ВидеоМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 2 ҲАЗОР ЗАРФ МАШРУБОТИ “ЯГУАР” ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН (ВИДЕО)

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 19 октябри соли 2022 хабар дод, ки кормандонаш дар вилояти Бодканд аз як кӯшиши аз Тоҷикистон бо роҳҳои қочоқӣ ба Қирғизистон гузарондани беш аз 2 ҳазор зарф машруботи “Ягуар” пешгирӣ кардаанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ин кумита, кормандони амният рӯзи 18 октябр дар ҳудуди вилояти Бодканд 2160 банка машруботи тамғаи “Ягуар”-ро, ки аз Тоҷикистон ғайриқонунӣ оварда шуда буд, пайдо ва мусодира кардаанд. Бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи ин миқдори бузурги машрубот шаҳрванди Қирғизистон К.А.А. дастгир шудааст ва ӯ даст доштанаш дар ин амали ғайриқонуниро эътироф кардааст.

Аммо, гуфта мешавад, дар хабари мақомоти амниятии Қирғизистон, шарики ин қочоқбар тавонистааст бо мошини боркашаш ба тарафи қаламрави Тоҷикистон фирор кунад.

Мақомот нагуфтаанд, ки ин ҳодиса дар кадом қисмати марз бо Тоҷикистон рух додааст.

Тафтиши ин ҳодиса идома дорад.

Дар аввали ҳафтаи равон хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дода буд, ки дар деҳаи Қарабеки вилояти Бодканд аз кӯшиши аз Тоҷикистон ба Қирғизистон гузарондани маблағи бузурги асъори хориҷии нақд пешгирӣ карда, аз як қочоқбар 2 миллиону 750 ҳазор доллари Амрико пайдо ва мусодира кардаанд! Дар робита ба ин қазия 4 нафар дастгир шудаанд ва ба онҳо бар асоси қисми чоруми моддаи 231 Кодекси ҷиноятии Қирғизистон барои қочоқи иқтисодӣ  ҳамчун ҷазо аз 5 то 10 соли зиндон бо мусодираи молу мулк таҳдид мекунад.

Вале дар бораи ин ки ин маблағи бузург ба кӣ метавонад тааллуқ дошта бошад?, КДАМ Қирғизистон дар иттилоияаш чизе нагуфтааст.

Деҳаи Қарабеки ноҳияи Бодканд аз се тараф бо рустоҳои тоҷикнишини ҷамоатҳои Чилгазӣ ва Лаккони шаҳри Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон ҳаммарз мебошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button