ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

ОЛМОНУ АМРИКО БА УКРАИНА ТАНКҲОИ ҚАВИИ “ЛЕОПАРД” ВА “АБРАМС” МЕДИҲАНД

Садри  аъзами Олмон Олаф Шолтс рӯзи 25- уми январи соли 2023 дар рӯзи зодрӯзи президенти Украина Владимир Заленский зимни баромади худ дар Бундестаг эълон намуд, ки кишвараш 14 танки “Leopard”-и худро ба Украина мефиристад ва ҳамзамон ба дигар кишварҳо низ иҷозаи таҳвил додани танкҳои сохти Олмонро медиҳад.   Ӯ афзуд, ки “ин тасмими гирифтаи мо барои пуштибонӣ аз Украина ва то ҳадде мувофиқи имконоти мост”.

То ин дам Олмон аз ирсоли танкҳои худ ба Украина худдорӣ менамуд ва ҳатто ба дигар кишварҳо ҳам иҷоза надода буд, то танкҳои сохти Олмонро ба Украина таҳвил бидиҳанд. Ин худдорӣ ва мамониати Олмон хелеҳоро ҳам дар Украина ва ҳам дар кишварҳои ғарбӣ ба ғазаб оварда буд.

Ҳатто кор то ба ҷое расид, ки Полша ва Финландия ба таври нимрасмӣ эълон намуданд, ки агар Олмон иҷоза ҳам надиҳад, онҳо танкҳои сохти Олмон, махсусан танкҳои маъруфи “Leopard”-ро ба Украина хоҳанд фиристод. Аз ҷумла сарвазири Полша Матеуш Мораветский дар саҳифаи Твиттери худ навишта буд, ки “мо даст рӯи даст гузошта тамошо нахоҳем кард, ки чигуна Украина дар оғӯши дарёи хун ғарқ мешавад”.

АВС News бо такя ба манобеи худ менависад, ки “дар умум 12 кишвари Аврупо таъйид кардаанд, ки дар сурати аз ҷониби Олмон ҷавоби мусбат гирифтан омодаанд, ки танкҳои “Leopard”-и худро ба Украина бифиристанд”. 

Дар ҳамин ҳол, Bloomberg аз суханронии Олаф Шолтс иқтибос оварда, менависад, ки “Олмон ва муттаҳидонаш дар муддати 3 моҳ дастикам то 112 “Leopard” ба Украина хоҳанд фиристод”, ки ин миқдор танк 2 баталйони танкиро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон Шолтс ваъда дод, ки дар баробари фиристодани танкҳои худ, тарзи истифодаи онро ба низомиҳои Украина омӯзиш хоҳанд дод ва инчунин дар оянда онҳоро таъмир ва бо тиру мушак таъмин хоҳанд намуд.   

Ҳамзамон, раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден низ рӯзи 25-уми январи соли 2023 хабар дод, ки дар ояндаи наздик Амрико ба Украина 31 танки “Abrams” ирсол мекунад. Байден ба садри аъзами Олмон барои таҳвили  танкҳои “Leopard” арзи сипос намуд ва афзуд, ки “Русия гумон кард, ки бо ин ҷанг моро аз ҳам мепошад, вале мо аз пештара дида яктанем”.

То ин дам Амрико низ аз ирсоли танкҳои “Abrams”-и худ худдорӣ менамуд. Ҳам мақомоти Амрико  ва ҳам бархе аз коршиносон мегуфтанд, ки танкҳои амрикоии “Abrams” хеле вазнин буда, дар ҷанги Украина истифода он шояд ба сӯд набошад. Чунки ҳар як чунин танк 70 тонна вазн дошта, нигоҳубини он низ дар Украина аз таъмир то таъмини мушаку омӯзиши низомиёни украинӣ хеле гарон меафтад. 

Вале бино ба хабарҳо, ҷониби Олмон пофишорӣ намуд, ки танҳо дар ҳолати ирсоли танкҳои “Abrams” аз сӯи Амрико омода аст “Leopard”-ҳоии худро ба Украина фиристад. Амрико низ барои мутмаин намудани Олмон розӣ ба ин шарт шуд, то Олмон ҳарчи зудтар танкҳои худро ба Украина бифиристад.

Дар  ҳамин ҳол, вазири мудофиаи Норвегия Борн Арилд гуфтааст, ки “дар айни замон танк барои Украина хеле зарур аст. Аз ин лиҳоз, ҳукумати Норвегия ин иқдомро пуштибонӣ намуда, ба Украина танкҳои худро мефиристад”. Вале ӯ миқдори мушаххасеро баён нанамуд. Танҳо гуфт, ки онҳо низ ба Украина танкҳои “Leopard”  мефиристанд.

Вазири мудофиаи Фаронса Себастян Лекорню низ аз ирсоли мошинҳои зиреҳпӯши ҳарбии АМХ10 ба Украина хабар дод. Ӯ таъкид намуд, ки “аллакай дар рӯзҳои аввали моҳи феврал ин зиреҳпӯшҳо вориди хоки Украина хоҳанд шуд”. 

Инчунин ширкати туркии “Baykar”, ки ба истеҳсоли ҳавопаймоҳои машҳури бидуни сарнишини Bayraktar машғул аст, боз 2 адад аз тайёраҳои бесарнишини зарбазани навъи “Bayraktar TB2”-и худро ба Украина тӯҳфа намуд. 

Бори аввал ин ширкати туркӣ моҳи майи соли 2022 ду адад ҳавопаймои бесарнишини зарбазани худро ба таври ройгон ба Украина фиристода буд.

Дар паи ин ҳама хабарҳо, аз ирсоли танкҳои замонавии ғарбӣ то тайёраҳои ҷангии бесарнишину мошинҳои зиреҳпӯш, масъулини Кремл талош доранд, ки ин ҳамаро нодида ё ночиз бигиранд. Дмитрий Песков, сухангӯи Путин мегӯяд, ки “нақши танкҳои ғарбиро хеле бузург ва иғроқомез нишон медиҳанд”. Ба гуфти ӯ, “ин  рафтори ғарбиҳо барои Украина мушкили иловагӣ изофа мекунад”.  Сафири Русия дар Олмон гуфт, “тасмими Олмон хеле хатарнок аст ва ин  муноқишаро ба сатҳи боло хоҳад бурд”.

Тасмими кишварҳои ҳомии Украина барои додани танкҳои замонавӣ, ба артиши Украина, бахше аз омодагии низомиёни украинӣ барои бозпасгирии минтақаҳои ишғолшуда дар шарқ ва ҷануби Украина арзёбӣ мешавад. Ҷониби Украина моҳҳо боз аз кишварҳои аврупоӣ дархости танк мекунад ва мегӯяд, ки танкҳо ба артиши Украина кӯмак мекунанд, то хати дифоии русҳоро бишкананд ва онҳоро ба ақибнишинӣ то марзҳои соли 1991 маҷбур кунанд.

Русия 24 феврали соли 2022 бо баҳонаи ҳимоят аз аҳолии русзабони Донбасс ба хоки Украина ҳамла оварда, дар моҳҳои аввал қисматҳои бузурге аз қаламрави ин кишварро ишғол кард. Вале батадриҷ таносуби нирӯҳо дар ҷабҳаҳои ҷанг тағйир ёфт ва артиши Украина тавонист алакай то поёни соли 2022 тақрибан 40 фоизи қаламравҳои аз сӯи Русия ишғолшударо озод кунад. Бовар меравад, ки ба даст овардани танкҳои замонавии сохти Олмону Амрико ба артиши Украина имкон медиҳад, ки бартариашро дар ҷабҳаҳои ҷанг  боз ҳам қавитар гардонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button