Минтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

ТАЪЙИНИ ЯК ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН БА МАНСАБИ БАЛАНД ДАР ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗИИ РУСИЯ

Зодаи шаҳри Душанбе Максим Увайдов устондор, ё статс-секретар – муовини вазири кишоварзии Русия таъйин шудааст. Қарори таъйини Максим Увайдов ба ин мақомро сарвазири Русия Михаил Мишустин имзо кард.Увайдов то кунун дар мақоми муовини оддии вазири кишоварзии Русия кор мекард. Дар мақоми нав ӯ Иван Лебедевро, ки аз соли 2017 устондори вазорати кишоварзӣ буд, иваз кард. Лебедев ҳоло яке аз 7 муовини вазири кишоварзии Русия таъйин шудааст.

Мақоми устондор ё статс-секретар як мақоми ихтисосӣ ба шумор рафта, дар сохтори вазорат аз ӯ баландтар танҳо худи вазир ва муовини аввали ӯ меистанд.

Максим Иосифович Увайдов 17 июни соли 1977 дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ба дунё омада, Донишгоҳи давлатии Кубанро хатм кардааст. Ӯ чандин сол дар сохторҳои тиҷоративу давлатии кишвари Краснодари Русия кор карда, баъдан ба вилояти Воронеж  кӯчид ва аз соли 2009 то 2014 раҳбари Департаменти молу мулк ва замин ва муовини сарвазири вилояти Воронеж  буд. Аз моҳи июли соли 2018 дар Маскав ба ҳайси муовини вазири кишоварзии Русия кор мекард.

Максим Увайдов ягона зодаи Тоҷикистон нест, ки дар Русия ба мақомҳои баланд расидаанд. Чунин нафарон, албатта, зиёд нестанд, вале ҳастанд.

Аз ҷумла рӯзи 26 апрели соли 2022вакилони Шӯроҳои маҳаллии ноҳияи Усмани вилояти Липетски Русия дигарбора, инак бори чорум, Владимир Мазои 72-соларо раиси ин ноҳия интихоб карданд.

Владимир Мазо зодаи ноҳияи Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) дар ҷануби Тоҷикистон ва раиси собиқи совхоз-техникуми дар замони Шӯравӣ  дар водии Вахш машҳури ба номи В.Куйбишев (ҳоло хоҷагии ба номи фармондеҳи саҳроӣ Файзалӣ Саидов) буда, инак 15 сол боз раиси ноҳияи Усман аст. Ин ноҳия бо 50 ҳазор аҳолӣ ва маркази маъмуриаш дар шаҳри Усман дар тақрибан 50-километрии ҷануби шаҳри Липетск ҷойгир шудааст.

Владимир Мазо  дар ноҳияи Қӯрғонтеппа дар ҷануби Тоҷикистон ба дунё омада ва ба воя расидааст. Ӯ соли 1972 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро хатм карда, баъдан дар бахши Академияи илмҳои СССР дар Новосибирск рисолаи номзадиашро ҳимоят кард ва соҳиби унвони номзади илмҳои иқтисодӣ шуд.

Владимир Мазо  қариб 20 сол дар совхоз-техникуми ба номи В.Куйбишеви ноҳияи Қӯрғонттепа аввал ба ҳайси муҳандис (инженер) ва сардори устохонаҳо кор карда, то ба мақоми сармуҳандис расид ва соли 1987 раиси ин хоҷагии машҳур интихоб шуд. Ӯ он вақт ҳамчунин  вакили парлумони Тоҷикистон ва ҳам узви кумитаи марказии ҳизби коммунисти ин ҷумҳурӣ интихоб шуда буд.

Мазо ба совхоз-техникуми ба номи В.Куйбишев то соли 1991 роҳбарӣ кард. Саҳми Владимир Мазоро дар табдили совхоз-техникуми ба номи В.Куйбишев ба як хоҷагии пешрафтаи он даврон бузург мешуморанд. Ӯ қабл аз шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба Русия кӯчида, ба номи як фармондеҳи бераҳм номгузорӣ шудану сипас талаву тороҷ шудани хоҷагиеро, ки бо заҳмати зиёд ба по хезонда буд, надид.

Мазо баъди кӯчиданаш ба Русия аз моҳи майи соли 1991 то соли 2007 коллеҷи технологию саноатии Усманро роҳбарӣ мекард. Ӯ ҳамин тавр, ба ҳизби ҳокими Единая Россия пайваста, аз номи ин ҳизб соли 2003  вакили Шӯрои ноҳиявӣ ва соли 2006 вакили Шӯрои вилоятӣ интихоб шуд.

Соли 2007 Владимир Мазоро раиси ноҳияи Усман интихоб карданд. Ӯ баъдан солҳои 2012, 2017 ва 2022 дигарбора ба ин мақом интихоб шуд.


​Як намояндаи дигари хушноми Тоҷикистон дар сутуҳи баланди давлатии Русия Нурмуҳаммад Холов, фарзанди дувуми раиси вақти раёсати Шӯрои олии Тоҷикистон Маҳмадулло Холов аст, ки аз 22 ноябри соли 2013 то соли 2021 дар симати сафири Русия дар Қатар кор кард. Нурмуҳаммад Холов соли 1953 дар Душанбе ба дунё омада, хатмкардаи факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст. Ӯ қаблан дар сафоратҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва Русия дар Яману Сурия, Ироқу Миср ва дар вазорати корҳои хориҷаи Русия дар мақомҳои гуногуни дипломатӣ ифои вазифа намудааст. Ин дипломати тоҷиктабор мақоми сафири фавқулоддаро дошта, аз соли 2001 то 2005 сарконсули Русия дар шаҳри Искандарияи Миср ва то лаҳзаи таъйин шуданаш ба симати сафири Русия дар Қатар, дар департаменти кор бо ҳамватанони вазорати хориҷаи Русия, фаъолият мекард.

Ҳамчунин дар интихоботҳои солҳои 2016 ва 2020 Раҳим Азимов, зодаи шаҳраки Шӯроби Исфараи Тоҷикистон вакили Думаи давлатӣ – маҷлиси поёнии парлумони Русия интихоб шуд. Раҳим Азимови 58-сола нахустин вакили тоҷик дар парлумони Русия мебошад. Ӯ номзади ҳизби ҳокими Русияи воҳид ва дар интихобот аз нафарони боэътимоди Владимир Путин буд.

Дар ҳайъати қаблии Думаи давлатӣ низ як зодаи Тоҷикистон буд, вале аз рустаборҳои зодаи кишвари мо.​ Оксана Хоронжук, ки як давра дар Думаи давлатӣ я аз вилояти Воронеж, зодаи Душанбест. Ӯ соли 1972 дар пойтахти Тоҷикистон ба дунё омада, собиқаи кориашро соли 1989 ба ҳайси “пионервожатая” дар мактаби рақами 90 дар маҳаллаи 91-уми Душанбе оғоз кардааст. Оксана Хоронжук дар ибтидои солҳои 90 ба Русия кӯчида, соли 1995 донишгоҳи омӯзгории шаҳри Рязанро хатм кард. Дар соли 2010 вакили Думаи вилояти Воронеж интихоб шуд. Соли 2014 аз рӯйхати ҳизби ҳокими “Единая Россия” вакили Думаи давлатӣ шуд. Хорунжий баъди анҷоми давраи вакилиаш ба Воронеж баргашт ва дар мақоми муовини сардори раёсати маорифи вилояти Воронеж кор мекунад.

Ҳамин тавр,Леонид Додоҷонович Рейман, писариДодоҷон Тоҷиев, мудири кафедраи забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Ленинобод (ҳоло – Хуҷанд) ба дунё омадааст, дар солҳои 1999 – 2004 вазири мухобироти Русия буд. Рейман феълан ширкати телефонҳои мобили «Межрегиональный транзиттелеком» (МТТ)-ро мечархонад. Ин ширкат дар фаъолиятҳояш бештар рӯи муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ тамаркуз кардааст ва ҳамроҳ бо ширкати тоҷикистонии “Вавилон” барои муҳоҷирон сим-картаи вижаи “Aiva Mobile”-ро таъсис додааст.

Як зодаи дигари Тоҷикистон, ки дар Русия ба мансаби баланд даст ёфтааст,Александр Бекбулатоваст, ки аз соли 2015 ба ҳайси муовини шаҳрдор (глава)-и шаҳри Смоленск​ кор мекунад дар ҳукумати шаҳр масоили меъморӣ, сохтмон ва заминсозиро раҳбарӣ мекунад.

Александр Узбекович Бекбулатов 31 январи соли 1958 дар шаҳри Конибодоми вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) ба дунё омада, соли 1980 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси инженер –гидротехник хатм кардааст. Ӯ то соли 1990 дар муассисаҳои сохтмонии Тоҷикистон, аз ҷумла дар сохтмони нирӯгоҳи Роғун ба ҳайси муҳандис кор карда, соли 1990 ба Маскав кӯчидааст.

Бекбулатов дар чанд ширкати сохтмонии Маскав ва муддате дар бахши сохтмони ширкати “РусАл” кор кардааст. Ӯ дар “РусАл” мудири кулли ширкати “Роғун-Сервис” буд. Бекбулатов аз соли 2012 ба сифати муовини раиси дастгоҳи шаҳри Смоленск дар умури меъморӣ, сохтмон ва заминсозӣ кор мекард ва аз моҳи сентябри соли 2015 раҳбарии раёсати ЖКХ – хоҷагии манзиливу коммуналии шаҳри Смоленскро бар ӯҳда дошт. Александр Бекбулатов зан ва ду духтар дорад.

Аммо аз ҳама сарусадои зиёдро дар матбуоти Русия таъйини зодаи Тоҷикистон Парвиз Тӯхтасунов ба мақоми роҳбари Роскадастр дар моҳи ноябри соли 2018 ба вуҷуд овард. Парвиз Тӯхтасунов соли 1985 дар Душанбе ба дунё омада, соли 1992, вақте 7 сол дошт, волидонаш ба Маскав кӯчидаанд. Ӯ дар Маскав Академияи тиббии ба номи Сеченов ва писаш Донишкадаи боз ва Донишгози иқтисодии ба номи Плехановро хатм кардааст. Аммо дар матбуоти Русия ба маълумоти аввали олии ӯ часпида, бо истеҳзо навиштанд, ки гӯё кадом як Ҷамшуди фелдшерро оварда, роҳбари як идораи муҳими давлатии Русия таъйин кардаанд.

Аммо Парвиз Тухтасунов дар посух ба ин ҳама даъвоҳои ҳавоӣ гуфт, дар гузаштаи худ, аз ҷумла аз ин ки дар Тоҷикистон ба дунё омадааст ва дар давраи донишҷӯӣ ба ҳайси «медбрат» кор мекард, ҳеҷ ҷои шарм намебинад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button