ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

РОНАНДАИ ТАКСИРО ДАР ДУШАНБЕ БАРОИ ДАҒАЛӢ ВА ТАҲҚИРИ ЯК ЗАН ҶАЗО ДОДАНД (3 АКС)

Милитсияи пойтахти Тоҷикистон   рӯзи 22 августи соли 2022 хабар дод, ки дар асоси муроҷиати электронии як сокини шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия, шаҳрванд Мирамбахшов Дӯстмуҳаммад Карамшоевич, санаи таваллудаш 15.02.1977, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷ.Балхӣ,  ронандаи такси дар ширкати ҶДММ «Талко Персия» дастгир карда шуд.

Худи Мирамбахшов барои шарҳи ин моҷаро дастрас нест, вале бино ба гузориши маркази матбуои милитсияи Душанбе, “зимни санҷиш муайян гардид, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Шевроле», рақамҳои қайди давлатиаш 68 74 ТТ 05, Дӯстмуҳаммад Мирамбахшов зимни фаъолияти корӣ нисбати мусофирзани муроҷиаткунанда дағалрафторӣ намуда, бо алфози қабеҳ шаъну шарафи ӯро паст задааст. Ҳамзамон, кирдори зиддиҳуқуқии содирнамудаи номбурда, дар аксу наворҳои ба мақомоти милитсия ирсол намудаи шаҳрванд, пурра исботи худро ёфтанд”.

Вобаста ба ин ҳолат нисбат ба Мирамбахшов Дӯстмуҳаммад тибқи модаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  нисбат ба вай ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7-нишондиҳанда барои ҳисобҳо (448 сомонӣ) татбиқ карда шудааст.

Вақтҳои охир мавридҳои бар асоси шикоятҳои занону духтарон барои “гаппартоӣ” ва дигар шаклҳои бадрафторию озори онҳо ба ҳабс кашондани ҷавонон дар Душанбе зиёд шудааст. Милитсияи пойтахт тақрибан ҳар моҳ аз боздошту ҳабси чанд ҷавон бар асоси шикоятҳои занону духтарон хабар медиҳад.

Аз ҷумла ҳафтаи гузашта милитсияи шаҳри Душанбе хабар дод, ки Соибов Фирдавс ном як ҷавони 23-соларо барои суханони қабеҳ ва “ишораҳои ғайриахлоқӣ” нисбат ба як духтари ҷавон дар  назди маркази савдои «Садбарг» ба ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз маҳкум карданд.

Дар поёни моҳи июл як ронандаи таксии 1111 барои бо алфози қабеҳ таҳқир кардани як ҷавонзан аз кӯчаи Ҳувайдуллоев ба 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум карда шуд.

Дар аввали моҳи май як ҷавони 23-сола аз ноҳияи Рӯдакиро барои бадрафторӣ нисбат ба як духтари ҷавон дар рӯзи иди Фитр ба 10 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум карданд. Гуфта мешуд, ки ин ҷавон бо мошини ВАЗ-21010 ҳангоми ҳаракат дар роҳ бетартибӣ намуда, нисбат ба як духтари ҷавони роҳгузар беэҳтиромӣ нишон додааст. Бино ба иттилои нашршуда, ронанда ба қисмати қафои бадани духтар бо шаппотӣ зада, ӯро мавриди масхара қарор додааcт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button