ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ОШКОР ШУДАНИ ДУ ҲОЛАТИ ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ ҚАРИБ 2 МЛН РУБЛ ВА 325 ҲАЗОР СОМОНӢ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 26 октябри соли 2022 аз ошкор шудани ду ҳолати қаллобӣ: яке ба маблағи қариб 2 миллион рубли русӣ ва дуюмӣ ба маблағи 325 ҳазор сомонӣ, ё беш аз 30 ҳазор доллар хабар дод.

Бино ба иттилои ВКД, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 28-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки соли 2022 марди 33-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1 миллиону 870 ҳазор рубли русиро гирифта ваъда додааст, ки дар муддати 2 шабонарӯз онҳоро бармегардонад. Аммо ин сокини пойтахт ваъдаашро иҷро накарда, то ҳол маблағҳои зикргардидаро барнагардонидааст.
Ҳамчунин, нисбат ба марди 33-солаи сокини шаҳри Хуҷанд аз тарафи кормандони ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.
Чунончи ӯ соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии марди 35-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада, бо ваъдаи таъмини сохтмони бинои баландошёна бо масолеҳи сохтмонӣ аз ӯ дар умум 325 ҳазор сомонӣ пул гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳолатҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button