ВидеоНомаҳо ба президентСиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ПАЁМАШ ГУФТ, КИ СОЛИ ОЯНДА МАОШҲОРО БОЛО МЕБАРАНД (ВИДЕО)

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, рӯзи 23 декабри соли 2022 дар паёми солонааш ба ҳарду маҷлиси парлумон хабар дод, ки аз 1 марти соли 2023 музди кори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 25 дарсад ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шуда, аз 1 июли 2023 музди кори кормандони маориф, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, стипендияҳои донишҷӯён ва ҳамин тавр, нафақаҳо, бо шумули андози нафақаи заминавӣ 20 дарсад афзоиш  дода мешаванд. Ҳамин тавр, аз 1 июли соли оянда бояд ҳаҷми нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ низ дастикам 16 дарсад зиёд карда шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш бори аввал аз суръат ва сифати интернет дар Тоҷикистон танқид кард ва гуфт, нарху суръати интернет “қонеъкунанда нест”.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “таъмини намудани суръати баланди интернет ва дастрас будани нархи он барои рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ таъмин намудани амнияти иқтисодӣ ва ҷалби сармоя зарурӣ мебошад”. Ӯ афзуд, бо онки шумори корбарони интернет дар Тоҷикистон ба 4,3 миллион нафар расидааст, суръат ва арзиши интернет ҳанӯз қонеъкунанда нест. “Сайёҳон ба куҷо мераванд? Ба он кишваре, ки суръати баланди интернет дорад,” – таъкид кард президент.

Эмомалӣ Раҳмон аз Хадамоти алоқа ва ширкатҳои мухобиротӣ талаб кард, барои боло бурдани суръати интернет, паст кардани нархи он ва дастрас кардани интернети баландсуръат дар минтақаҳо “тадбирҳои зарурӣ андешанд.”

 Ёдовар мешавем, инак 20 сол боз раҳбарии соҳаи алоқаи Тоҷикистонро қудои президент Бег Сабур дар даст дорад. Ин бори аввал аст, ки Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи кори қудояш интиқод кард ва он ҳам дар паёми солонааш.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш гаштаю баргашта мардумро ба шукргузорӣ аз Ватани обод даъват кард ва гуфт, дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳон дар яке аз ҳассостарин давраҳо қарор гирифтааст, мардуми тоҷик бояд ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. “Мо яроқи ҳастаӣ надорем. Ман пештар ҳам гуфта будам, ки яроқи ҳастаии мо ин ваҳдати мардуми тоҷик аст”, гуфт президенти Тоҷикистон дар паёмаш.

Ӯ ҳамчунин аз мардум даъват кард, ки хароҷоти беҳударо барои баргузории тӯю маъракаҳо кам карда, пулҳои аз ин ҳисоб сарфашударо пасандоз кунанд ва барои корҳои муҳимтаре, аз ҷумла барои таълими фарзандони худ харҷ кунанд.

“Аз инки шумо пули зиёдро барои тӯю маърака сарф мекунед, кӣ миннатдор мешавад? Мардум меоянду мехӯрданд, боз ягон ҳақорататон медиҳанд, тамом”, гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон, ки 5 октябри соли 2022 ба синни 70 расид, аз поёни соли 1992, инак 30 сол боз бар Тоҷикистон, яке аз фақиртарин кишварҳои Шӯравии собиқ, ки манбаи асосии даромади аксари хонаводаҳояш мардикорӣ дар Русия аст, ҳукумат меронад. Чандин сол боз нақшаи аз ӯ ба писари калониаш Рустами Эмомалӣ супурдани зимоми ҳукумат матраҳ аст, вале Эмомалӣ Раҳмон ҳар дафъа ба ҳар баҳона иҷрои ин нақшаро ба ақиб меандозад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button