ВидеоТоҷикистонҶомеа

ҲАБСИ ДУ ”БЛОГЕР”-И “ҲОДИСА ТВ” БАРОИ НАШРИ АКСУ ВИДЕОҲОИ ПОРНОГРАФӢ (ВИДЕО)

ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки ду ба ном “блогер” аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро, ки дар шабакаи Инстаграм канале бо номи “Ҳодиса ТВ” кушода буданд,  бо ҷурми паҳн кардани маводи шаҳвонӣ ё порнографӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз ҳабс кардаанд.

Дар гузорише, ки шоми 22 декабри соли 2022 дар барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” нашр шуд, гуфта шуд, ки боздошти ин ду ба ном “блогер” аз ҷониби кормандони раёсати кофтукови ҷиноятии ин вазорат сурат гирифтааст.

Подполковник Нусратулло Маҳмадзода, сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар гузоришаш гуфт, ин ду ба ном “блогер” аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров: Абдуллоев Амрохон Акбархонович, соли таваллудаш 1999 ва Фозилов Рустам Зоҳидбоевич, соли таваллудаш 2000 ба хотири ҷалби тамошобини бештар ва гирифтани лайки зиёд аксҳои шаҳрвандонро аз саҳифаҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гирифта, ба бадани онҳое, ки дар видеоҳои порнографӣ иштирок мекунанд, мечаспонданд ва дар саҳифаашон дар шабакаи Инстаграм нашр мекарданд.

Ҳарду “блогер” дар ин гузориш аз кирдори худ изҳори пушаймонӣ карда, эътироф карданд, ки ҳадафашон аз паҳн кардани маводи порнографӣ ҷамъ овардани тамошобину лайки зиёд буд.

Маълум нест, оё канали онҳо бо канали як вақт хеле машҳуршудаи “Ҳодиса ТВ”, ки пиромуни масоили доғи Тоҷикистон видеоҳо нашр мекард, рабте дорад ё на?

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон вақтҳои охир назоратро бар муҳтавои маводе, ки блогерҳо ва дигар корбарони тоҷик дар Интернет мегузоранд, сахт карда, дар як моҳи охир алакай чандин блогер ва ҳатто ҳунармандонро барои нашри маводи “бадахлоқона” ҷазо додаанд.

Аз ҷумла дар поёни моҳи ноябр милитсияи шаҳри Душанбе хабар дода буд, ки як духтари блогер бо лақаби Сникерси тоҷикиро барои истифодаи лаҳни пурдашном дар видеоҳояш барои 10 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум кардаанд.  Ин блогер, ки Фотима Ашӯрова, сокини шаҳри Бӯстон будааст, бо истифода аз дашномҳои сирф “мардона” мехост таваҷҷуҳи тамошобинонро ба видеоҳои худ ҷалб кунад. Ҳамин тавр, милитсияи пойтахт рӯзи 8 декабр хабар дод, ки Суман Латифова ном блогер аз маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанберо барои истифодаи алфози қабеҳ дар Тик Ток ҷарима бастаанд.

Ҳамин тавр, дар аввали моҳи декабр дар Интернет сабтҳои видеоии алоҳидаи овозхони ҷавон Рафоати Ҷамшед ва раққоса Суман Қамбарова нашр шуд, ки дар ин видеоҳо ҳарду барои рафтори ношоистаи худ аз мардуми тоҷик узр мепурсанд ва бо изҳори сипос ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои аз роҳи бад баргардондани онҳо ваъда медоданд, ки аз ин ба баъд ба либоси миллӣ ва ахлоқу арзишҳои миллӣ арҷу эҳтиром гузошта, даст ба рафторе нахоҳанд зад, ки духтари тоҷикро бадном кунад.

Рафоати Ҷамшед, ки ба фарқ аз видеоҳои дигараш дар ин видеои нав дар тан як либоси оддӣ дошт эътироф кард, ки солҳои пеш, ки ҷавонтар буд, дар баъзе видеоҳо гапҳои ноҷо зада ва ҳатто дашномҳоеро ба забон овардааст. Ӯ гуфт, ин видеоҳоро ҳоло аз номи вай дар Интернет нашр кардаанд ва ӯ барои ин аз мардум узр мехоҳад ва ваъда медиҳад, ки дигар ҳеҷ гоҳ ба номи духтари тоҷик доғ намеорад ва бо либоси миллии тоҷикӣ ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Суман Қамбарова дар нашри видеоҳои рақсҳои  берун аз ҳадди одобаш овозхон Равшан Аннаев (бародари Пенҷӣ Аннаев)ро гунаҳкор кард ва гуфт, дар саҳифаи худаш ҳеҷ гоҳ чунин видеоҳоро намегузошт. Ӯ ҳам ваъда дод, ки аз ин ба баъд рафтораш ва сару либосашро дуруст карда, бо либоси миллии тоҷикӣ рӯи саҳна хоҳад омад ва ба номи духтари тоҷик дигар доғ нахоҳад овард.

Ҳам Рафоати Ҷамшед ва ҳам Суман Қамбарова дар видеоҳои худ барои онҳоро аз роҳи бад баргардондану ба роҳи дуруст ҳидоят кардан  ба мақомоти милитсия изҳори сипос  карданд. Вале то кунун ягон ниҳоди ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар бораи ба мақомот барои суҳбат даъват шудани ин ҳунармандон ягон хабари расмӣ нашр накардааст. Маркази матбуоти ВКД аз сабти ин видеоҳо аз ҷониби ниҳодҳои зирабти ин вазорат изҳори бехабарӣ кард. Вале РВКД ш. Душанбе ҳангоми нашри хабари муҷозоти блогер Суман Латифова навишта буд: “Мақсад аз татбиқи ҷазо ва роҳандозӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифатнокию одоби истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва нигоҳ доштани фарҳангу ҳувияти миллӣ ба шумор меравад. Ин иқдоми пеша намудаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки аз ҷониби шаҳрвандон ҳамовозӣ пайдо намуд, минбаъд низ идома хоҳад ёфт”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button