ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

МАРГИ ПУРАСРОРИ ДУ МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ЯК ХОНА ДАР ШАҲРИ МАСКАВ

Нашрияи русии “МК.РУ”  хабар дод, ки субҳи 22 декабри соли 2022 дар як манзил дар кӯчаи Первомайская дар шарқи Маскав ҷасадҳои ду муҳоҷири тоҷикро пайдо кардаанд. Ҳарду дар ҳолати хоб ҷон додаанд. Бино ба иттилои дарёфтии нашрия, мақомоти тафтишотии Маскав алакай ба тафтиши марги пурасрори ин ду зодаи Тоҷикистон, ки як 35 ва дуюмӣ ҳамагӣ 24 сол дошта, хешовандони наздик будаанд, оғоз кардаанд. Ба гуфтаи наздиконашон, фавтидагон намозхон буданд ва машрубот ё ягон чизи дигари мамнӯъ истеъмол намекарданд, ҳарду он шаб ҳушёр буданд, вале якеаш пеш аз хоб аз дарди сар шикоят доштааст.

Бино ба иттилои дарёфтии “МК”, ин ҳодиса дар як манзили сеҳуҷрагӣ дар кӯчаи Первомайская, ки дар он 9 муҳоҷир аз Тоҷикистон иҷора менишастанд, рух додааст. Наздикии соати ҳафтаи субҳи 22 декабря як зани 58-сола аз Тоҷикистон, ки шабона ба ҳайси фаррош кор мекард, дар роҳи бозгашт а ҷои кор тибқи маъмул ба писари 35-солааш занг задааст, то ӯро бедор кунад. Вале писараш, ки ба ҳайси роҳрӯб (дворник) кор мекард, он саҳар ба зангҳои модараш ҷавоб надодааст.

Зан ба ташвиш афтода, ба ҷияни 24-солааш, ки низ дар ҳамон манзил ба сар мебурду ҳамроҳи писараш кор мекард, занг задааст. Вале ӯ ҳам ҷавоб надодааст. Зани бечора аз ин боз ҳам бештар ба ташвиш афтода, ба писари калониаш, ки ӯ ҳам дар ҳамон манзил зиндагӣ мекард, занг зада, аз вай хостааст, ки онҳоро як хабар бигирад. Писари калониаш ба ҳуҷраи дигар даромада, дидааст, ки ҳарду алакай ҷон додаанд.

Хешовандон ба муфаттишон нақл кардаанд, ки он шаб ҳарду роҳрӯб соатҳои қариб дуи шаб аз кор баргаштанд. Яке аз онҳо зуд даромада, хоб рафтааст. Вале дуюмӣ аз дарди сар шикоят карда, чой нӯшидааст ва сипас оббозӣ ва таҳорат карда, намозҳояшро хондааст ва танҳо баъди ин ба бистараш даромада, хобидааст. Наздиконашон гуфтаанд, ки ин ду муҳоҷир  машрубот ва ягон чизи мамнӯи дигар истеъмол намекарданд ва ҳарду намозхон буданд.

Он шаб, ки ин ду муҳоҷири тоҷик аз кор баргаштанд, ҳаво дар Маскав чандон сард ҳам набуд, ки онҳоро ҳангоми роҳрӯбӣ сард зада бошад. Он шаб дар Маскав аввал барфи майда зад, баъд борони сабук, вале ҳарорати ҳаво дар давру бари +1 гармӣ чарх мезад.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Бисёрии онҳо бо аҳли хонаводаҳои худ ба Русия мераванд. Ҳар сол дар Русия ба далелҳои мухталиф то 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик мемиранд. Фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист, аз ҷумла сӯхторҳо, ва бемориҳо аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешавад.

Кӯчаи Первома́йская  дар Ҳавзаи маъмурии шарқии шаҳри Маскав ҷойгир шуда, яке аз бузургтарин кӯчаҳои ноҳияи Измайлово ба шумор меравад. Кӯчаи Первомайская идомаи шоҳроҳи Измайловское буда, аз 16 кӯчаи Парковая мегузарад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button