ВидеоФарҳанг

ПЕШБАРИИ ЛАТИФАҲО ДАР БОРАИ ХОҶА НАСРИДДИН АФАНДӢ БА РӮЙХАТТИ МЕРОСИ БАШАРИЯТ

Рӯзи 28 ноябри соли 2022  дар шаҳри Работи Подшоҳии Марокаш иҷлоси 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО  оғоз ба кор кард. Ин нишаст то 3 декабр давом меёбад. Ҳайъати Тоҷикистонро дар ин иҷлос дабири масъули комиссияи миллии ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон роҳбарӣ мекунад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки дар нишасти Работ номинатсияҳои муштараки Тоҷикистон, аз ҷумла:

  1.  “Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ”,
  2. “Ҷашни Меҳргон”,
  3. “Ҳунари кашидадӯзӣ дар Осиёи Марказӣ”,
  4.  “Санъати сохт ва рубобнавозӣ” ва
  5. “Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин Афандӣ” мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Вазорат нагуфтааст, ки оё Тоҷикистон ҳамроҳ бо кадом кишварҳо мехоҳад ин номинатсияҳоро ба рӯйхатти мероси ғайримоддии ЮНЕСКО пешбарӣ кунад? Вале дар соли 2020, ҳангоми бори аввал пешбарӣ кардани латифаҳо дар бораи Хоҷа Насриддин Афандӣ Тоҷикистонро дар ин ташаббус чанд кишвар: Озарбойҷон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Туркия ҳамроҳӣ карда буданд.

Латифаҳо дар борами Хоҷа Насриддин Афандӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Эрон, Туркия ва ҳатто дар бархе кишварҳои ҳавзаи баҳри Миёназамин ва нимқораи Балкан маъруфанд.

«Азия Плюс» ёдовар шудааст, ки соли 2020 ҳамроҳ бо латифаҳо дар бораи Хоҷа Насриддин Афандӣ, Тоҷикистонҳамчунин якҷо бо Ӯзбекистону Эрон ба рӯйхатти мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид кардани сози мусиқии рубоб ва ҳамроҳ бо Эрон иди Садаро пешбарӣ карда буд.

Дар ҳоли ҳозир аз Тоҷикистон ба рӯйхатти мероси ғайримоддии башарият мусиқии “Шашмақом” ва иди Наврӯз шомил карда шуда, оши палов ва кашидадӯзии чакан соли 2018 ба рӯйхаттти репрезентативии ЮНЕСКО ворид гардидаанд.

Ҳамчунин шаҳри бостонии Саразм ва Боғи миллии Тоҷикистон, воқеъ дар Бадахшон ба рӯйхатти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шуда, 16 ёдгории дигар, аз ҷумла 11 ёдгории фарҳангӣ ва 5 ёдгории табиӣ дар рӯйхатти номзадҳо қарор доранд.

Ёдгориҳои фарҳангӣ:

  1. Мазори Амир Ҳамза
  2. Мазори Хоҷа Машҳад
  3. Мазори Муҳаммад Башоро
  4. Мазори Хоҷа Нақширон
  5. Шаҳри бостонии Панҷакент
  6. Шаҳри бостонии Тахти Сангин
  7. Шаҳри бостонии Бойтудаштӣ (ноҳияи Панҷ)
  8. Шаҳри бостонии Ҳулбук
  9. Шаҳри бостонии Аҷинатеппа
  10. Шаҳри бостонии Шаҳристон (қалъаи Қаҳқаҳа)
  11. Ёдгориҳои Роҳи Абрешим.

Ёдгориҳои табиӣ:

  1. Кӯҳҳои Фон
  2. Мамнӯъгоҳи Бешаи палангон
  3. Мамнӯъгоҳи Кусавлисой
  4. Мамнӯъгоҳи Даштиҷум
  5. Мамнӯъгоҳи Зоркӯл.
Ҳайкали Хоҷа Насриддин дар Маскав
Ҳайкали Хоҷа Насриддин дар Бухоро

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button