ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳонРӯйдодҳои Бадахшон

ДАР ПАСМАНЗАРИ МУНОСИБАТҲОИ ХЕЛЕ БУҒРАНҶ: МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ ХОРИҶАИ ТОҶИКИСТОН БО ШОҲЗОДА РАҲИМ ОҒОХОН

Рӯзи 8 декабри соли 2022 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, ки бо як сафари корӣ дар Фаронса қарор дорад,  дар ҳошияи ин сафараш дар шаҳри Порис бо Шоҳзода Раҳим Оғохон  мулот кардааст.

“Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва роҳҳои такмили абзори ҳамкориҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Оғохон оид ба рушдро мавриди баррасӣ қарор доданд”, гуфта мешавад дар хабари кӯтоҳи нашршуда дар сомонаи расмии вазорати хориҷаи Тоҷикистон.

Тафсилоти дигаре дар бораи  ин мулоқот ва натиҷаҳои он нашр нашудааст.

Мулоқоти раҳбари идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон бо шоҳзодаи валиаҳд аз сулолаи Оғохон дарр пасманзари равобити хеле ҳам буғранҷ байни Душанбе ва сохторҳои марбут ба раҳбари рӯҳонии исмоилиҳои ҷаҳон шоҳзода Карим Оғохони IV  баргузор шуд. Оғохони чорумро исмоилиҳои Тоҷикистон, ки аксари аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ташкил медиҳанд, низ ба унвони раҳбарии рӯҳонии худ эътироф мекунанд ва арҷ мегузоранд.

Равобити Душанбе бо сохторҳои Оғохон имсол, дар пайи саркӯби бераҳмонаи мавҷи нави эътирозҳо дар Бадахшон бо истифода аз нирӯҳои вижаи “спетсназ” ва силоҳҳои ҷангӣ боз ҳам бештар танишолуда гардид. Дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо даҳҳо нафар кушта ва ҳудуди 200 тан аз зодагони Бадахшон дастгир ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Баъди саркӯби эътирозҳо мақомоти Тоҷикистон сохторҳои марбут ба Оғохон, аз ҷумла ширкати “ТСелл”, Бонки якуми микромолиявӣ, меҳмонхонаи “Серена”, литсейи Оғохон ва ҳатто боғи шаҳри Хоруғро, ки низ таҳти нигоҳубини Фонди Оғохон қарор дошт, таҳти фишор қарор доданд.

Бори охир Оғохон соли 2011 аз Тоҷикистон боздид кард. Баъди ҳаводиси хунини соли 2012 дар Хоруғ ӯ дигар ба Тоҷикистон наомад. Ҳатто ба маросими ифтитоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ки дар Хоруғ бо пули Фонди Оғохон сохтаанд.

Охирин мулоқоти рӯбарӯи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Оғохони IV моҳи ноябри соли 2019  дар Порис дар ҳошияи сафари расмии Раҳмон ба Фаронса доир шуда буд. Ин як сол баъди ба мақоми раиси вилояти Бадахшон таъйин кардани Ёдгор Файзов буд, ки ӯро ба далели солҳои зиёде дар сохторҳои Оғохон кор карданаш одами раҳбари исмоилиҳои ҷаҳон мешинохтанд.

Муносибати Душанбе ба Оғохон дар тирамоҳи соли 2021 боз ҳам баъди сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса иваз шуд. Ин дафъа мулоқоти ӯ бо Оғохони чорум доир нашуд. Эмомалӣ Раҳмон танҳо дар ҳошияи як чорабинии ЮНЕСКО бо Раҳим Оғохон, писари калонии Оғохони чорум ва шоҳзодаи валиаҳди ин сулола мулоқот кунад.

Тафсилоти он дидор дар ягонҷо нашр нашудааст. Вале манобеи пойгоҳи хабарии Pamir Daily News хабар дода буданд, ки Эмомалӣ Раҳмон мехост, ки Оғохон дар масъалаи Бадахшон аз мавқеъгириҳои Душанбе ба зидди Толибон, ки тоза дар Афғонистон ба қудрат расида буданд, пуштибонӣ кунад.  Вале, менависад Pamir Daily News, “Оғохон дар чунин масоили сиёсии ҳассос мавқеи бетарафиро ихтиёр мекунад, ки ин имконаш медиҳад, то ба Афғонистон, ки дар онҷо ҷамъияти чандмиллионнафарии исмоилиҳо ба сар мебаранд, кумакҳои башарӣ расонад”.

Ин нашрия менависад, маълум нест, ки суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо шоҳзода Раҳим Оғохон бо чӣ анҷом ёфт, вале чанде баъди бозгашташ ба Душанбе, президенти Тоҷикистон “одами Оғохон” Ёдгор Файзовро аз мақоми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барканор кард ва ба ҷои ӯ генерали КДАМ Алишер  Мирзонаботро ба ин курсӣ нишонд.

Бисёриҳо, аз ҷумла дар худи сохторҳои ҳукуматии Тоҷикистон бар инанд, ки маҳз ана ҳамин иштибоҳи кадрӣ ҳалқаи аввал аз занҷири ҳодисаҳое шуд, ки дар ниҳоят ба хунрезиҳои ахир дар “Боми ҷаҳон” овард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button