ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

АМРИКОВУ РУСИЯ СИЛОҲФУРӮШИ ЗОДАИ ТОҶИКИСТОНРО БО ЯК ВАРЗИШГАР ИВАЗ КАРДАНД

Рӯзи 8-уми декабри соли 2022 дар фурудгоҳи Абу-Забии Имороти Муттаҳидаи Араб табодули маҳбусон, байни Амрико ва  Русия сурат гирифтааст. Расонаҳо хабар додаанд, ки ҷониби Амрико шаҳрванди Русия Виктор Бутро, ки дар Амрико бо ҷурми қочоқи силоҳ ҳукми худро адо мекард, бо Бриттни Грайнер, баскетболбози амрикоӣ, ки дар Русия бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шуда буд, иваз кардааст.  Виктор Бут соли 1967 дар ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ), дар канори пойтахти Тоҷикистон ба дунё омада, дар ҳамин ҷо ба воя расидааст.  Ӯро “шоҳи силоҳфурӯшон” меномиданд.

Гуфта мешавад, ҳарду маҳбус пеш аз табодул аз тарафи ҳукуматҳо авф шудаанд. Ин маънои онро дорад, ки на Бут ва на Бриттни мӯҳлати боқимондаи ҳукмро дар ватанашон сипарӣ нахоҳанд кард ва дар кишварҳояшон ба ҷавобгарӣ кашида нахоҳанд шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфтааст, ки табодул бо миёнчигарии Имороти Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ сурат гирифтааст. Ин вазорат навиштааст: “Русия аз дер боз аст, ки барои раҳоии Бут кӯшиш мекард ва бо Амрико пайваста музокира менамуд. Вале ҷониби Амрико қатъан ин қазияро рад мекард ва мухолифи истирдоди ӯ ба ватан буд”. Ба гуфти ин вазорат, дар ин табодул “нақши асосиро президенти Русия Владимир Путин бозӣ кардааст” ва  табодули Бут бо варзишгари амрикоӣ “бо кӯшишҳои бевоситаи ӯ” амалӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, як мансабдори воломақоми Кохи сафед низ ба CNN гуфтааст, ки “раисҷумҳур Байден  ҳамеша бо тими музокиракунанда дар алоқа буд”.

Бриттни Грайнер яке аз машҳуртарин зан дар баскетболи ҷаҳон буда, чемпиони дукаратаи ҷаҳон ва чемпиони дукаратаи олимпист. Ӯ соли 2014 унввони чемпиони WNBA-ро ҳам соҳиб шудааст.

Ӯ инчунин дар рӯйхати 25 зани баскетболбози беҳтарини NBA шомил аст. Аз соли 2015 инҷониб Бриттни ҳангоми таътил дар чемпионати Амрико, дар бошгоҳи баскетболи УГМКА-и шаҳри Екатеринбург бозӣ мекард.

Бриттниро моҳи феврали соли 2022, ҳамагӣ чанд рӯзе пеш аз оғози ҷанг дар Украина, ҳангоми бозгашт аз Ню-Йорк ба Маскав дар фурудгоҳи “Шереметово” боздошт карда буданд.

Бино ба фарзияи додгоҳ, гӯё ҳангоми тафтиш, кормандони фурудгоҳ аз бағоҷи дастии ӯ як миқдори хурди маводи мухаддир пайдо кардаанд. 4-уми августи соли 2022 додгоҳ дар Русия ӯро ба муддати 9 сол равони зиндон кард ва ҳамчунин ҷарима ба маблағи 1 миллион рубли русӣ баст. Ӯ ҳукми худро дар зиндоне дар ҷумҳурии Мордовия адо менамуд.

Виктор Бутро ҳанӯз соли 2008 пулиси Тайланд дар Бангкок бо дархости Амрико боздошт ва соли 2010 ба он сӯи уқёнус  истирдод карда буд. Додгоҳи Амрико Бутро бо ҷурми даст доштан дар қочоқи силоҳ ба режимҳои гуногун ва гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ба 25 соли зиндон маҳкум кард.

Виктор Бут зодаи Тоҷикистон буда, бо номҳои “тоҷири марг”, “шоҳи тиҷорати яроқ” ва “барони бозори силоҳ” машҳур аст. Ӯ соли 1967 дар Душанбе ба дунё омада, мактаби миёнаи махсуси омӯзиши забони олмониро дар ноҳияи Рӯдакӣ(Ленин) хатм кардааст. Ҳамзамон ӯ дар Тоҷикистон забони байналмилалии эсперанторо низ аз худ намуда, баъдан ба омӯзишгоҳи низомии Қазон дохил шудааст. Хидмати сарбозиро дар Украина гузаронида, пасон ба Донишкадаи низомии забонҳои хориҷии Маскав дохил шуд ва, забони португалиро низ аз худ кард.

Гуфта мешавад, ин зодаи Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ ҳамчун тарҷумони низомӣ дар саффи қувваҳои мусаллаҳ кор мекардааст. Дар солҳои навадум рӯ ба тиҷорат оварда, ба хариду фурӯши байналхалқии гул, гӯшти мурғ ва таҷҳизоти мебелӣ даст мезанад.

Ӯ дар як мусоҳибааш қоил мешавад, ки ҳанӯз дар синни 25-солагӣ ба тиҷорати силоҳ даст зада буд.  Аввалан ӯ корро аз Афғонистон оғоз намудааст. Гуфта мешавад, ӯ ҳам ба нерӯҳои давлатии Афғонистон ва ҳам ба гурӯҳи террористии “Толибон” аслиҳа мефурӯхт.

Инчунин ӯ ба шӯришгарон дар Ангола ва кишварҳои Африқои ғарбӣ низ силоҳ мефурӯхтааст. Ва дар ҳамин замина СММ бар зидди Бут ҳатто дар соли 2000 таҳримот ҷорӣ намуд.

Ҳатто кораш то ба он дараҷае мерасад, ки соли 2002 ба гурӯҳи террористии “Ал-Қоида” яроқи кимиёӣ дастрас мекунад. Пас аз ин муомила “Интерпол” Бутро зери пайгард қарор медиҳад ва Бут ба таври доимӣ дар Русия боқӣ мемонад. Вале зимни як амалиёти махсуси истихбороти Амрико ӯ, бехабар аз доми Амрико,  ба Тайланд барои муомилаи фурӯши яроқ меравад ва боздошт мешавад.

Ин афсари русро Амрико барои фурӯши силоҳ ба террористҳо, махсусан ба шӯришгарони Колумбия, пулшӯӣ ва қаллобӣ  низ айдор мекарданд.  

Номи Бут замоне дар матбуоти Тоҷикистон бисёртар пайдо шуд, ки дар Душанбе ширкати ҳавоии “Samar Airlines”-ро ба ӯ вобаста донистанд. Гуфта шуду буд, ки баъди эълони таҳримҳои СММ ба зидди Бут, ӯ бо номи афроди гуногун чандин ширкат кушодааст.

Махсусан ҳамин ширкати ҳавоии “Samar Airlines” дар соли 2007 хеле пурсарусадо шуд. Қазия аз онҷо оғоз ёфт, ки ин ширкат соли 2007 хост ба Тоҷикистон 2 ҳавопаймои Boeing 727-200 ва McDonnell Douglas 83 биёрад. Ҳатто ин ширкат барои пешпардохти тайёраҳо 1 миллиону 700 ҳазор доллар ба ҳисоби молики тайёраҳо интиқол дода буд. Аммо вазорати молияи Амрико аз ин тиҷорат огоҳ гашта, онро боздошт ва маблағи фиристодашударо ҳабс намуд. Бо ҳамин иттиҳом Амрико истирдоди Бутро низ аз Тайланд дархост намуд.Вале дар Тоҷикистон мегуфтанд, ки ширкати  “Samar Airlines” ба соҳибкори марҳуми тоҷик Самариддин Фазлиддинов тааллуқ дошта, рабте на ба Бут ва на ба тиҷоратҳои машкуки ӯ надорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button