ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СӮХТОР ДАР БОЗОРИ “ПАНҶШАНБЕ” 17 МАҒОЗАРО ФАРО ГИРИФТААСТ

Субҳи 9 декабри соли 2022 дар бинои ҶДММ “Шарқ”, ки дар дохили бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд ҷойгир шудааст, сӯхтор  сар зада, 17 мағозаро фаро гирифтааст. Дар пайи сӯхтор 75 метри мураббаъи ин бозор ба коми оташ рафтааст. Дар ин бора Қаҳрамон Қодирзода, сардори шӯъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз ҳодисаи сӯхтори Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд ба “Азия Плюс” иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, ки сӯхтор соати 3-и субҳ сар зада, то соати 5 хомӯш карда шудааст.

“Ҳоло сӯхтор хомӯш карда шудааст ва сабабу омили рух додани ҳодиса ва хисороти он муайян карда мешавад”, – гуфт Қаҳрамон Қодирзода.

Ҳамчунин, ӯ таъкид намуд, ки дар пайи сӯхтор талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Бозори “Панҷшанбе” яке аз бузургтарин ва қадимитарин бозорҳо дар шимоли кишвар ба ҳисоб меравад, ки қаблан низ ба коми оташ рафта буд.

Танҳо аз оғози моҳи декабр дар вилояти Суғд 10 ҳодисаи сӯхтор сабт шудааст.

Аз ҷумла рӯзи 8-уми декабр, дар мактаби №51-и ҷамоати деҳоти Кулканди шаҳри Исфара низ сӯхтор рух дод, ки дар натиҷа, қисме аз мактаб сӯхта, хароб гашт.

Пештар аз ин, рӯзи 5-уми декабр, дар шаҳри Истаравшан як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба коми оташ рафта буд.

Бино ба иттилои Қаҳрамон Қодирзода, давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 463 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 9 фоиз зиёд аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button