ВидеоҶомеа

ЯК СОКИНИ 66-СОЛАИ ДУШАНБЕ ДУХТАРИ 11-СОЛААШРО ЗАДА-ЗАДА КУШТААСТ (ВИДЕО)

Дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон як марди солхӯрда духтари ноболиғашро ба дуздии пули дорувораш айбдор карда, кӯдаки оҷизро бо як бераҳмии махсус то мурданаш латтукӯб кардааст. ВКД ин ҷиноятро “нанговартарин ҷиноят” номид ва гуфт, “мутаассифона, ҷаҳлу разолат баъзан дар вуҷуди бархе инсонҳо то андозае реша медавонад, ки ҳатто қасди ҷони азизони худ мекунанд ва дасти худро ба хун оғӯшта месозанд”.

Сироҷиддин Шакурӣ, корманди маркази матбуоти раёсати корҳои дохилии пойтахт дар як гузориши муфассал, ки шоми 2 ноябри соли 2022 дар нашри навбатии барномаи “Ахбори ВКД” нашр шуд, бархе тафсилоти ин ҷинояти гӯшношунидаро бозгӯ кард.

Бино ба гузориши нашршуда, шаҳрванд Саидов Гурез Шарипович, сокини 66-солаи кӯчаи Хайрободи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рӯзи 28 октябри соли 2022 духтари 11-солааш Мадина Саидоваро дар дуздидани пулҳое, ки барои харидани доруворӣ ҷамъ карда буд, гунаҳкор карда, ӯро шадидан латтукӯб кардааст. Гурез Саидов дар гузориш мегӯяд, дигар дар ёдаш нест, ки он рӯз ба бадани духтараш бо чӯбу калтаку мушту лагат чанд зарба зад.

То кунун маълум нест, ки оё пулҳои гумшудаи Гурез Саидовро духтари бо бераҳмии махсус кушташудааш гирифта буд ё он пулҳоро дар дигар ҷо гум кардааст? Худи Гурез Саидов исрор меварзад, ки гӯё Мадина баъди латтукӯбаш иқрор кардааст, ки пулҳоро ӯ гирифтааст. Вале ин ки ӯ ин корро дар ҳақиқат карда буд ё дар натиҷаи шиканҷа маҷбур шуд, ки гуноҳи нокардаро ба гардан бигирад, дигар як суоли беҷавоб боқӣ мемонад. Сирри ин корро Мадина ғӯррамарг бо худ ба гӯр бурд.

Сироҷиддин Шакурӣ дар гузоришаш мегӯяд, ин ҳодиса нафақат ҷони як кӯдаки аз сад гул як гулаш ҳам ношукуфтаро гирифт, балки ин оиларо дутарафа ғарқи мотаму ғам кард. Аз як тараф, Мадинаи ғӯррамарг, ки мутаассифона, қурбони ҷаҳолати падар шуд, ва аз тарафи дигар, худи ин падари ҷоҳил, ки дар ин синни пирӣ бо ҷурми қатли фарзанди худаш ба курсии айбдорӣ менишинад ва то поёни умраш бори вазнини қатли фарзандашро ба дӯши худ хоҳад кашид.

Ҷонон Баротзода, муфаттиши додситонии шаҳри Душанбе гуфт, додситонии пойтахт дар робита ба ин куштор бар асоси қисми дуюми моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушодааст. Ба Гурез Саидов бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз 15 то 25 соли зиндон ваё ҳабси умрбод таҳдид мекунад. Ин банди қонун ҳамчун ҷазо ҳукми қатлро ҳам дар бар мегирад, вале судур ва иҷрои ҳукми қатл дар Тоҷикистон аз соли 2004 таҳти мораторий қарор дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button