ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

РӮЗҲОИ 26-27 ОКТЯБР ДАР ТОҶИКИСТОН БОРОНУ РАЪДУ БАРҚ ПЕШБИНӢ МЕШАВАД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо  такя ба Агентии обуҳавошиносӣ хабар дод, ки рӯзҳои 26-27 октябри соли2022 дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид пешбинӣ шуда, дар бархе минтақаҳо (ба истиснои ноҳияҳои шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) боронҳои шадид хоҳад зад. Биро ба пешбинии ҳавошиносон, дар бархе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва тобеи марказ раъду барқу тирукамон ҳам дар назар дошта шудааст.

Рӯзҳои 26-27 октябр, дар бархе ноҳияҳои кӯҳӣ ва кӯҳдомани вилояти Суғд (шаҳри Панҷакент ва атрофи он), вилояти Хатлон (ноҳияи Ш.Шоҳин), ноҳияҳои тобеи марказ (Рашт ва Сангвор) районы республиканского подчинения (районы – Раш и Сангвор), ҳамчунин дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селро пешгӯӣ мекунанд. Ҳамин тавр, ҳавошиносони тоҷик рӯзи 26 октябр бар асари боришоти зиёд боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаи Ёхсӯ ва қисмати ҷанубии дарёи Қизилсӯ ва ҳамчунин дар рӯдхонаҳоеро, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, пешбинӣ мекунанд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, обуҳавои номусоиди рӯзҳои охир алакай аз худ дарак дода  истодааст. Аз ҷумла рӯзи 25 октябр дар километри 202-юми роҳи Душанбе – Ваҳдат – Рашт – Лахш – Саритош дар ҳудуди ҷамоати Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод сел омадааст. Дар натиҷа, роҳ муваққатан баста шуд. Дар натиҷаи ба роҳ андохтани корҳо барои рафъи оқибатҳои ин офат барои равуои воситаҳои нақлиёт роҳи муваққатӣ кушодаанд. Корҳо барои рафъи пурраи оқибатҳои ин офат идома дорад.

Дар робита ба эҳтимоли бад шудани ҳаво дар рӯзҳои 26-27 октябр, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз сокинон ва меҳмонони Тоҷикистон хостааст, ки дар ин рӯзҳо аз сайру сафар ба кӯҳҳо худдорӣ кунанд. Аз мардум ҳамчунин хоста мешавад, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми гузаштан аз роҳҳои кӯҳистон ва ағбаҳо эҳтиёт кунанд ва аз рафтан ба ҳезумчинӣ ваё барои ҷамъоварии замбурӯғ, моҳигирӣ ва шикор худдорӣ кунанд.

Аз сокинони ноҳияҳои кӯҳистон ва кӯҳдорман хоста мешавад, ки ҳангоми чаронидани чорво, бахусус дар чарогоҳҳои наздик ба дарёву обанборҳо эҳтиёт кунанд. Аз сокинони ҳамчунин хоста мешавад, ки ба хотири пешгирӣ аз оқибатҳои ногувори селу обхезиҳо дар маҳалли зисти худ селроҳаву каналу дарёҳоро тоза кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button