Хабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУЧАРХАРОН ДАР ИСФАРА ВА ҶАРИМАИ УСТОИ РАНГУБОРИ МОШИН ДАР ДУШАНБЕ

Субҳи 18 октябр, тахминан соати 07:50, як дучархарони 63сола дар  шаҳри Исфара зери чархи мошини “Опел” монда, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. ВКД гуфт, ронандаи “Опел” “бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавонист”.

хххххххххх

Бар асоси шикояти сокинон, дар Душанбе корманди як устои рангубори мошинро, ки садои гӯшхароши дастгоҳҳои ҷои кораш оромии шаҳрвандонро халалдор месохт, ҷарима бастаанд.

Ҳалокати дучархарон дар пайи садамаи нақлиётӣ

002

18-уми октябри соли 2022, тахминан соати 07:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Маърупов Абдурозиқ Баширович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат дар дохили шаҳри мазкур бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучархарон Муъминов Абдуаҳад Маҷидович, соли таваллудаш 1959, сокини ҳамин шаҳрро, ки аз тарафи чап ба рости роҳ мегузашт, пахш намудааст. Дар натиҷа, дучархарон Муъминов А.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳолат таҳқиқот идома дорад.

Ҷаримабандии корманди нуқтаи таъмири нақлиёт, барои вайрон намудани тартибот

  Дар асоси муроҷиати шаҳрвандон, аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе шаҳрванд Сафаров Нуриддин Маҳмадалиевич, санаи таваллудаш 14.12.1981, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ, деҳаи Бурёбоф барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва дар нимашабӣ халалдор сохтани оромии шаҳрвандон, дастгир карда шуд.
  Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда дар нуқтаи таъмири нақлиёт, воқеъ дар кӯчаи Борбади ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба ҳайси рангуборчии воситаҳои нақлиёт кору фаъолият намуда, зимни анҷоми корҳои таъмири нақлиёт пайваста реҷаи кориро вайрон ва то нимашабӣ фаъолият мекардааст. Чуноне аз наворҳои ирсол намудаи шаҳрвандон дида мешавад, садои баланду гушхароши дастгоҳҳои устохона зимни истифодабарӣ оромии шабонаи сокинони биноҳои атрофро халалдор сохта, боиси нороҳатӣ ва эроди шаҳрвандон гардидааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Сафаров Нуриддин протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шуд. Ҳамзамон, ҷиҳати минбаъд ба чунин ҳуқуқвайронкунӣ даст назадан, ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button