ВидеоМуҳоҷиронФарҳанг

ТАРОНАИ БУЛҒОРҲОИ ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДУШАНБЕ (ВИДЕО)

Зодагони шаҳри Душанбе падару писар Николай ва Константин Кряколовҳо, ки хеле сол пеш тарки Тоҷикистон карданд ва ҳоло дар Булғористон ба сар мебаранд, то ҳол шаҳри дӯстдоштаашонро фаромӯш накардаанд. Онҳо ахиран таронаеро бо номи “Любимый Душанбе” (“Душанбеи маҳбуб”) таҳия ва нашр карданд. Матну оҳанги ин таронаро Николай Кряколов навишта ва худаш онро сароидааст. Аранжировка ё бастакории таронаро бошад, писари низ ҳунарманди ӯ Константин Кряколов анҷом додааст.

Дар ин бора дӯсти фейсбуки ин ду ҳунарманди булғории зодаи Душанбе журналисти тоҷик Зебо Тоҷибоева хабар дод.

“Ман дар Булғористон дӯстоне дорам, ки қаблан дар Душанбе зиндагӣ мекарданд. Мо ягон бор рӯ ба рӯ якдигарро надидаем. Хонаводаи мутрибон Кряколовҳо  ҳамаи ин солҳо алоқаву муҳаббаташон ба Душанберо ҳифз кардаанд. Ва ба тозагӣ барои ман таронаеро фиристоданд, ки ба Душанбе бахшида шудааст. Матну оҳанг ва иҷро аз падар асту бастакориаш аз писар. Бо камоли майл ин таронаро нашр мекунем, – навиштааст Зебо Тоҷибоева.

Оҳанги ин тарона дар сабки хеле шабеҳи оҳангҳои эстрадаи тоҷикии даврони Шӯравӣ эҷод шуда, Николай Кряколов дар таронаи “Любимый Душанбе” аз ҷумла чунин сатрҳо дорад:

Кто хоть раз бывал в Душанбе,

Тот опять вернется сюда.

До чего ж красив Душанбе,

Он в цветах цветет всегда.

А поедешь в Душанбе,

Не забудь сказать обо мне…

(Ҳар касе ки як бор Душанбе биравад,

Боз ҳатман ба инҷо бар хоҳад гашт.

Душанбе чӣ қадар зебост,

Он ҳамеша ғарқи гулҳои шукуфост.

Агар рафту ба Душанбе биравӣ,

Аз номи ман ҳам саломаш бирасон…)

Дар клипи таронаи “Любимый Душанбе” сабтҳои зиёди фаввораҳои пойтахти Тоҷикистон истифода шудааст. Душанберо пеш “шаҳри фаввораҳо” низ ном мебурданд. Вале корбарон баъди тамошои тарона ин нуктаро ҳам зикр кардаанд, ки бисёре аз ин фаввораҳоро алакай аз байн бурдаанд.

Дар майдони баҳси зери хабари таронаи Кряколовҳо дар бораи Душанбе дигарбора пиромуни симои нави пойтахти Тоҷикистон баҳси тезутунд бархостааст. Ба бархе сохтмонҳои нави Душанбе маҷбул буда, онҳо менависанд, ки ба ҷои “Душанбеи советӣ” ҳоло дар ин ҷо шаҳри муосир сохта истодаанд. Вале гуруҳи дигар, бахусус насли калонсол, ки Душанбеи қадимаро хуб дар ёд доранд, бо изҳори таассуф менависанд, ки шаҳри маҳбуби онҳоро бо биноҳои почтамту  театри Маяковский, мактаби №8, бозорҳои Зелёний ва Путовский аз байн бурданд ва ба ҷои онҳо баландошёнаҳои оинапӯш, вале безавқу бадафт пайдо шудаанд, ки ба дил намехӯранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button