ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

КИЛОИ ГӮШТ- 30 СОМОНӢ, ХАЛТАИ ОРД 250 СОМОНӢ: ТАШКИЛИ ЯРМАРКАИ МАҲСУЛОТИ АРЗОН БАРОИ КОРМАНДОНИ АГЕНТӢ (12 АКС)

Агентии мубориза бо гардиши ғайриқонунии моддаҳои нашъадори Тоҷикистон бо нашри 12 акс дар сомонаи расмиаш хабар дод, ки бо мақсади иҷрои дастури ҳукмат оид ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии кормандон, санаи 25 ноябри соли равон бо ташаббуси раҳбарияти агентӣ дар ҳавлии ин ниҳод ярмарка – фурӯши маҳсулоти хӯрока ва ниёзи аввалия барои кормандони Агентӣ ва дигар корхонаҳову сокинони гирду атроф баргузор карда шуд.

Гуфта мешавад, дар ярмарка маҳсулоти гуногуни босифати ватанӣ, бахусус маводи ниёзи аввал, аз қабили орд, равған, гушт, тухм, моҳӣ, маҳсулоти полезӣ, мевагӣ, макарон ва маҳсулотҳои донагӣ  бо нархи нисбатан арзон ба харидорон пешкаш карда шуд.

Ҳамин тавр, “бо иқдоми нек ва хайрхоҳонаи роҳбарияти Агентӣ ба кормандони ҳайати хизматрасон ва афсар – бонувон,  аксари маҳсулот ба таври ройгон пешниҳод карда шуд”, гуфта мешавад дар хабар. Дар аксҳои нашршуда дида мешавад, ки як гуруҳи кормандони Агентӣ бо бастаҳои ёриҳои ғизоӣ дар саҳни ҳавлии ин идора қатор истодаанд.

Аз аксҳои нашршуда ҳамчунин бармеояд, ки дар ин ярмарка як халта орд ба кормандони Агентӣ бо нархи 250 сомонӣ, як кило гӯшти гӯсфанд бо нархи 30 сомонӣ, як кило шакар бо нархи 8 сомонӣ, як кило пиёзу картошка бо нархи 3 сомонӣ ва 5 литр равған бо нархи 90 сомонӣ фурӯхта мешуд, ки ин назар ба нархи бозорҳои Тоҷикистон хеле арзонтар аст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти агентӣ, “бо истифода аз шароити фароҳамгардида кормандони Агентӣ ва дигар сокинони гирду атрофи он маҳсулоти ниёзи худро харидорӣ намуда, аз фаровонии ярмарка, фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо изҳори хушнудӣ ба ташкилкунандагони он арзи сипос намуданд”.

Агентии мубориза бо маводи мухаддир гуфтааст,  ният дорад, дар оянда низ чунин ташаббусро идома диҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button