ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ЗАНЕ, КИ ХУДРО КОРМАНДИ ФОНДИ ХАЙРИЯ ГУФТА, МАРДУМРО ФИРЕБ МЕДОД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 26 январи соли 2023 аз ошкор шудани як  ҳолати ғайриоддии қаллобӣ бо истияода аз номи як фонди хайрия хабар дод.

Бино ба иттилои нашршуда,  ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 40-солаи сокини ноҳияи Ёвон муроҷиат намудааст, ки моҳи июли соли 2022, зани 36-солаи сокини ноҳияи А.Ҷомӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, худашро ҳамчун корманди фонди хайриявӣ муаррифӣ намуда, аз ӯ 91 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар асоси ҳуҷҷатҳои маъюбӣ ӯро дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо манзили истиқоматии дуҳуҷрагӣ таъмин мекунад. Аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ҷузъиёти дигари ин ҳолати авомфиребӣ ҳанӯз дастрас нест. Худи зани боздоштшуда ҳам барои шарҳи қазия дастрас нест.

Вақтҳои охир дар Тоҷикистон мавридҳои қаллобӣ афзоиш ёфтааст. Бино ба омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2022 дар ҷумҳурӣ 1144 ҳолати қаллобӣ  ва нимаи аввали соли гузашта 1481 мавриди қаллобӣ сабт шудааст. Вале шумораи воқеии ҳолатҳои қаллобӣ хеле бештар аст, чунки бисёре аз қурбониёни қаллобон ба мақомот муроҷиат намекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button