ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

БАРОН БО АБДУРОЗИҚ ОШТӢ КАРД? (ВИДЕО)

Барон (Маҷидиён Беҳрӯз Шарифӣ), рэпсаро ва продюсери ҷавони тоҷик, ки рӯзи 15 августи соли 2022 аз сафараш ба Дубай хабар дод, баробари расидан ба Имороти Муттаҳидаи Араб видеоеро  ҳамроҳ бо дастпарвараш Абдурозиқ нашр кард.

Дар видео дида мешавад, ки Барон ва Абдурозиқ, ки моҳи ноябри соли 2021 бо ҷанҷол аз якдигар ҷудо шуданд, дар як ошхона нишастаанду бо ҳам шӯхию ханда мекунанд.

– Ту фикр кардӣ, ки ман дигар намеёбамат? – мепурсад Барон аз Абдурозиқ.

– Боз шӯхӣ карда истодаӣ? – бо ханда ҷавобаш медиҳад шогирди собиқи Барон, ки корду чангак дар даст тарбуз хӯрда истодааст.

– Дар радио баровардӣ, ки ту маро кидат кардаӣ. Чӣ гап аст ин?

– Чӣ медонам ман?

– Ман туро кидат кардам! Чӣ мегӯӣ?

– Ҳа, шумо кидат кардед, Хуҷанд рафтед, ким-куҷо рафтед, – ҷавоб медиҳад Абдурозиқ ва шӯхиомез бо корду чангаки дасташ ба тарафи Барон таҳдид мекунад.

Аз лаҳни суҳбатҳои пур аз шӯхию хандаи устоду шогирд бармеояд, ки онҳо баъди 9 моҳи қаҳру ҷудоӣ бо ҳамдигар забони оштӣ ёфтаанд.

Барон дар ин бора тафсилоти дигар надодааст ва дар зери ин видео навиштааст, ки “мунтазир шавед, ҳамаашро мефаҳмонам”.

4 рӯз пеш аз ин Барон бо нашри акси муштараки ӯву Абдурозиқ дар Инстаграмаш  маънидорона навишта буд, ки “ба наздикӣ чӣ гапе мешавад”.

Бисёриҳо аз шунидани хабари оштии Барону Абдурозиқ изҳори шодӣ кардаанд. Яке бо шӯхӣ ба Барон навиштааст, ки “ин дафъа, ки қапидиаш, дигар сараш нате, дар кисаат биандозу бигиру биораш ба Тоҷикистон!”

Ва аммо оштии намоишкоронаи Барону Абдурозиқ ин гумонҳоро низ дигарбора зинда кард, ки ё ҷанги ҳарду дар як соли пеш ҳайп буд, яъне бозии сохта буд, ё оштии ҳозираашон?

Ва дар ҳақиқат, рӯзи 16 август, баъди сару садои зиёди видеои оштияш бо Абдурозиқ, Барон бо нашри як видеои дигар дар Инстаграм иқрор кард, ки ин хабар ҳайп буд ва видео аз моҳи ноябри соли 2021, ҳанӯз пеш аз пурра ҷудо шудани ӯ аз Абдурозиқ буд.

Абдурозиқ, як овозхони ҷавони зодаи Панҷакент аст, ки 19 сол ва ҳамагӣ  1 метр қаду 18 кило вазн дорад. Ӯ бо сурудхониаш дар бозори Панҷакент ном баровард ва соли 2019 Барон Абдурозиқро ба Душанбе оварда, таронаҳояшро тавассути студия ва канали “Авлод Медиа” сабт ва нашр кард. Онтаронаҳои Абдурозиқ дар Ютуб ҳар кадом  то чанд миллион тамошобин ҷамъ оварданд.

Шуҳрати ин овозхони навраси тоҷик як сол пеш дар пайи эълони ҷангаш бо блогери низ хурдҷусса аз Доғистон Хасбулло (Хасбик) ба берун аз Тоҷикистон роҳ ёфт. Он ҷанг дар ниҳоят доир нашуд, вале овозаи Абдурозик чунон оламшумул шуд, ки ӯро акнун ба ҷашну тантанаҳои байналмилалӣ даъват мекардандд ва ҳатто ошпази машҳури турк Бурак бо Абдурозиқ якҷо гамбургери бузурге пухт, ки аз Абдурозиқ ҳам калонтар буд. Моҳи августи соли 2021 мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб ба Абдурозиқ визаи тиллоӣ тақдим карданд. Ӯ бо ин виза метавонад 10 сол дар ҳудуди Иморот, аз ҷумла дар Дубай ва Абу Забӣ бидуни виза кору иқомат кунад.

Моҳи ноябри соли 2021 Абдурозиқ аз продюсери аввалинаш Барон, ба қавле “канда” кард ва корро бо продюсерҳои дигар дар Дубай оғоз кард. Барон аввал Абдурозиқро ба “хиёнат ба бародарони тоҷикаш” айбдор кард, Абдурозиқ дар ҷавоб Баронро айбдор кард, ки пули ӯро пурра намедод. 

Ҷудоии байни Барону Абдурозиқ дар он шабу рӯз ба яке аз мавзӯъҳои аввали вирди забони мардум ва матбуот табдил ёфта буд. Бархе аз Абдурозиқ интиқод мекарданд, ки набояд ба устодаш, ки ӯро ба саҳна овард, хиёнат мекард. Гуруҳи дигар аз Барон хостанд, ки Абдурозиқро раҳо кунад ва имкон бидиҳад, ки худро дар арсаи байналмилалӣ бисанҷад.

Вақте ки ин ҷанҷол тоза авҷ мегирифт, Барон аз ҳама хост, ки ба ин қазия нуқтаи таммат гузоранд ва шогирди собиқи ӯро дигар мазаммат накунанд.

Дар ин як соле ки гузашт, ки Абдурозиқ дар як клипи Моргенштерн нақш иҷро кард ва бино ба хабарҳо, ҳоло дар як филми  нави ҳиндӣ бо номи шартии “Бародар” ҳамроҳ бо ситораи машҳури Болливуд Салмон Хон бозӣ мекунад. Ҳамин тавр, ӯ аксҳои муштаракаш бо шаҳрдори Лондон Содиқ Хон, ситораи футбол Роналду ва чандин шахсияти дигари машҳурро нашр кард, вале дигар дар ин як сол ягон клипи нав сабт накард. Маълум нест, ки ӯ ҳоло дар Дубай чӣ кор мекунад?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button