ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ПУТИН БА ҲАМСАРИ РАМАЗОН ҚОДИРОВ УНВОНИ “ҚАҲРАМОН-МОДАР” ДОД

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 14 ноябри соли 2022 барои аввалин бор дар таърихи Русияи пас аз Шӯравӣ, ду зан, аз ҷумла ҳамсари 44-солаи роҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров Медни Қодироваро бо унвони “Қаҳрамон-модар” сарфароз гардонид. Бо фармони Путин, дар баробари Медни Қодирова, Олга Дехтяренко ном зан аз ҳавзаи Ямалу Ненетс ҳам, ки модари 10 фарзанд будааст, сазовори унвони “Қаҳрамон-модар” шуд.

Дар ин фармони Путин инчунин омадааст, ки ин ду зан “барои хидматҳои шоиста дар таҳкими оила ва тарбияи фарзандон” шоистаи унвони “Қаҳрамон-модар” мегарданд. Дар баробари унвони “Қаҳрамон-модар” ба ин нафарон маблағи 1 миллион рубли русӣ низ ҳадя карда мешавад. Ордени  “Қаҳрамон-модар” шакли ситораро дошта, аз тилло ва алмос сохта шудааст. 

Медни Қодирова соли 1978 ба дунё омада, соли 1996, дар синни 18 бо Рамазон Қодиров, ки аз ӯ ду сол бузургтар аст, издивоҷ кардааст. Ӯ соҳиби 12 фарзанди муштарак бо Рамазон Қодиров аст. Ҳамагӣ фарзандони ин ҷуфт ба 14 нафар мерасад: Онҳо боз ду кӯдакро ба фарзандӣ гирифтаанд.

Рамазон Қодиров ва Медни Қодирова 4 писар ҳам доранд. Моҳи октябри соли ҷорӣ раҳбари Чеченистон эълон кард, ки се фарзанди ноболиғашро ба ҷанги Украина фиристодааст. Қодиров иддао кард, ки фарзандонаш аз хурдӣ тарбияи хуби ҷангӣ гирифтаанд. Ӯ ҳатто видеоеро нашр кард, ки дар он се писараш, ба гуфтаи Рамазон Қодиров, дар хатти пеши ҷабҳаи ҷанг бо нирӯҳои Украина сабт шудаанд.

Медни Қодирова ҳамчун тарроҳи либос кор мекунад. Соли 2009 дар пойтахти Чеченистон шаҳри Грозний ӯ хонаи мӯди либосҳои мусалмониро кушода буд, вале баъдан ин тиҷораташро ба духтараш дод.

Рамазон Қодиров соли 1976 ба дунё омада, моҳи феврали соли 2007, вақте ки ҳамагӣ 30 сол дошт, ба раҳбарии Чеченистон расид. Ӯ яке аз тарафдорони сарсахти президенти кунунии Русия Владимир Путин дониста мешавад. Ҳомиёни ҳуқуқ Рамазон Қодиров ва атрофиёни ӯро ба нақзи давомдори ҳуқуқи инсон, шиканҷаи чеченҳои норозӣ аз ҳукмронии ӯ ва ҳатто қатлҳои худсарона айбдор мекунанд.

Унвони “Қаҳрамон-модар” дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳанӯз 8-уми июли соли 1944 аз тарафи Раёсати  Шӯрои Олии СССР бо мақсади зиёд кардани аҳолӣ баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳон таъсис дода шуд. Дар даврони Шӯравӣ наздики 430 ҳазор зан аз саросари   СССР соҳиби унвони “Қаҳрамон-модар”  шуда буданд.  Охирин маротиба ин унвон 14-уми ноябри соли 1991 дода шудааст. 

Путин рӯзи 1-уми июни соли 2022 дар Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон зимни вохӯрӣ бо оилаҳои серфарзанд пешниҳод кард, ки унвони “Қаҳрамон-модар”  эхҳё карда шавад. Моҳи август ӯ бо судури як фармон ин унвонро барқарор кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button