ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

УСТОД ЧИЛАХОН ХОЛОВ БА СИННИ МУБОРАКИ 65 РАСИД! (ВИДЕО)

Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Чилахон Холов, ки чанд моҳ боз бо бемории сангин мубориза мебарад, рӯзи 22 декабри соли 2022 ба синни мубораки 65 расид. Ҳамкоронаш аз ансамбли фолклорию этнографии “Ганҷина”, аз ҷумла Ҳаётой Муминова, Муродбек Насриддинов, Моҳрухсор Сафизода, Аҳмадҷон Муҳаммадиев, Омоилхон Мӯсоев ва дигарон дар ин рӯз устод Чилахон Холовро ба зодрӯзаш табрик гуфта, барояш шифои комил хостаанд.

Ҳамкасбон Чилахон Холовро яке аз нахустин ҳунарпешагон ва аз асосгузорони ансамбли “Ганҷина” ном бурда, навиштаанд, ки ӯро аз номи ҳамаи командаи Зафар Нозимов ва Гавҳар Мирҷумъаева, ду поягузори ин ансамбл табрик мегӯянд.

Аз даргоҳи Худованди Яккаву Ягона, Бахшояндаву Меҳрубон ҳама рӯз ҳамаамон бо дасти дуо саломатии бардавомро бароятон таманно дорем”, навиштаанд ҳунармандони тоҷик.

Садҳо тан аз мухлисон ба ин табрикот ҳамовозӣ карда, низ барои устод Чилахон Холов саломатии комил хостаанд.

Чанде пеш сардори раёсати вазорати фарҳанги Тоҷикистон Раҳмоналӣ Шерализода бо нашри чанд акс дар Фейсбук хабар дод, ки Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, устод Чилахон Холов  чандин моҳ боз бемор аст.

“Тавре дӯстон огоҳанд, ин шабу рӯзҳо овозхони маънисарои мо аз беморӣ каме ранҷ мебаранд. Аммо аз дидор ва суҳбати эшон мо бо хотири осуда баргаштем. Зеро Чилахон Холов дар ҳар ҳол рӯҳияи қавӣ дорад. Ӯ зимни суҳбат иброз дошт, ки ҳанӯз 30 суруди тозаи НОНАВИШТА дар кӯлбори эҷодияш дорад. Худованди меҳрубон, ки шифояшро арзонӣ дошт, сурудҳои навамро барои мухлисони ҳунар сабт ва тақдим мекунам.

Аз Худованди меҳрубон барои ин ҳунарманди маҳбубамон шифои оҷилу комил таманно дорем”, навишта буд Раҳмоналӣ Шерализода.

Қаблан журналист Сайёфи Мизроб  хабар дода буд, ки рӯзи 3 марти соли 2022 Чилахон Холовро дар Маркази миллии тиббии “Шифобахш” (бемористони Қарияи Боло), дар бино ё корпуси №10  ҷаррроҳии гурда кардаанд. Сайёфи Мизроб Чилахон Холовро “богурдатарин сарояндаи тоҷик” ном бурда, хабар дод, ки рӯзи 4 март, вақте овозхон баъди наркоз дубора ба ҳуш омад, хоҳиш кардааст, ки мухлисонаш дар ҳаққи ӯ дастбадуо бошанд.

Чилахон Холов дар поёни солҳои 80 тавассути ансамбли “Ганҷина”, ки  таҳти раҳбарии устоди равоншод Зафар Нозим ба хотири муаррифӣ ва таблиғи таронаву рақс ва суннату маросими мардумӣ ташкил шуда буд, ба саҳнаи калон омад ва солҳои аввал бештар таронаҳои мардумиро месароид.

Нахустин сабти Чилахон Холов бадеҳа ё дуэти “Бозубандамро бидеҳ” буд, ки барои ин овозхони он вақт ҷавон шуҳрати саросарӣ овард.

Солҳои охир Чилахон Холов  бештар бар пояи ашъори классикон, аз ҷумла бар ғазалиёти Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ тарона эҷод мекунад, вале дар хондани таронаҳои мардумӣ низ ҳамчунон тавоно ва забардаст эътироф шудааст.

Яке аз шоҳкорҳои тозаи ӯ таронаи “Лаби дарё” аст, ки ҳам бо мазмун, ҳам бо оҳанги равон ва ҳам бо сабки иҷрои чун ҳамеша вижаву нотакрори Чилахон Холов ба дили мардум роҳ ёфт.

Ӯ дар ин тарона аз ҷумла мехонад:

Лаби дарёи Тоҳир шиштанам шуд, ҷоне,

Ҳамон ёре, ки доштам, душманам шуд, ҷоне.

Ҳамон ёре, ки буд дасто ба гардан, ҷоне,

Камар баста, ба қасди куштанам шуд, ҷоне.

Аҳли идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” низ устод Чилахон Холовро ба зодрӯзаш табрик гуфта, барояш шифои комил металабад. Аз ҳамаи мухлисони ин овозхони маҳбуб, инсони меҳрубон ва дарёдил низ хоҳиш мекунем, ки дар ҳаққи устод Чилахон Холов дуо кунанд!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button