ВидеоҶомеа

11 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ СОКИНИ ХУРОСОН БАРОИ ҚАСДИ КУШТАНИ ҲАМСАРИ ҶАВОНАШ

Додгоҳи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сокини ин ноҳия Муҳсиддинов Сироҷиддинро дар сӯиқасд ба ҷони ҳамсари ҷавони 24-солааш Шаҳноза Расулова гунаҳкор шинохта, ба 11 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 23 декабри соли 2022 бо нашри бархе тафсилоти ин парванда хабар дод, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ муайян карда шудааст, ки Муҳсиддинов Сироҷиддин Гулмаҳмадович, ки аз издивоҷ бо сокини ноҳияи Хуросон Расулова Шаҳноза Мирзоалиевна, санаи таваллудаш 20 апрели соли 1998, ду фарзанд дошт, “аз рӯи рашк дар назди худ мақсади аз ҳаёт маҳрум намудани ҳамсарашро гузошта, шаби 24 августи соли 2022, тахминан соати 22:30 дақиқа ба манзили истиқоматии волидайни ҳамсараш, воқеъ дар  ҷамоати Ҳилолӣ ворид гардидааст ва аз болои кати ҳавлӣ корди ошхонагиро гирифта, дар яке аз ҳуҷраҳои манзили истиқоматӣ пинҳон шудааст”.

Худи маҳкумшуда барои шарҳи қазия дастрас нест, вале бино ба фарзияи тафтишот, Сироҷиддин Муҳсиддинов дар он ҳуҷра то субҳ мунтазир истодааст ва субҳи 25 август, соати 9 ҳангоми ба корҳои хона машғул шудани ҳамсараш аз набудани дигар аъзои хонавода истифода бурда, Расулова Шаҳнозаро дошта, ба дохили ҳуҷра даровардааст ва бо корди дар дасташ буда, ба узвҳои ҳаётан муҳими бадани ӯ задааст.

Шаҳноза Расулова аз шиддати дард доду фиғон бардоштааст ва Сироҷиддин Муҳсиддинов аз ин тарсида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Шаҳноза Расуловаро бо захмҳои зиёди корд ба бемористон интиқол додаанд ва табибон тавонистаанд бо шарофати сари вақт расондани ёрии тиббӣ ӯро аз марг наҷот диҳанд.

Додгоҳи ноҳияи Хуросон Сироҷиддин Муҳсиддиновро бар асоси қисми сеюми моддаи 32 – қисми якуми моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар сӯиқасд ба ҷони ҳамсараш гунаҳкор шинохта, ба 11 соли маҳбаси низоми сахт маҳкум кардааст.

Дар бораи сабабҳои муноқишаи оилавие, ки ба чунин фарҷоми хунин овард, дар иттилоияи додситонӣ чизе гуфта нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button