ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

БАРОДАР ВА ҶИЯНИ ЁДГОР ҒУЛОМҲАЙДАРОВ БА 15 ВА 10 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУДАНД

Ду тан аз хешовандони наздики Ёдгор Ғуломҳайдаров, яке аз лидерҳои ғайрирасмии пурнуфузи ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Душанбе ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд. Дар ин бора рӯзи 29 ноябри соли 2022 журналист Aнора Саркорова, ки асосан рӯйдодҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ мекунад, хабар дод.

Худи Ёдгор Ғуломҳайдаров 31 майи соли ҷорӣ дар ҷараёни як амалиёти вижа ҳамроҳ бо 4 нафари дигар дар ноҳияи Рӯшон кушта шуда буд.

Бино ба иттилои Анора Саркорова, Фаромӯз Ғуломҳайдаров – бародари 43-солаи Ёдгор Ғуломҳайдаров ба 15 соли зиндон ва Дониш Исматови 37-сола – ҷияни ӯ ба 10 соли зиндон маҳкум шудаанд. Ба чӣ айбдор дониста шудани Фаромӯз Ғуломҳайдаров ҳанӯз маълум нест, вале Дониш Исматовро, бино ба иттилои Саркорова,  додгоҳ дар “узвият дар гуруҳи муташаккилонаи ҷиноятӣ” гунаҳкор шинохтааст.

Анора Саркорова менависад, ки  Фаромӯз Ғуломҳайдаров  ба фаъолиятҳои сиёсӣ ягон рабт надошт ва боздошту ҳукми ӯ як навъ интиқом аз мавқеъгириҳои бародараш аст. Дониш Исматов, сокини деҳаи Дерзуд низ, ба навиштаи Саркорова, дар эътирозҳои моҳи май дар деҳаи Вамар, маркази ноҳияи Рӯшон иштирок надошт, вале аз тири снайпер захмӣ гардид ва дастгир шуд. Чӣ гуна тир хӯрдану дастгир шудани ӯ шарҳ дода нашудааст.

Дониш Исматов як фарзанд ва тағояш Фаромӯз Ғуломҳайдаров ду фарзанд доштаанд.

Ғуломҳайдаров  Ёдгор Мамадбекович,  соли таваллудаш 1974, сокини деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон буда, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷабҳаи Тавилдара таҳти фармони Мирзо Зиёев, маъруф ба Мирзо Ҷага, фармондеҳи аршади Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин меҷангид. Баъди имзои созишномаи сулҳ ӯ таҳти раҳбарии Мирзо Зиёев чанд сол дар вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон кор кард ва сипас ба зодгоҳаш баргашта, солҳои охир дар Дерзуд зиндагӣ мекард. Дар моҳҳои май ва июни соли 2021 кӯшиши боздошти  Ёдгор Ғуломҳайдаров, ки ба ҳимоят аз як ҳамдеҳаи ба қочоқи маводи мухаддир гумонбараш бо кормандони мақомот вориди баҳс шуда буд, боиси эътирозҳои оммавӣ дар ноҳияи Рӯшон шуд. Он вақт қазия бо миёнаравии Ёдгор Файзов, раиси вақти вилояти Бадахшон ҳал шуд ва Ёдгор Ғуломҳайдаров аз ҷавобгарӣ барои “мамониат ба фаъолияти намояндагони ҳокимият” халос шуд.

Дар моҳи майи соли 2022 деҳаи Вамар ба маркази асосии мавҷи нави эътирозҳо дар Бадахшон табдил ёфт. Субҳи 18 май мақомот аз шурӯи “амалиёти зиддитеррор” дар Рӯшон хабар доданд ва эътирозгаронро бо истифода аз нирӯҳои вижа ва силоҳ пароканда карданд. Мақомот кушта шудани 29 тан аз эътирозгаронро, ки онҳоро “аъзои гуруҳҳои муташаккилонаи ҷиноятӣ” ном мебаранд, расман тасдиқ карданд. Вале Созмони Милал ҳанӯз дар рӯзи аввали саркӯби эътирозҳои Рӯшон аз кушта шудани дастикам 40 нафар хабар дода буд.

Чанд тан аз лидерҳои ғайрирасмии Рӯшон, аз ҷумла Ёдгор Ғуломҳайдаров, тавонистанд рӯзи 18 май фирор кунанд. Вале баъди ду ҳафта ВКД  Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи  31-уми майи соли 2022, соати 09:30, дар натиҷаи гузаронидани “амалиёти зиддитеррористӣ” дар баландкӯҳҳои деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон,  дар фосилаи як километр аз марз бо Афғонистон, 5 тан аз иштирокчиёни фаъоли эътирозҳои ахир дар Рӯшон, ки аз 18-уми майи соли ҷорӣ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштанд, ҳангоми нишон додани муқовимати мусаллаҳона безарар карда шуданд:

  1. Ғуломҳайдаров Ёдгор Мамадбекович, соли таваллудаш 1974, истиқоматкунандаи деҳаи Дерзуд,
  2. Почоев Алишер Сафармамадович, соли таваллудаш 1976, истиқоматкунандаи деҳаи Вамар,
  3. Мавлододов Ҳабиб Феткаевич соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи деҳаи Дерзуд,
  4. Шехбуров Ҷангибек Душанбиевич, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи деҳаи Вамар,
  5. Палаев Дохунда Худобандаевич, соли таваллудаш 1969, истиқоматкунандаи деҳаи Вамар.

ВКД онҳоро “аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ва террористӣ” номид ва гуфт, дар ҷараёни ин амалиёти вижда танҳо яке аз роҳбарони ин гурӯҳ Палаев Қулмаҳмад Каримович, соли таваллудаш 1974, истиқоматкунандаи деҳаи Вамар зинда дастгир гардид. Бино ба иттилои расман тасдиқношуда, Қулмаҳмад Палаев ба ҳабси умрбод маҳкум шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button