ВидеоМуҳоҷирон

7 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЮНУСҶОНИ 18-СОЛА БАРОИ ҚАТЛИ ЯК ТОҶИКИ ДИГАР ДАР ПЕТЕРБУРГ

Додгоҳи ноҳияи Маскави шаҳри Санкт-Петербурги Русия рӯзи 25 октябри соли 2022  шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистон Юнусҷон Юсуповро бо ҷурми қатли бераҳмонаи ҳамватанаш: ронандаи 26-солаи такси Эмомалӣ Давлатов ба 7 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард. Ҷасади Эмомалӣ Давлатовро бо гулӯи бурида ва захмҳои зиёди корд шаби 23 ба 24 январи соли ҷорӣ дар дохили мошини тамғаи “Фолксваген Поло” дар нишебии пандуси фурудгоҳи Пулковои шаҳри Санкт- Петербурги Русия пайдо карда буданд.

Шабакаи ТВ “Санкт-Петербург”  бо нашри ин хабар ҳукми содиршударо хеле сабук номид, чунки ба Юнусҷон Юсупов барои куштор бо бераҳмии махсус то 15 соли зиндон таҳдид мекард. “Вале ба қотили ҷонситон раҳм карданд ва ҳукми ду маротиба камтараш доданд. Бо чунин ҷазо қотил алакай баъди чор сол ҳаққи пеш аз муҳлат озод шуданро ба даст меорад”, – мегӯяд ин расона.

Юнусҷон Юсупов ба гулӯи ронандаи такси корд зада, ҳамин тавр, ба дигар аъзои бадани ӯ боз 20 зарбаи дигари корд зада буд. Ӯро баъди 4 рӯзи куштор – 27 январ – дар Пенза дастгир карданд.  

Сабаби чунин қатли бераҳмонаи ҳамватанаш аз ҷониби ин ҷавон норӯшан боқӣ мемонад. Ба ин савол, ки чаро таксистро кушт?, Юсупов кӯтоҳ ҷавоб додааст, ки “Ин кори байни мост”. Вале як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” қаблан гуфта буд, ки ҳам Юсуфҷон ва ҳам Эмомалӣ ҳарду аз ҷамоати Симиганҷ дар канори шаҳри Ваҳдатанд ва  инҷо сухан дар бораи куштори номусӣ меравад. Юнусҷон Юсупов, ба гуфтаи ин манбаъ, аз Эмомалӣ Давлатов барои номуси яке аз наздиконаш интиқом гирифтааст.

Баъди кушта шуданаш, яке аз дӯстони Эмомалӣ Давлатова ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” нақл кард, ки марҳум аз деҳаи Чорбоғи ҷамоати Симиганҷи шаҳри Ваҳдат буд. Падарашон аз модари онҳо барвақт ҷудо шуд ва Эмомалӣ ва як бародарашро модари онҳо ба танҳоӣ ба воя расонд. Эмомалӣ Донишгоҳи омӯзгориро хатм карда, дар мактаби деҳаи Шодмонқалъа ах фанни информатика ва технологияҳои нав дарс медод.

Азбаски маоши муаллимӣ ба зиндагиаш намерасид, Эмомалӣ дар вақти таътили тобистона ба Русия мерафт ва таксиронӣ мекард. Аммо ин дафъа ӯ дар нимаи соли таҳсил мактабро партофта, дар арафаи соли нав ба Русия омад, чунки ба иллати камии маош аз ҳама қарздор шуда буд ва аз тарафи дигар, ҳам модараш мариз шуда буд ва ҳам ҳамсараш ҳомила шуда буду омодагӣ ба таваллуди нахустфарзанд маблағи бештар талаб мекард.

 “Ин ҳама Эмомалиро маҷбур кард, ки мактабро партофта, ҳамсари ҳомилаашро пеши модари маризаш бигузорад ва боз ба Русия биояд. Вале, мутаассифона, он сафар ба фурудгоҳ сафари охирини ӯ шуд ва ӯ рӯи фарзанди нахустинашро нодида, аз дунё рафт…” – нақл карда буд дӯсташ дар суҳбат бо “Бомдод”. Бародари ягонаи Эмомалӣ низ дар мардикорӣ дар Русия будааст.

Ҷасади Эмомалиро дар курсии ронанда пайдо карданд. Мошин, ки ба яке аз ширкатҳои таксии Петербург тааллуқ дошт, дар назди баромад аз пандуси фурудгоҳ меистод. Ташхис дар бадани ронандаи кушташуда захмҳои зиёди кордро пайдо кардааст. Бино ба иттилои манобеи наздик ба тафтишот, қотил ҷабрдидаро ба ноҳияи сар ва қафаси синааш бо корд ё теғи тез зарбаҳои зиёд зада, сипас гулӯи ӯро буридаас. Видеокамераҳои назоратӣ, ки дар фурудгоҳи Пулково тақрибан сари ҳар қадам гузошта шудаанд,  лаҳзаеро сабт кардаанд, ки чӣ гуна дар мошини “Фолксваген Поло”  чор нафар савор буданд ва ду нафари онҳо аз мошин фаромаданд ва  ронанда бо як нафари дигар дар дохили мошин монд. Ба кадом сабабе байни онҳо дар дохили мошин муноқиша сурат гирифта, бо одамкушӣ анҷом ёфтааст. Нафари гумонбаршавандаро бар асоси сабти видеокамераҳои назоратӣ, ки дар фурудгоҳи Пулково хеле зиёданд, муайян ва дастгир кардаанд.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон бо мақсади таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба Русия ба мардикорӣ мераванд. Ва ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба иллатҳои гуногун тарки ин дунё мекунанд. Садамаҳои нақлиётӣ дар баробари фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист (сӯхтор, таркиш ва ғ.) яке аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба шумор меравад. Вале ҳар сол даҳҳо нафар аз зодагони Тоҷикистон дар Русия қурбони марги маҷбурӣ, яъне куштор ҳам мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button