ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ СОКИНИ РӮДАКӢ БАРОИ ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 417 ҲАЗОР ДОЛЛАР ВА НИМ МИЛЛИОН РУБЛ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 9 декабри соли 2022 аз ошкор шудани боз чанд ҳолати қаллобӣ ба маблағи бузург  аз ҷониби як сокини  33-солаи ноҳияи Рӯдакӣ хабар дод. Гуфта мешавад, ки ин мард дар се ҳолат дар моҳҳои март, май ва июни соли ҷорӣ аз шаҳрвандон дар умум  417 ҳазор доллар ва ним миллион рубл гирифта, дигар барнагардондааст.

Аз ҷумла, бино ба иттилои ВКД, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 36-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи июни соли 2022 марди 33-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 300 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, номбурда ба он гумонбар мешавад, ки моҳи майи соли 2022 ба боварии марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 112 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамчунин, меафзояд маркази матбуоти ВКД, ин сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳамин роҳ санаи 16-уми марти соли 2022 ба боварии марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 500 ҳазор рубли русӣ ва 5 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад. Ба сокини Рӯдакӣ барои қаллобӣ ба маблағи бузург ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда баробари 64 сомонӣ, ё тақрибан 6 доллари Амрикост) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 8 то 12 сол таҳдид мекунад. Ӯ ҳамчунин бояд зарари расондааш ба шаҳрвандонро ҷуброн кунад.

Вақтҳои охир дар Тоҷикистон мавридҳои қаллобӣ афзоиш ёфтааст. Бино ба омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2022 дар ҷумҳурӣ 1144 ҳолати қаллобӣ  ва нимаи аввали соли гузашта 1481 мавриди қаллобӣ сабт шудааст. Вале шумораи воқеии ҳолатҳои қаллобӣ хеле бештар аст, чунки бисёре аз қурбониёни қаллобон ба мақомот муроҷиат намекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button