ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: МАРКАЗИ САВОДИ “МЕГА ХИМКИ” БА КОМИ ОТАШ РАФТ

Субҳи 9-уми декабри соли 2022 дар маркази савдои “Мега Химки”, воқеъ дар шоҳроҳи Ленинград дар вилояти Маскав сӯхтори шадиде ба амал омадааст.

Гуфта мешавад, зимни сӯхтор як нафар ба ҳалокат расидааст. Бо эҳтимоли зиёд ӯ нигоҳбони бино будааст, ки дар дохили бино банд мондааст.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Русия сӯхтор дар бинои мағозаи маводи сохтмонии “OBI” ба амал омада, баъдан ҳамаи маркази савдоро фаро гирифтааст.

Дар видеҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки алангаи оташ хеле баланд ва даҳшатнок аст. Ҳатто дар баъзе аз ин видеоҳо лаҳзаи таркиши маводи химиявие, ки дар мағозаи OBI нигоҳ дошта мешудааст сабт ёфтааст. Бино ба маълумоти “РИА Новости”, таркиш бар асари сӯхтори қуттиҳои ранг ва дигар маводи сохтмонӣ ба амал омадааст.

Гуфта мешавад, масоҳати сӯхтор 18 ҳазор метри мураббаъро дар бар гирифта, аз ҷиҳати хафвнокӣ, дараҷаи 4 аз 5 будааст. Яъне хеле хафвнок.

Дар хомӯш кардани оташ 70 нафар оташнишон ва 20 техникаи оташфишонӣ иштирок карда, дар муддати 3 соат оташро хомӯш кардаанд.

Аз бинои маркази савдо танҳо деворҳо боқӣ мондаасту халос.  “Интефакс” бо такя ба манобеи худ дар мақомоти дахлдор гуфтааст, ки “фарзияи барқасдона сӯзондани бино аз эҳтимол дур нест”. 

РИА Новости ҳам аз қавли мақомоти ҳолатҳои фавқулодда, барқасдона сӯзондани мағозаро фарзияи асосӣ номидааст. Иттиҳоди ширкатҳои суғуртаи Русия (Всероссийский союз страховщиков)  гуфтааст, ки маблағи зарари сӯхтор дар маркази савдои “Мега Химки” метавонад аз 20 то 30 миллиард рубл, ё аз 300 миллион то наздики ним миллиард долларро ташкил диҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button