи Соли нав, Наврӯз, идҳои Рамазону Қурбон, Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон ва Рӯзи милитсия (10 ноябр) барои кормандонаш чунин ярмаркаҳои маҳсулоти арзон ташкил мекунад. Бисёриҳо чунин ибтикорро барои роҳбарони дигар идораву вазоратҳо низ қобили дастгирӣ меноманд.



Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button