Хабарҳои кӯтоҳ

АЗ СОКИНИ ҶАЙҲУН БО ВАЪДАИ ОЗОД КАРДАНИ ПИСАРАШ 10 ҲАЗОР ДОЛЛАР ГИРИФТААНД

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 18.03.2023

Дастгир шудани қолиндузд

124

Ба ШВКД дар шаҳри Бӯстон аризаи марди 69-солаи сокини ноҳияи Деваштич ворид гардидааст, ки 13-уми марти соли 2023, тахминан соати 11:20-дақиқа, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз хонаи дигари истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Бӯстон 2-адад қолинро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 12 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ноҳияи Ашт бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани марди қаллоб

140

Ҳангоми санҷиши аризаи марди 60-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳун аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 41-солаи сокини шаҳри Душанбе моҳи августи соли 2022, фаҳмидааст, ки нисбати марди 35-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳун, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ӯро дастгир намудаанд.

Номбурда, бо падари ӯ марди 60-сола шиносоӣ пайдо намуда, барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани писараш маблағи 10 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button