ВидеоФарҳангҶомеа

БОЗ ЯК ҶАВОНЗАНИ БЛОГЕРРО БАРОИ БАДДАҲОНӢ ҶАЗО ДОДААНД

Раёсати ВКД дар ш. Душанбе шоми 8 декабри соли 2022 аз муҷозоти боз як ҷавонзани блогер барои дашномҳои қабеҳ дар пахши мустақимаш дар шабакаи “Тик-Ток” хабар дод.  Дар рӯзҳои охир Саида Латифова инак дуюмин зани блогер аст, ки барои баддаҳонӣ дар Интернет ҷазо мегирад. Вале агар ин зани блогери 27-сола ҳамагӣ бо пардохти ҷарима халос шуда бошад, дар поёни моҳи декабр Фотима Ашурова аз шаҳри Бӯстон, мулаққаб ба “Сникерси тоҷикӣ” ба муҳати 10 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ андохта шуд. Ҳамчунин дар рӯзҳои охир овозхони ҷавон Рафоати Ҷамшед ва раққосае бо номи Суман Қамбарова бо нашри видеоҳои алоҳида ба кормандони милитсия  барои “ба роҳи рост ҳидоят кардани онҳо” изҳори сипос карданд.

Милитсияи пойтахти Тоҷикистон  дар шарҳи қазияи Саида Латифова гуфт, як қатор истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ирсоли навори пур аз алфози қабеҳ ва дашному ҳақорат, аз мақомоти милитсия хостаанд, ки нисбати ин ҷавондухтари дашномкунанда чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Дар натиҷаи санҷиш муайян карда шудааст, ки ин нафар шаҳрванд Латифова Саида Муҳруллоевна, санаи таваллудаш 14.08.1995, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Зарафшон мебошад.

“Зимни пурсиш, номбурда тасдиқ намуд, ки дар ҳақиқат ҳангоми пахши мустақим дар шабакаи иҷтимоии «Тик-Ток», нисбати дигар ҳамсуҳбатони худ дашномҳои қабеҳ намудааст. Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати номбурда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори додгоҳ ҷаримабандӣ карда шуд”, –  гуфта мешавад дар иттилоияи милитсия.

Милитсия афзуд, ки “ҳамзамон, номбурда аз кирдорҳои содирнамудаи худ сидқан изҳори пушаймонӣ намуд”.

Дар идомаи иттилоияи милитсияи пойтахт чунин гуфта мешавад: “Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки мақсад аз татбиқи ҷазо ва роҳандозӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифатнокию одоби истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва нигоҳ доштани фарҳангу ҳувияти миллӣ ба шумор меравад. Ин иқдоми пеша намудаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки аз ҷониби шаҳрвандон ҳамовозӣ пайдо намуд, минбаъд низ идома хоҳад ёфт”.

Дар поёни моҳи ноябр милитсияи шаҳри Душанбе хабар дода буд, ки як духтари блогер бо лақаби Сникерси тоҷикиро барои истифодаи лаҳни пурдашном дар видеоҳояш барои 10 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум кардаанд.  Ин блогер, ки Фотима Ашӯрова, сокини шаҳри Бӯстон будааст, бо истифода аз дашномҳои сирф “мардона” мехост таваҷҷуҳи тамошобинонро ба видеоҳои худ ҷалб кунад.

Ҳамин тавр, дар аввали моҳи декабр дар Интернет сабтҳои видеоии алоҳидаи овозхони ҷавон Рафоати Ҷамшед ва раққоса Суман Қамбарова нашр шуд, ки дар ин видеоҳо ҳарду барои рафтори ношоистаи худ аз мардуми тоҷик узр мепурсанд ва бо изҳори сипос ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои аз роҳи бад баргардондани онҳо ваъда медоданд, ки аз ин ба баъд ба либоси миллӣ ва ахлоқу арзишҳои миллӣ арҷу эҳтиром гузошта, даст ба рафторе нахоҳанд зад, ки духтари тоҷикро бадном кунад.

Рафоати Ҷамшед, ки ба фарқ аз видеоҳои дигараш дар ин видеои нав дар тан як либоси оддӣ дошт эътироф кард, ки солҳои пеш, ки ҷавонтар буд, дар баъзе видеоҳо гапҳои ноҷо зада ва ҳатто дашномҳоеро ба забон овардааст. Ӯ гуфт, ин видеоҳоро ҳоло аз номи вай дар Интернет нашр кардаанд ва ӯ барои ин аз мардум узр мехоҳад ва ваъда медиҳад, ки дигар ҳеҷ гоҳ ба номи духтари тоҷик доғ намеорад ва бо либоси миллии тоҷикӣ ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Суман Қамбарова дар нашри видеоҳои рақсҳои  берун аз ҳадди одобаш овозхон Равшан Аннаев (бародари Пенҷӣ Аннаев)ро гунаҳкор кард ва гуфт, дар саҳифаи худаш ҳеҷ гоҳ чунин видеоҳоро намегузошт. Ӯ ҳам ваъда дод, ки аз ин ба баъд рафтораш ва сару либосашро дуруст карда, бо либоси миллии тоҷикӣ рӯи саҳна хоҳад омад ва ба номи духтари тоҷик дигар доғ нахоҳад овард.

Ҳам Рафоати Ҷамшед ва ҳам Суман Қамбарова дар видеоҳои худ барои онҳоро аз роҳи бад баргардондану ба роҳи дуруст ҳидоят кардан  ба мақомоти милитсия изҳори сипос  карданд. Вале то кунун ягон ниҳоди ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар бораи ба мақомот барои суҳбат даъват шудани ин ҳунармандон ягон хабари расмӣ нашр накардааст. Маркази матбуоти ВКД аз сабти ин видеоҳо аз ҷониби ниҳодҳои зирабти ин вазорат изҳори бехабарӣ кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button