ВидеоНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

КУМИТАИ ДИФОЪ АЗ ЖУРНАЛИСТОН БОРИ ДИГАР АЗ МАҚОМОТИ ТОҶИКИСТОН ОЗОДИИ ҲАМАИ ЖУРНАЛИСТОНИ ЗИНДОНИРО ТАЛАБ КАРД

Созмони байналмилалии Кумитаи дифоъ аз журналистон рӯзи 25 октябри соли 2022 дар як изҳорот дигарбора аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки тамоми журналистони зиндонишударо озод кунад. Ин созмон аз мақомоти Душанбе ҳамчунин талаб кардааст, то пиромуни хабарҳо дар бораи дар боздошт мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ қарор гирифтани журналист Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва гӯё дар пеши дурбини видео маҷбур ба эътирофи гуноҳ кардани журналистони дигари дастгиршуда посухи қонеъкунанда бидиҳанд.

Ин изҳорот дар пайи дар Радиои Озодӣ нашр шудани номаи Пирмуҳаммадзода аз боздоштгоҳ нашр шуд. Дар он нома журналист мегуфт, ки кормандони милитсия ӯро латтукӯб карда, ба баданаш сими барқ мондаанд ва маҷбур кардаанд, ки дар пеши дурбини видео ҳамкориаш бо роҳбарони мухолифин дар хориҷро ба гардан бигирад.

Бародари ӯ Абдукарим Пирмухаммадзода дар суҳбат бо Кумитаи дифоъ аз журналистон ҳусни хатти бародараш будани номаи нашршударо тасдиқ кард ва хабар дод, ки ҳаноми мулоқоти ахираш бо аҳли хонавода худи Абдусаттор низ муаллифи нома буданашро тасдиқ кардааст.

Як хабарнигори аршади Радиои Озодӣ ба Кумитаи дифоъ аз журналистон хабар дод, ки бино ба иттилои онҳо, дар умум 6 журналисти дар ин авохир зиндонишударо маҷбур кардаанд, ки дар пеши видеокамера иттиҳомоти ба зиддашон эълоншударо ба гардан бигиранд.

Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои Кумитаи дифоъ аз журналистон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Ню Йорк гуфт: “Иддаоҳо дар бораи бадрафторӣ, таҳдид ва ба эътирофи гуноҳ маҷбур кардан аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, ҳарчанд хабари нав нест, вале нигаронии амиқро ба бор овардаанд ва аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон посухи муфассал ва қонеъкунанда  талаб мекунанд.  Мақомоти Тоҷикистон бояд барвақт ин сиёсати муҳри махфӣ задан ба парвандаҳои зидди журналистонро бас кунад, чунки ин ҳуқуқи онҳоро ба як шакли ошкору бепарда поймол мекунад. Мақомоти Тоҷикистон бояд бидуни таъхир ҳамаи журналистони ноодилона зиндонишударо озод кунад”.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, хабарнигори собиқи радиои давлатии Тоҷикистон, ки назари худро ба масоили иҷтимоӣ ва озодии баён дар каналаш дар Ютуб баён мекард. Канали ӯ 39 ҳазор обуначӣ дошт. Пирмуҳаммадзода дар каналҳои Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ низ чандин мусоҳиба дода буд ва баъди боздошти онҳо дар таърихи 15 июни соли 2022 аз мақомот озодии ин ду журналистро талаб кард. Бародари Пирмуҳаммадзода мутмаин аст, ки сабаби ҳабси ӯ ҳамин даъватҳояш ба раҳо кардани Далеру Абдулло шуд. Пирмуҳаммадзода билохира рӯзи 9 июл дастгир карданд.

Рӯзи 13 октябр адвокати Пирмуҳаммадзода иддао карда буд, ки муваккилаш шиканҷаро рад карда, гуфтааст, ки худаш иттиҳомоти эълоншударо эътироф кардааст. Вале як ҳафта баъд, Пирмуҳаммадзода дар номааш аз боздоштгоҳ акси инро гуфт ва навишт, ки барои ба даст овардани эътирофи гуноҳ хеле сахт шиканҷааш додаанд.

Ҳоло ба ӯ барои ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад. Журналист  ин иттиҳомотро рад мекунад ва мегӯяд, лайку матлабҳои “оппозитсиониро” аз номи вай дар Интернет худи мақомот баъди мусодираи телефонаш гузоштаанд. Ӯ навишт, ки мақомот маҷбураш кардаанд, ба гардан бигирад, ки бо роҳбари оппозитсия Муҳиддин Кабирӣ барои инқилоб дар Тоҷикистон тайёрӣ медид. Кабирӣ ин иддаоро бепоя номида, рад кардааст.

Аз ин қабл хабарҳо омада буд, ки Улфатхоним Мамадшоева эътирофи дар телевизион кардаашро рад карда, гуфтааст, ки ӯро зери фишор ба ин кор маҷбур кардаанд. Ҳамин тавр, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, бино ба хабарҳо, зери фишор маҷбур шудааст, дар пеши видеокамера иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҳизбҳои мамнӯи оппозитсиониро ба гардан бигирад.

Як манбаи наздик ба хонаводаи Завқибек Саидаминӣ, боз як журналисти ҳабсшудаи тоҷик, бюа Кумитаи дифоъ аз журналистон гуфтаанд, ки аз замони боздошти ӯ дар моҳи июл, инак сеюним моҳ боз ӯро ягон бор надидаанд ва метарсанд, ки ӯ ҳам гирифтори шиканҷа шуда бошад.

Аҷаб он аст, ки адвокатҳои журналистони зиндонӣ аз суҳбат бо матбуот ҳадалимкон фирор мекунанд. Гуфта мешавад, ки онҳо ба мақомот дар бораи ифшо накардани ҷузъиёти парвандаҳо забонхат надодаанд. Мурофиаҳои журналистон низ пушти дарҳои баста дар даруни боздоштгоҳ бидуни ширкати аҳли ҷомиа сурат гирифта истодааст. Сабаби муҳри махфӣ дар парвандаҳои журналистонро мақомот шарҳ намедиҳанд.

Мақомот иддаоҳо дар бораи шиканҷа шудани журналистони дастгиршударо низ шарҳ намедиҳанд. Вале як намояндаи додситонии кул ахиран гуфт, ки ба онҳо дар бораи шиканҷа шудани журналистон ягон шикоят нарасидааст. Ин дар ҳолест ки Пирмуҳаммадзода ҳанӯз ду моҳ пеш ба додситонӣ дар ин бора расман шикоят навишта буд, вале посухе то ҳол нагирифтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button