ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ВИДЕО: ДАСТИКАМ 6 КУШТА ВА ДАҲҲО ЗАХМӢ БАР АСАРИ ТАРКИШ ДАР МАРКАЗИ ИСТАНБУЛ

Дар натиҷаи таркиш дар кӯчаи ҳамеша пуриздиҳоми Истиқлол дар паҳлуи майдони Тақсим дар маркази Истанбул, бузургтарин шаҳри Туркия дастикам 6 нафар кушта ва 81 нафар захмӣ шуданд. Таркиш наздикиҳои шоми 13 ноябри соли 2022, соати 16:20 ба вақти маҳаллӣ рух дод. Ба гуфтаи шоҳидон, таркиш чунон қавӣ буд, ки садояшро ҳатто дар маҳаллаҳои ҳамсояи Бешиктош ва Шишлӣ ҳам шунидаанд.

Вазири корҳои дохилии Туркия Сулаймон Сойлу гуфт, гумонбаршаванда алакай дастгир шудааст. Ноиби раисҷумҳури Туркия Фуот Оқтой ин амалро кори дасти террористон хонда, гуфт,  “онҳо ҳатман барои ин кори кардаашон ҷавоб хоҳанд дод”. Оқтой гуфт, ҳамларо як зан анҷом додааст.

Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки то ҳол аз 81 нафари осебдида 39 нафарро аз бемористон баъд аз расонидани ёрии тиббӣ ҷавоб додаанд, вале вазъи 2 нафар аз маҷрӯҳон хеле вахим аст. Дар умум дар ҷои ҳодиса 4 нафар ба ҳалокат расида, 2 тани дигар дар бемористон ҷон додаанд.

Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар нишасти хабариаш ҳамлаи Истанбулро “ҳамлаи буздилона” номид ва гуфт, ки “ин ҳамла бӯи террор мекунад”.

Вазири адлияи Туркия Боқир Боздоғ ба журналистон гуфт, зане, ки ба анҷоми ҳамла гумонбар мешавад, дар як харак дар кӯчаи Истиқлол беш аз 40 дақиқа нишаста, ҳамагӣ чанд дақиқа пеш ах таркиш онҷоро тарк кардааст. Гумон меравад, ки бомбаро маҳз ҳамин зан дар рӯи он харак гузошта рафтааст.

CNN Turk бо такя ба манобеаш хабар дод, ки ҳамла аз ҷониби террористи маргталаб анҷом дода шудааст ва маводи тарканда дар борхалтаи як зан будааст. Ин хабарро шабакаҳои телевизионии Halk TV ва Oda TV низ тасдиқ карда, акси зани муттаҳамро нашр карданд. Дар акс зане рӯймол дар сар тасвир ёфтааст, ки дар тан шими камуфляжӣ дорад, аммо гарданаш урён аст.

Субҳи 14 ноября вазири дохилаи Туркия Сулаймон Сойлу аз боздошти нафаре хабар дод, ки маводи таркандаро дар кӯчаи Истиқлол гузоштааст. Сойлу ҳизби коргарии Курдистонро дар ин ҳамла айбдор кард. Ҳизби коргарии Курдистон як гуруҳи ҷангҷӯест, ки барои ташкили давлати мустақили Курдистон мубориза мебарад. Ин созмонро Иттиҳоди Аврупо ва Амрико созмони террористӣ эътироф кардаанд.

Аммо расман то ин лаҳза ягон гуруҳ масъулияти ҳамлаи Истанбулро ба дӯш нагирифтааст.

Вазири Туркия Дарё Яниқ дар Твиттер навишт, ки дар байни қурбониён як корманди вазорати давлатӣ ҳамроҳи духтараш низ будаанд.

Дар пайи ҳамлаи Истанбул алакай кишварҳои зиёди дунё ба Туркия изҳори ҳамдардӣ ва ҳамраъйӣ карданд.Сухангӯи Кохи Сафед  Карин Жан-Пер гуфт,  Амрико дар ин лаҳзаҳо дар роҳи мубориза бо террор дар канори ҳампаймони худ аз паймони ҳарбии НАТО истодааст.

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон  дар Твиттер бо забони туркӣ навишт: “Мо бо шумо ҳамдардем… Мо дар мубориза бо терроризм дар канори шумоем”.

Президенти Украина Владимир Зеленский, низ дар Твиттер ба забони туркӣ навишт, ки  Дарди мардуми ба мо дӯсти Туркия ин дарди мост “.

Кишварҳои зиёди дигар, аз ҷумла Покистон, Италия ва Юнон низ ба Туркия изҳори ҳамдардӣ ва ҳамдилӣ кардаанд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба ҳамтои туркаш Раҷаб Эрдуғон барқияи таслият ирсол кард, ки дар он чунин навишта шудааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари таркиш дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Истамбул боиси андўҳи амиқи мо гардид.

Таъзия ва таслияти самимии ин ҷонибро ба Шумо, мардуми дӯсти Туркия ва аҳли пайвандону наздикони қурбониёни ин амали террористӣ иброз намуда, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».

Кӯчаи Истиқлол дар паҳлуи майдони Тақсим дар маҳаллаи Беёоғлуи шаҳри Истамбул ҷойгир шуда, яке аз кӯчаҳои маъруфи ин шаҳр ба ҳисоб меравад ва ҳамеша ин кӯча аз ҳисоби сайёҳон ва сокинони маҳаллӣ пур аз мардум аст. Дар ин кӯча ҳаракати нақлиёт мамнӯъ буда, дар он мардум метавонанд фақат пои пиёда сайругашт мекунанд. Миқдори зиёди қаҳвахонаҳо ва мағозаҳо ин кӯчаро миёни меҳмонон ва сокинони Истанбул хеле маъруф кардааст. Дар соли 2016 кӯчаи Истиқлол алакай як дафъа ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифта буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button