ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

МУСОДИРАИ 383 КИЛО БОРИ МУСОФИРОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕКУ ОЗАРӢ ДАР ФУРУДГОҲИ САМАРА

Маркази матбуоти идораи Росселхознадзори вилоятҳои Саратов ва Самараи Русия рӯзи 26 октябри соли 2022 хабар дод, ки кормандонаш дар як ҳафтаи гузашта (аз 17 то 23 октябри соли 2022)  дар фурудгоҳи “Курумоч”-и шаҳри Самара 2068 бағочи мусофирони 21 парвоз аз кишварҳои хориҷаи дуру наздикро таҳти тафтиши фитосанитарӣ қарор додаанд.

Ҳангоми тафтиш дар бағочи 116 мусофир аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Озарбойҷон 382,8 кило  маҳсулоти таҳти карантин, ба мисли чормағз, меваҷот, меваи хушк, гиёҳҳои хушк, чой, тухмӣ ва маҳсулоти дигарро, ки ба қаламрави Русия дароварданашон манъ карда шудааст, пайдо кардаанд. Дар хабар гуфта мешавад, ки ин маҳсулоти мусодирашударо таҳти назорати кормандони Росселхознадзор нобуд кардаанд.

Ин идора гуфт, ки ҳамин тавр, кормандонаш 11 ҳазору 720 дона гули аз Арманистон овардашударо низ таҳти тафтиши фитосанитарӣ қарор додаанд, вале азбаски тамоми бор санадҳои лозими фитосанитарӣ дошт, ба соҳиби гулҳо иҷозат додаанд, ки маҳсулоташро вориди Русия кунад.

Заминаи ҳуқуқии мусодираи чунин маҳсулот аз мусофирони тоҷик қарори Росселхознадзор аз 16 апрели соли 2012 аст, ки  ба мусофирон ба қаламрави Русия ворид кардани меваву сабзавот ва маҳсулоти дигари таҳти карантин аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Озарбойҷонро манъ мекунад.

Аз 5 марти соли 2019 ба мусофирон аз Ӯзбекистон иҷозат доданд, ки бо худ то 5 кило меваву сабзавот ё хушкмеваю донагӣ биоранд. Вале ба мусофирон аз Тоҷикистон инак 10 сол боз ба Русия бурдани меваву сабзавот, хушкмева ва маҳсулоти донагие, чун пиставу бодому чормағз расман манъ карда шудааст.

Агар бахти мусофирон баландӣ кунаду дар фурудгоҳҳои Русия ба дасти кормандони Росселхознадзор наафтанд,  ин маҳсулотро мегузаронанд, вале агар дар рейд биафтанд, меваву сабзавоти аз Ватан бо худ овардаашонро мусодира мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button