Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

БАРХӮРДИ МАРГОВАРИ “ТОЙОТА” БО ТЕПЛОВОЗ ВА МАРГИ ДУЧАРХАРОН ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “ОПЕЛ”

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи 18 марти соли 2023 дар байни ҳамагӣ ду соат дар ҷумҳурӣ ду садамаи марговар рух додааст.

Аз ҷумла, субҳи 17-уми марти соли 2023, тахминан соати 08:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Шерхонов Ҳабибулло Искандарович, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Давлатов Сафар Фақирович, соли таваллудаш 1957, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарон Давлатов С.Ф. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, ҳамон субҳи 17-уми марти соли 2023, тахминан соати 10:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Камри”, Раҷабов Шамсиддин Абдулфайзович, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Ховалинг, ҳангоми ҳаракат дар гузаргоҳи автомобилии фосилароҳи “Спитамен-Ҷ.Расулов”, дар километри 57-ум пикети 6 аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тепловози ТЭЗЗА-0178 таҳти идораи машинист, Абдурасулов Далерҷон Собирҷонович, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Камри”, Раҷабов Ш.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button