ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: СӮХТОРИ МАРГБОРИ МОШИНИ ПУРИ БЕНЗИН ДАР ЧОРБЕД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 15 августи соли 2022, тахминан соати 22:10 бар асари даргирифтани як мошини бензинкаш  дар  канори як нуқтаи сӯзишворӣ дар ҷамоати деҳоти Чорбеди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як сокини кӯчаи Заҳматобод, ки дар нуқтаи фурӯши маводи сӯхт кор мкард, ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ҷамоати Чорбед қаблан ба ноҳияи Варзоб дохил мешуд.

Бино ба гузориши сардори бахши ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Варзоб, як мошини тамғаи КАМАЗ, ки мутааллиқ ба ҶДММ “Соро ойл” будаву бензин мекашид, дар назди ошхонаи “Давлатовҳо” дар ҷамоати Чорбед ба сабабҳои номаълум оташ гирифт. Оташ ба ошхона расидаву ин  биноро пурра ба коми худ кашидааст. Ба иттилои сардори бахши ҳолатҳои фавқулодда, дар ин сӯхтор як корманди нуқтаи таъмини сӯзишворӣ ба ҳалокат расида, ду шаҳрванди дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол дода шудаанд. 

Шахси фавтида сокини кӯчаи Заҳматободи шаҳри Душанбе буда, 28 сол доштааст.

Ҷароҳатбардоштагон яке сокини 42-солаи ҷамоати деҳоти Харангони ноҳияи Варзоб ва дуюмӣ сокини деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Сомони ноҳияи Ҳисор буда, 45 сол доштааст.

Аввалӣ 92% аъзои баданаш дар ин сӯхтор сӯхтаву дуюмӣ бо 44 дарсад бадани сӯхта бистарӣ карда шудаааст. Ҳоли сокини Харангонро духтурон вазнин арзёбӣ мекунанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабаби сар задани сӯхторро таҳқиқ мекунанд. 

Канали Парвиз ТВ аз маҳалли ин ҳодиса як видео нашр кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button