ВидеоМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

ИЗҲОРОТИ ҚӮШУНҲОИ МАРЗБОНИИ ВИЛОЯТИ СУҒД: ҚИРҒИЗИСТОН ПРОТОКОЛ №42-РО ҚАСДАН ПОЙМОЛ МЕКУНАД (17 АКС)

Раёсати қӯшунҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон дар вилояти Суғд рӯзи 19 октябри соли 2022 бо нашри як изҳорот ва аксҳои зиёд изҳор дошт, ки бар хилофи тавофуқоти бадастомада ва дар Протоколи №42 аз 25 сентябри соли 2022  дарҷшуда, ҷониби Қирғизистон дидаю дониста даст ба иқдомҳое зада истодааст, ки ҳадафаш эҷоди таниш ва нооромӣ дар манотиқи марзи байни ду кишвар аст. Тибқи протоколи №42, ки раҳбарони КДАМ Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев дар пайи даргириҳои хунини моҳи сентябр имзо карданд, ҷонибҳо мебоист тамоми нирӯҳо ва техникаи иловагиро аз марз пас кашида, аз даст задан ба иқдомоте, ки битавонанд боиси ташаннуҷи вазъ шаванд, парҳез кунанд. Задухӯрдҳои хунини рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бо беш аз 130 кушта ва наздики 450 захмиаш хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ  дар даврони пас аз суқути Шӯравӣ шумурда мешавад.

Ҷониби Қирғизистон ин изҳоротро то кунун шарҳ надодааст, вале Раёсати қӯшунҳои марзбонии вилояти Суғд мегӯяд, баъди имзои протоколи №42 мавридҳои фаровони поймол кардани он аз сӯи Қирғизистонро сабт ва бо аксҳо мустанад кардааст.

Марзбонони тоҷик амалҳои иғвогаронаи бархе шаҳрвандони Қирғизистон, тайёр кардани нуқтаҳои тирандозӣ, кандани хандақҳо, идома интиқоли техникаи ҳарбии иловагӣ ва батакрор вайрон кардани ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро аз ҷумлаи далелҳои яқини нақшаҳои бадқасдонаи ҷониби Қирғизистон номида, мегӯянд, аз 26 сентябр то 15 октябр ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон 12 маротиба дар фазои шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро вайрон кардаанд.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки бар хилофи тавофуқоти хаттию лафзӣ бо ҷониби Қирғизистон ва бар хилофи талаботи Протоколи №42 аз 25 сентябри соли 2022, ҷониби Тоҷикистон чандин мавриди интиқоли техникаи ҳарбӣ, силоҳҳои вазнин ва нирӯҳои ҳарбии иловагиро ба самти манотиқи марзӣ сабт кардааст. Аз ҷумла:

— 1 октябр, соати 17:15, аз деҳаи Кӯктош ба самти минтақаи аҳолинишини Ӯртабуз ва ноҳияи Лайлак интиқоли техникаи зиреҳпӯши ҳарбӣ сурат гирифтааст (Акси №1).

— Шаби 4 ба 5 октябр, дар қисмати чапи истгоҳи обтақсимкунии “Сарбанд” (“Головной”) ҷониби Қирғизистон барои ҷобаҷо кардани техникаи зиреҳпӯши зарбӣ ва миномётҳо паноҳгоҳи бараш то 20 метр ва чуқуриаш то 6 метр кандааст.

— 7 октябр дар мавзеъҳои Сиёҳкӯҳ ва Дусангаи деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфара хандақҳои аз ҷониби ҳарбиёни қирғиз кандашуда мушоҳида шуданд.

—  7 октябр таҳти роҳбарии мансабдорони ҷамоати Оқсойи ноҳияи Бодканд 15 ҳарбии нирӯҳои вижаи Қирғизистон бо як мошини боркаши КАМАЗ омада, худсарона посгоҳи марзӣ гузоштанд. Ҳайъати шахсии ин посгоҳи марзиро дар хонаи сокини ҷамоати Ворух Бобоев Б., ки соли 2018 шаҳрванди Қирғизистон ишғол карда буданд, ҷобаҷо кардаанд.

— 11 октябр дар ҳудуди минтақаи ҳифозатии заставаи марзии “Санҷидзор” ва водозабор ё истгоҳи оби  “Хоҷабоқирғон-2”-и қисми ҳарбии 0214 раёсати қӯшунҳои марзбонии вилояти Суғд чанд вагон гузошта шуд, ки онҳо барои ҷобаҷо кардани ҳарбиён пешбинӣ шудаанд (Акси №2).

— 13 октябр дар наздикии роҳи алтернативии Оқсой – Равот – Лайлак як хона гузошта шуд, ки ҳамчун посгоҳи милитсияи Қирғизистон истифода мешавад.

— 13 октябр ҳарбиёни Қирғизистон бар хилофи банди “г” Протоколи №42 дар роҳи Исфара – Ворух дар деҳаи Оқсой посгоҳи доимӣ гузоштанд (Акси №3).

Дар шаҳраки Максат ҳарбиёни Қирғизистон 5 сангари ҷангии бо оҳану бетон тақвиятшуда гузоштанд (Акси №4).

Марзбонони тоҷик афзоиши машқҳои ҳарбиро аломати дигари мақсадҳои нодӯстонаи ҷониби Қирғизистон номида, ҳамунин аз идомаи ҳамлаҳои иттиллотӣ ба зидди Тоҷикистон дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла фаъолона доман задани хабарҳо дар бораи харидорӣ ва озмоиши ҳавопаймоҳои бесарнишин дар матбуоти Қирғизистон хабар медиҳанд.

Ҳамин тавр, сокинони рустои Оқсой бо 3500 аҳолӣ ба он айбдор мешаванд, ки муддати мадиде ба таври мунтазам ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва воситаҳои нақлиёти онҳо ҳамла оварда, ягона роҳ ба тарафи ҷамоати Ворухро мебанданд ва 45 ҳазор сокини ин ҷамоатро дар инзивоъ қарор дода, ҳуқуқи онҳоро поймол мекунанд. Аз ҷумла:

— Рӯзи 14 сентябр аз сӯи шаҳрванди Қирғизистон бе ягон сабаб сокини деҳаи Хоҷаи Аъло Маҳкамов С.К. латтукӯб шуд.

— 26 сентябр аз тарафи хонаи сокини маҳаллаи Кӯктоши ҷамоати Оқсой ба сӯи хонаҳои №289 ва №295, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон Ӯзбекова М. ва Самадова А. тааллуқ доранд, ду гранатаи дастии РГД-5 партофтаанд. Дар натиҷа, шаҳрванди Тоҷикистон Олимов Қудратулло осеб дид. Ин ҳолатҳои мутахассисони Барномаи миначинии “FSD” сабт кардаанд (Акси №5).

— Ҳамин рӯзи 26 сентябр як гуруҳи шаҳрванди Қирғизистон хонаи шаҳрванди Тоҷикистон Валиев Н.Н.ро, ки дар канори роҳи Мақсат-Жани-Жер  дар деҳаи Қалъачаи ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи  Б.Ғафурови вилояти Суғди ҶТ ҷойгир шудааст, сӯзонданд.

— 26, 27 ва 28 сентябр  сокинони деҳаи Бақайи ҷамоати Оқсойи ноҳияи Бодканд бе ягон сабаб хонаҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро дар маҳаллаи Тоҷикони ҷамоати Ворухи ш. Исфара сангборон карданд.

—  30 сентябр аз хонаи сокини маҳаллаи Кӯктоши ҷамоати Аслам, аз ҷониби Қирғизистон хонаи сокини деҳаи Сомониёни Болои ҷамоати Ворухи ш. Исфара Раззоқов А. ва қаламрави мактаби миёнаи №64 сангборон карда шуд.

— 1 октябр  шаҳрвандони Қирғизистон хонаи шаҳрванди Тоҷикистон Мамаризоева М.А.ро сӯзонданд. Ду рӯз пеш аз ин ҳодиса аз ҷониби ҳарбиёни Қирғизистон ба тарафи писари ҷабрдида Давлатов Д.И.   таҳдид шуда буд, ки онҳо чунин як нақша доранд.

—  2 октябр  сокини деҳаи Кӯчаи болои ҷамоати Ворух Нарзиев Н.Б., ки бо мошини шахсиаш тавассути деҳаи Оқсой мегузашт, ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Дар натиҷа мошини ӯ, тамғаи “Шкода”, рақами давлатиаш 9451WD02 осеб дидааст (Акси №6).

— 3 октябр ҳарбиёни қӯшунҳои марзбонии Қирғизистон, ки дар посгоҳи марзии Мақсат адои хидмат мекарданд, сохтмончиёни тоҷикро, ки барои барқарор кардани иншооти харобшуда дар кӯчаи Баҳори деҳаи Қалъачаи ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи  Б.Ғафуров ҷалб шуда буданд, таҳрик додаанд;

— 8 октябр мошини тамғаи “Мерседес-Спринтер”,  рақами давлатиаш 3170ТТ02, ки ба сокини деҳаи Гулистони ҷамоати Ворух Насридинов М.Т. тааллуқ дорад, ҳадафи ҳамла қарор гирифт.

— 10 октябр мошини тамғаи КамАЗ, рақами давлатиаш 4934КН02, ки бо роҳи Исфара-Ворух ҳаракат дошт, ҳадафи ҳамла қарор гирифт.  (Акси №7).

— 10 октябр ҷониби Қирғизистон ба таври ғайрионунӣ роҳи тарафи бригадаи №16 кооперативи «Чоркӯҳ»ро дар канори мавзеи Мазорбошии ҷамоати Самарқандак баста.

— 13 октябр  ҳангоми гузаштан аз ҷамоати Оқсой мошини шаҳрванди Тоҷикистон, тамғаи “Мерседес-Спринтер”, рақамаш 0735ТТ02 ҳадафи ҳамла қарор гирифт.

— 15 октябр, мошини шаҳрванди Тоҷикистон Тӯронбоев М.З., рақамаш 9982НР02  дар роҳ ба сӯи ҷамоати Ворух аз ҷониби ҳарбиёни Қирғизистон ғайриқонунӣ барои тафтиш манъ карда шуд.

— 18 октябр шаҳрванди Тоҷикистон Абдуллозода Ф. аз ҷониби ҳарбиёни Қирғизистон таҳти тафтиши ғайриқонунӣ ва таҳқир қарор гирифт.

— 18 октябр як гуруҳи сокинони деҳаи Оқсой дар ҳолати мастӣ ба мошинҳои сокинони ҷамоати Ворух Болтаев Ш.Х. (рақамаш 0100СН02), Турсунов А.И. (рақамаш 8950СЕ02) ва Мансуров Д.А. (рақамаш 1643РР02) ҳамла кардаанд. Дар натиҷа, кӯдаки 9-сола осеб дид (Акси №8).

Раёсати марзбонии вилояти Суғд ин мавридҳоро исботи ошкори амалҳои ҳадафмандонаи ҷониби Қирғизистон ба сӯи ташаннуҷи вазъ дар марз, таҳрики муноқишаҳои нав ва барангехтани кинаву адовати қавмӣ номида, гуфт, ҷониби Тоҷикистон бидуни каму кост бар тавофуқоти ҳосилшуда амал мекунад ва ба ҳалли мушкилоти мавҷуда аз тариқи роҳҳои дипломатӣ пойбанд аст. Раёсати марзбонии вилояти Суғд аз мақомоти ҳарбии Қирғизистон хостааст, ки аз чунин амалҳои иғвоангез пешгирӣ карда, ҷиҳати иҷрои протоколҳои имзошуда ва таъмини ҳаёти орому осуда дар манотиқи марзӣ тамоми чораҳои лозимро бияндешанд.

АКСҲО АЗ РАЁСАТИ МАРЗБОНИИ ВИЛОЯТИ СУҒД    

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button